Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1038
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2504
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26030
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479066
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҳқиқот
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ЗАМИНАГУЗОРИ АСОСИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

01.11.2018

Имсол аз қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» 27 сол сипарӣ мегардад. Яъне бисту ҳатфт сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини

Таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро таҳлил ва мавриди арзёбӣ қарор медиҳем.

Тавре ки аён аст, баъди касби истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуд, зеро дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид. Агар мо ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар солҳои аввли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, дар ин

Муфассал...
 
04.09.2017, САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИНКИШОФИ БАХШИ ХУСУСӢ

Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳони муосир, истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисоди-иҷтимоӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ва сиёсати иқтисодии он маҳсуб меёбад. Бешубҳа, тақвияти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи бахши хусусӣ омили муҳимтарини расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад.

Дар замони соҳибистиқлоли мамлакат барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар

Муфассал...
 
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ДАСТГИРИИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Ф.М. Муминова,

номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734025. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ 40, тел. 2 21-81-97

Дастовардҳою самтгирии рушди кишварамон бевосита бо ташаббус ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишварамон дар шароити ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи гузариши низоми идораи хоҷагии халқи кишварамон дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ интихоб намуд. Ҳанӯз соли 1996 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намуда буданд: «Ислоҳоти куллии иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳи бебозгашт аст».

Ҳоло аз қуллаҳои баланди дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нигарем, бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани бисёр мушкилоту монеаҳо дар таъмини рушд, бо бунёди таҳкурсии устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ; шароитҳои муҳими рушд: таъмини истиқлолияти энергетикию амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун афзалиятҳои стратегӣ; низоми пешбурди ислоҳот дар шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шудаст.

Ба мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995–2000 шурӯъ намуд, ки онро барномаҳои иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор иваз намуданд. Бо қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои рушди бахшу соҳаҳо ислоҳоти сохторӣ ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд.

Муфассал... НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ДАСТГИРИИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ.PDF Download

 
АУДИТИ КАДРӢ – ВОСИТАИ МУҲИМТАРИНИ КОҲИШИ ХАТАР ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТ

А.И. Одинаев, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АУДИТИ КАДРӢ – ВОСИТАИ МУҲИМТАРИНИ КОҲИШИ ХАТАР ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТ

Шакли асосии активҳои ғайримоддӣ, ки қобилият ба рушдро такмил медиҳад, сармояи инсонӣ мебошад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки рушди ҳар як ташкилот на танҳо аз истифодаи самараноки захираҳои берунӣ (сармоягузорӣ, қарз, лоиҳаҳои муштарак), балки аз захираҳои дохилӣ низ иборат мебошад. Тавре ки маълум аст, яке аз захираҳои асосии дохилии ширкат кормандони он мебошад. Аз ин рӯ, арзёбии самаранокии идоракунии кормандон ва равандҳои алоҳида дар доираи ин низом байни назариётгарон ва амалиягарон хеле муҳим аст.

Муфассал...
 

Вазъ ва проблемаҳои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (гузориш аз натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ)

Аналитическая записка по новому Налоговому кодексу Республики Таджикиста.doc

Мадумаров У.Я.-Статья-Конфронси сохибкории истехсоли-апрели соли 2012.doc

Макроэкономические условия развития предпринимательства1.ppt

О РАЗВИТИИ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА ПО ВЫПУСКУ ИЗДЕЛИЙ ДЛЯ ДЕТЕЙ.doc

Управление исследования проблем предпринимательства и развития частного .doc