МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ШОҲИГАРИИ НИДЕРЛАНДИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 28 майи соли 2025 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Нидерландия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Нико Шермерс баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ — тадқиқотӣ, густариши табодули фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин дурнамои баргузории чорабиниҳои муштараки таҳлилиро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқоти мазкур ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об бо иштироки муассисаҳои тадқиқотии ду кишвар дар лоиҳаҳое, ки ба рушди устувор нигаронида шудаанд, диққати махсус дода шуд. Дар ин замина, аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба идоракунии устувори захираҳои об, ки дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Шоҳигарии Нидерландия пайваста дастгирӣ меёбад, таъкид гардид.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи Марказ барои ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ бо марказҳои тадқиқоти стратегии Нидерландия, имкониятҳои барқарор намудани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои таҳлилии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳар ду ҷониб барои амиқтар намудани муколама оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, хатарҳои иқлимӣ ва тағйирёбии геосиёсӣ омодагии худро изҳорнамуданд.

Сафир Шермерс таваҷҷуҳи худро барои густариш додани муносибатҳо бо Тоҷикистон иброз намуда, дар ин самт аҳамияти муколамаи стратегии байни марказҳои таҳлилиро махсусан қайд намуд.

Дар навбати худ, директори Марказ омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат бо муассисаҳои пешрафтаи илмии Нидерландия изҳор дошт.

Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

 

Хадамоти матбуотии
 Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон