ИМЗОИ САНАДҲОИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ ЧИН
Санаи 28 майи соли 2025 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо раиси Шурои Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин (CUPL) Сиан Сзэтин баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми равобити ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи мулоқот ду санади муҳимми ҳамкорӣ — Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва Нақшаи амал, ки ба рушди робитаҳои муштарак нигаронида шудааст, ба имзо расид.
Санадҳои мазкур доираи васеи самтҳои ҳамкорӣ, ба монанди татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, табодули академӣ, ташкили чорабиниҳои илмӣ — амалӣ, татбиқи барномаҳои таълимии кӯтоҳмуддат, табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳоро дар бар мегиранд. Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди устувор дар заминаи мушкилоти муосири ҷаҳонӣ дода шуд. Ҷонибҳо зарурати тавсеаи муколамаи кушоди илмӣ ва тақвияти мутақобилаи иқтидори тадқиқотиро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки татбиқи созишномаҳои баимзорасида барои шарикии дарозмуддат байни ниҳодҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Чин заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, имзои санадҳои мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон