Интихобот чун унсури давлати демократӣ дар ҳифзу амалинамоии ҳуқуқҳои инсон мақом ва нақши бориз дорад. Интихобот аз ибтидои мавҷудияти хеш вазифаи ташаккули ҳокимияти ҳалқ ва ҳимояи манфиятҳои љомеаро иҷро намудаасту менамояд. Дар ҷомеаи мутамаддин интихобот аз ҳар вақта дида бештар ин вазифаро иҷро менамояд. Рушду инкишофи равандҳои гуногунии ҷомеа аз чунин маъракаи муҳимми сиёсӣ вобастагї дорад. Дар давлатҳои демократӣ, интихобот василаи таъмину такмил ва таҷдиди сохторҳои сиёсию ҷамъиятӣ мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки интихобот сабаби рушди давлат ва ташаккулу инкишофи ҷомеаҳои мутамаддин мегардад. Одамон маҳз ба воситаи интихобот метавонанд ҳуқуқу озодиҳои хешро дар амал татбиқ намоянд. Дар воқеъ, ки интихобот унсури асосӣ ва муҳимми сиёсат аст, дар инкишофи муттасили ҷомеа мақом ва нақши муҳим дорад.
Дар шароити муосир ва марҳалаи ҷаҳонишавӣ ба таври самаранок идоранамоии давлат кори басо муҳим ва ҳасос буда, аз ниҳодҳои сиёсии давлат фаъолияти мунтазам ва ҷиддиро талаб менамояд. Дар ин раванд нақши қонунҳо, ки дар давлат ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳо баромад менамоянд хеле муҳим аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ ва заминаи муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, меъёрҳои бунёдӣ ва муҳимми ташаккулу рушди ҷомеаи демократиро дар худ фаро гирифтааст. Конститутсия халқро ҳамчун сарчашмаи асосӣ ва ягонаи ҳокимият эътироф намудааст. Чунон, ки дар моддаи 6 Конститутсия дарҷ гардидааст:
“Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.”
Таъкид намудан ба маврид аст, ки тартиби ташкил ва баргузор намудани интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро санадҳои меъёрию ҳуқуқии мушаххас ба танзим медароранд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар љумҳурї як қатор санадҳои махсусе ба имзо расидаанд, ки баргузории маъракаи интихоботро дар мамлакат ба низом медароранд. Дар ин раванд нақши Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ” ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳимме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст хеле муассир аст.
Ҳамзамон тибқи муқаррароти пешбининамудаи қисми сеюми модаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия ва санадњои меъёри њуќуќї, ҳуқуқи интихобшуданро дорад. Аз ин лиҳоз мувофиқи муқаррароти ин модда ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба интихоби намояндаи худ дар Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллиро дорад.
Интихобот ҳамчун падида шакли зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб намоёд, ё худ мавриди интихоби дигарон қарор гирад ва ба василаи интихобот ба ҳокимияти марҳилаҳои сиёсӣ ворид гардад.
Маврид ба таъкид аст, ки раванди интихобот аз марҳилаҳои гуногун иборат аст. Як љињати муҳимми баргузории интихобот раванди омодагӣ ба он аст. Дар раванди омодагӣ ба интихобот нақши комиссияҳои интихоботӣ хеле бузург аст. Маҳз комиссияҳои интихоботӣ ҳамчун мақомоти пешбари интихобот дар эълон, бақайдгирӣ ва ташкили ҳавзаҳои интихобтӣ бевосита иштирок намуда, ҳамчунин онро назорат менамоянд. Муҳим аст, қайд кардан, ки омодагӣ ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад. Чунин ҷиҳати баргузории интихобот принсипи шаффофиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Дар раванди интихобот яке аз марҳилаи ҳассос ва муҳим раванди иштирок ва раъйдиҳӣ ба номзадҳо мебошад. Дар ин марҳала ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба номзади мувофиқи худ ба таври пинҳонӣ ва озод раъй ё овози худро диҳад. Дахолат накардан ба ҳуқуқи овоздиҳии шахс яке аз принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи овоздиҳӣ принсипи баробарӣ хеле аҳамиятнок аст. Яъне ҳама шаҳрвандон аз роҳбарон сар карда то шаҳрвандони қаторие, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд тибқи принсипи “Як шахс – як овоз” дар интихобот ширкат меварзанд. Ба ҳамин хотир ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзад. Фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон боиси ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани интихобот дар ҷомеа мегардад.
Марҳалаи дигаре, ки дар раванди маъракаи интихоботӣ муҳим аст, марҳилаи натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйҳои додашуда ба номзадон аст. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэтимоди номзадон ва воситаҳои ахбори омма муњим аст. Чун онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат менамоянд. Нозирон, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои назорати маъракаи интихоботӣ сафарбар карда мешаванд вазифаи назорат карданро иҷро менамоянд.
Ниҳоят, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳимми интихобтӣ қарор дорад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурї баргузор намудан ва даъвати интихоботкунандагон ба интихоботи дарпешистода дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурї шиору овезаҳо овехта шудаанд. Ҳамчунин дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани интихобот мутасаддиёни соҳаҳои гуногунро дар њавзаҳои интихоботии масъул гузоштаанд ва онҳо дар гузаронидани ин чорабиниҳо алакай таҷрибаро аз солҳои қаблӣ омўхтаанд.
Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёӣ фаъолона ширкат варзида, раъйи худро ба номзади арзандаи худ диҳанд ва дар рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузоранд, зеро иштироки фаъоли шаҳрванд дар интихобот ва раъйи вай ояндаи рушди давлатро муайян мекунад.
Хусрав Ализода,
корманди Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон