Рӯзи 31-уми августи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонии шаҳри Душанбе конфроси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “31 қадами устувор дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид. Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо суханронии муқаддимавӣ таҳти унвони “31 қадами устувор дар рушди бонизоми мамлакат” ифтитоҳ намуда, чунин иброз дошт: “31 соли соҳибистиқлолӣ барои давлату миллати тоҷиқ 31 қадами устувор дар рушди бонизоми кишвар арзёбӣ гашта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат махсусан муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд.”

Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, “Истиқлолияти давлатиро муқаддастарин арзиш барои миллати тоҷик арзёби намуда, густариши арзишҳои истиқлолиятро дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат қайд намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудааст.  Инчунин, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати сарнаиштсози Роҳбари ҲХДТ мебошад”.

Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо  кумитаи марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ХХДТ як қатор корҳоро ба анҷом расонида, дар тарғиби арзишҳои миллӣ, татбиқи «Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025» ва амалишавии барномаҳои дигари давлатӣ саҳми муносиб гузошт.

Дар идомаи конфронс муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Баротов Исроил дар мавзӯи “Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” суханронӣ намуда, Истиқлолияти сиёсиро манфиати ҳаётан муҳими мамлакат ва муҳимтарин рукни давлатдории миллии тоҷикон арзёбӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ махсусан муҳим қайд намуд.

Ҳамчунин муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Ашуров Алиназар дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон” баромад намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Шарипов Сайҳомид дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикитон махсусан муҳим арзёбӣ намуд.

Дар охир ба як қатор фаъолони узви ташкилоти ибтидоии «Стратег», ки онҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа дар шароити пуртазоди ҷангҳои иттилоотӣ нақши назаррас доранд, сипосномаҳо тақдим гардид.

Ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳамкориҳои судманд, татбиқи сиёсати созандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мафкураи миллӣ, арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба ифтихори 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед