БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ПОДШОҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ АЗ МАҶМААИ МЕЪМОРИИ «ИСТИҚЛОЛ»
24 апрели соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати Институти таҳқиқоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал, ки таҳти роҳбарии доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ қарор дошт, экскурсияро ба маҷмааи меъмории «Истиқлол» ташкил намуд.
Дар доираи экскурсия ба майдони «Истиқлол» меҳмонон аз ёдгории асосии он – «Бурҷи Истиқлол» боздид намуданд. Муаррифии намоишгоҳи бурҷ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба меҳмонон гуногунрангӣ ва ғановати фарҳанги тоҷикро намоиш дода шуд. Ба таваҷҷуҳи ҳайат гӯшаҳое, ки ба либоси миллӣ, туҳфаҳо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, сангҳо, созҳои мусиқӣ, тахти рамзии Исмоили Сомонӣ, осори санъат, Осорхонаи шаҳри Душанбе ва кинотеатри муосири 5D бахшида шудаанд, муаррифӣ карда шуданд.
Илова бар ин, дар баландии 91-метрии «Бурҷи Истиқлол», ки дорои майдони махсуси тамошобоб аст ва аз он ҷо манзараи зебои шаҳри Душанбе намоён аст, меҳмонони воломақом имкон пайдо карданд, ки бо пойтахти босуръат рушдёбандаи кишвари мо ва симои муосири он шинос шаванд ва ба сатҳи баланди рушди он эътимод ҳосил намоянд.
Майдони «Истиқлол», ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст, ба меҳмонони саудӣ таассуроти хеле хуб гузошт.
Ҳамин тариқ, намояндагони воломақоми Институти таҳқиқоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал бо таърих, фарҳанг, ва бозёфтҳои миллати тоҷик шиносоии амиқ пайдо намуданд.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон