Асосӣ: Маркази матбуот САЙФУЛЛО САФАРОВ: «АТОВУЛЛОЕВ ТЕРРОРИСТ БУДАНИ ҲНИТ-РО ДАРК КАРД»
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1010
mod_vvisit_counterДирӯз1476
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3681
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28644
mod_vvisit_counterҲамагӣ1321311
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
26
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

САЙФУЛЛО САФАРОВ: «АТОВУЛЛОЕВ ТЕРРОРИСТ БУДАНИ ҲНИТ-РО ДАРК КАРД»

15.02.2018

Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон рӯзноманигорон бо пешниҳоди як силсила суолҳои ҷолиб масоили иқтисодиву сиёсӣ ва дохиливу хориҷии кишварро матраҳ карданд, ки муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров ба онҳо посух гуфт.

ПУРСИШ: – Сайфулло Саъдуллоевич, моҳи марти соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин саммити роҳбарони Осиёи Миёна баргузор мегардад. Коршиносон мегӯянд, ки дар заминаи ин саммит миёни кишварҳои Осиёи Миёна як иттиҳод ташкил мешавад, ки боиси ҳамгироии бештари кишварҳои ин минтақа хоҳад шуд. Нисбат ба ин масъала шумо чӣ назар доред?

ПОСУХ: – Мо аз нишасти Остона умеди зиёд дорем ва ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна хушбин ҳастем. Будани як иттиҳод ва вусъат додани ҳамбастагии кишварҳои минтақаро мо 13 сол пеш дар китобе, ки бо ҳаммуаллифии Комилов навиштем, ишора карда будем. Лекин як нозукиро таъкид менамоям, ки Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Миёнаро бисёриҳо намехоҳанд ва бо ин муқовимат

менамоянд. Соли гузашта дар як нишаст мо ин масъаларо бардоштем ва то чӣ андоза мухолиф будани баъзе қувваҳоро эҳсос кардем. Махсусан, ҳарбиҳо ба будани чунин як ҳамбастагӣ зид ҳастанд. Онҳо намехоҳанд, ки интегратсияи Осиёи Миёнаро бинанд. Аммо ин интегратсия на ба Русия, на ба Хитой ва на ба Афғонистон зарар намерасонад, балки ба манфиати онҳо ҳам ҳаст, зеро будани як ҳамбастагӣ барои ҳалли низоъҳо ва мушкилоти дохилии минтақа кумак мекунад. Агар як иттиҳод таъсис ёбад, Осиёи Миёна ҳам барои Русия, ҳам Чин ва ҳам Аврупову Амрико қимати бештар пайдо мекунад.

ПУРСИШ: –Аз сафари қарибулвуқӯи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чӣ интизорӣ доред? ПОСУХ: –Бояд эътироф кунем, ки Шавкат Мирамонович сиёсатмадори ботаҷриба будааст, зеро пеш аз омаданаш ба Тоҷикистон як фазои хубе муҳайё кард. Нахуст, Сарвазири ин кишвар Абдулло Ориповро фиристод ва заминаи бастани шартномаву ҳамкориҳои тарафайнро гузошт. Мо ба сафари Шавкат Мирзиёев хушбин ҳастем ва ба беҳтар шудани ҳамкориҳо умед мебандем.

ПУРСИШ: –Дар нишасти матбуотии соли гузаштаи МТС, ки ба нишасту иттиҳоди мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар Дортмунди Олмон рост омад, шумо ҳамгироии оппозитсияро дар хориҷи кишвар, хатари ҷиддӣ ба амнияти кишвар арзёбӣ карда будед, ки боиси ба вуҷуд омадани сару садои зиёд шуд. Аммо дар ин муддат он иттиҳод натиҷа надод, роҳбари «Ватандор» қаноти худро барҳам дод ва бо ҲНИТ дар мухолифат қарор дорад. Тақдири роҳбараш Додоҷони Атовулло ҳам маълум нест. Ба қарибӣ «Гурӯҳи 24» ҳам аз ҲНИТ (ҳизби мамнуъ дар кишвар) расман ҷудо шуд. Айни ҳол назари шумо нисбат ба таъсири мухолифин ба амнияти кишвар чӣ гуна аст?

ПОСУХ: –Вазифаи МТС он аст, ки бисёр ҳодисаҳоро пеш аз ба вуқӯъ пайвастанашон пешгӯйӣ кунад. Мо аз ҳамон замон бенатиҷа будани иттиҳоди мухолифинро эҳсос мекардем. Аммо нуқтаи назарамонро эълон накардем. Дар ҳақиқат, муттаҳид шудани мухолифин бо ташкилоти террористии ҲНИТ хавфи калонро ба Тоҷикистон ба миён меовараданд. Аммо мисли пешгӯйӣ онҳо титу парешон шуданд. Додоҷони Атовулло он қадар одами беақл нест, ки бо ҲНИТ кор кунад. Ӯ террористӣ будани ин ташкилотро дарк кард, бинобар ин онҳоро дастгирӣ накард. Айни замон ҲНИТ ва дигар мухолифон ба мо хатар надоранд, зеро чеҳраи манфури онҳо барои ҷомеа ошкор шуд. Бо шарофати манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, раванди ба хориҷ гурехтан ва ба ташкилотҳои террористӣ ҳамроҳ шудан, ба Ироқу Сурия рафтани шаҳрвандони мо қатъ шуд.

Мо дар соли охир ягон ҳолатро ба қайд нагирифтаем. Гарчанде ҲНИТ арз мекард, ки онҳо зидди ба ташкилотҳои террористӣ гаравидани мардуми мо ҳастанд, аммо дар охир исбот шуд, ки худашон ба ин мусоидат мекардаанд. Ба наздикӣ мусоҳибаи Ҳасаншоҳ Собиров дар «Ховар» нашр шуд. Ҳасаншоҳ иқрор кард, ки худи Муҳиддин Кабирӣ бевосита дастури қатли ӯ ва оилаашро додааст. Мо аз Кабирӣ, як одами сиёсатмадору дипломат, ин гуна амалро ҳеҷ гоҳ интизор набудем. Ҳасаншоҳ якум одам, нест, ки Кабирӣ барои ифшо нашудани асрораш дастури қатл дода бошад, ин ҳолати дувум аст. Кабирӣ ҳатто ӯро маҷбур кардааст, ки бо зану фарзандонаш ба Сурия равад, аммо ӯ, ки як ҷавони ватандӯст буд, рад кард ва ба мақомоти Тоҷикистон хабар дода, наҷот ёфт.

ПУРСИШ: – Чандин сол қабл шумо «Маркази сулҳи Осиё» ном як марказ доштед, ки бештар ба масъалаи эҷоди сулҳ дар Афғонистон машғул буд. Аммо бо сабабҳои номаълум фаъолияти он қатъ гардид. Магар зарурати эҳёи дигарбораи он ба миён наомадааст?

ПОСУХ: –Марказе, ки шумо мегӯед, дар аввал "Маркази эҷоди сулҳи Афғонистон" ном дошт. Баъдан, бародарони афғон даъво карданд, ки чаро як тоҷик дар Тоҷикистон сулҳи Афғонистонро эҷод мекардааст? Бинобар ин, номи онро тағйир додем ба "Маркази сулҳи Осиё", ки дар ин замина дар баробари Афғонистон сулҳи ду Корея ва Покистонро низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додем. Ҳоло дар заминаи фаъолияти ин марказ як шогирди ман рисолаи номзадӣ навиштааст. ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Фаъолияти ин Марказ хуб буд, аммо вақте Вазорати адлияи кишвар маъракаи азнавбақайдгириро роҳандозӣ кард, ман аз сабаби серкорӣ ин Марказро аз нав сабти ном накардам. Ҳамин тавр, ин марказ аз фаъолият бозмонд. Гумон мекунам, ки ин марказ муҳим буд. Мо рӯзномае бо номи «Паёми сулҳи Осиё» ва маҷаллаи «Паёми сулҳ» ба забони форсӣ чоп мекардем, онро афғонҳо хуб қабул карда буданд. Дар ин маҷалла тавсияи 17 нафар шахсиятҳои бузург оид ба роҳҳои ба даст овардани сулҳ дар Афғонистон нашр шуда буд. Ҳамчунин, асари сафири ҳозираи Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов «Роҳҳои дастёбӣ ба сулҳи Афғонистон», ки баъдан ба шакли китоб нашр шуд, ба табъ расид. Чандин мақолаи худам чоп шуд. Аз ҳама муҳим ба ман гуфтанд, ки вақте ҳукумати нав сари кор омад, дар рӯйи мизи ҳамаи вазирони афғон як нусхагӣ аз ин маҷалла меистод. Аммо ман ҳоло ниҳоят серкорам. Агар касе пайдо шавад, ки хоҳиши пеш бурдани кори марказро кунад, ман зид нестам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода аст, оиннома навишта шудааст, марҳамат гиред ва сулҳи Афғонистонро дастгирӣ намоед!

ПУРСИШ: –Ин суол шояд барои шумо одӣ, аммо барои ҷомеа аҷиб аст. Дар мавриди изҳорот ва овозаҳои атрофи Додоҷони Атовулло чӣ назар доред?

ПОСУХ: -Атовуллоев ба роҳи рост даромад, аз оппозитсия ҷудо шуд. Аз террористон ҷудо шуд. Мо дигар бо ӯ мушкил надорем. Бубинед, ҳамин қадар сол мо бо ӯ баҳс кардем, ҳамин қадар таҳқирҳо нисбати Ҳукумат кард, аммо Ҳукумат нисбати ӯ ягон амале анҷом надод. Ӯ як шахсияти сиёсӣ аст, мо ӯро террорист нагуфтем.

Одили НОЗИР,

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»,

7. 02.2018, №6 (1256)