ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР НАХУСТИН ФОРУМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ КИШВАРҲОИ ХАЛИҶ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Рӯзҳои 21-22 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) нахустин Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс (GCC)» баргузор гардид.
Форум дар арафаи Саммити дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва GCC, ки 5 май дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, барпо гардид.
Ташкилкунандагони форум Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (МИЦА) ва Бунёди таҳқиқотии “Bourse and Bazaar” буда, барномаи он ба таҳкими муколама ва рушди ҳамкориҳои амалӣ байни ду минтақа бахшида шуда буд. Дар чорабинии мазкур беш аз 40 коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс иштирок намуданд, аз ҷумла роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилӣ ва намояндагони ниҳодҳои сиёсию дипломатӣ.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар Форум муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода иштирок намуд. Ӯ дар бахши шашуми ҳамоиш “Чӣ гуна робитаҳои байни одамонро амиқтар кардан мумкин аст” дар мавзуи «Тоҷикистон: самтҳои афзалиятнок барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд» суханронӣ намуд.
Зимни маърузаи худ, мавсуф таъкид кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегӣ ба марҳалаи нави рушд баромад. Бо дарназардошти ин, таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва кишварҳои Халиҷи Форс муҳим дониста шуда, имконоти рушд дар арсаҳои мухталиф рушди бемайлонро тақозо мекунад».
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон