Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “АФҒОНИСТОН: ТАҲДИДҲОИ НАВИ МИНТАҚАВӢ”
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз410
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1920
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26676
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015257
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “АФҒОНИСТОН: ТАҲДИДҲОИ НАВИ МИНТАҚАВӢ”

28.12.2017

Рӯзи 28 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи “Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони сафорати ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули вазорату муассисаҳои давлатии Тоҷикистон, пажӯҳишгарону коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзанданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ– соли 2018 табрик намуда, аҳамияти мавзӯи мизи гирдро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас Cафири Фавқулода ва Мухтори Федератсяи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.М.Сейтимов ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Бо ҳамин, ҳамоиш ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди иштирокчиёни Мизи гирд котиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Қосимшоҳ Искандаров дар мавзӯи “Буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон: таҳдиду хатарҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи “Афғонистон–2018: таҳдиду хатарҳои нав ба давлатҳои Осиёи Марказӣ” маърӯзаи илмӣ намуданд.

Пиромуни маърӯзаҳои ироашуда профессорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Ҳомид Саидов, Гузел Майтдинова, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия И.С. Лякин-Фролов ва дигар иштирокчиёни Мизи гирд ба музокира баромада, фикру андешаҳои судманд баён намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур чунин масъалаҳои муҳиму мубрам низ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд: 1. Вазъи сиёсиву низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба стратегияи нави ИМА оид ба мубориза бо терроризм дар ин кишвар.

2. Вазъи сиёсиву низомӣ дар вилоятҳои шимоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

3. Нақшаҳои «Давлати Исломӣ», «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои террористии хориҷӣ доир ба бесубот гардонидани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ.

4. Коркарди механизмҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои нав.

Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки тайи солҳои охир вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯ ба ташаннуҷ ниҳодааст. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фаъолнокии ҷангиёни ҳаракати “Толибон”, “Давлати Исломӣ” ва шарикони хориҷии онҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар, хусусан вилоятҳои шимолии бо Осиёи Марказӣ ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобастагии зич дорад. Бинобар ин, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхайро (СҲШ) мебояд, ки ҳамаи ин рӯйдодҳоро ба назар гирифта, барои аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ аз қаламрави Афғонистон тадбирҳои судбахшу муассир андешанд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон