Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ НИЗОМИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН»
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз248
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2015
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23379
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625993
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ НИЗОМИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН»

31.08.2018

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеъи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 30 августи соли 2018 мизи гирдро дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди низоми обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон» баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, зикр кард, ки рушди низоми обёрии заминҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами кишварамон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Албатта, дар самти рушди низоми обёрӣ мушкилоту монеаҳо зиёданд. Бинобар ин, баргузории чунин нишасту ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, коршиносону мутахассисони варзида барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт мусоидат менамояд. Ҳадафи баргузории ин мизи гирд муайян намудани ҷанбаҳои асосии ташаккули механизму шароитҳои таъмини рушди низоми обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва дарёфти роҳҳои такмили истифодабарии самараноки обу қувваи барқ дар ин соҳа ва пешбурди ислоҳоти соҳавӣ мебошад.

Сипас дар назди ҳозирин раиси шарикияти обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Яраш Пӯлодов дар мавзӯи "Вазъ ва масъалаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов дар мавзӯи "Арзёбиии ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи геодезия ва геоинформатикаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дотсент Абдуғаффор Акрамов дар мавзӯи "Имконияту маҳдудиятҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин (дар мисоли баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва НТҶ", мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Неъматулло Файзов дар мавзӯи "Ҷанбаҳои асосии ташаккули механизм ва шартҳои таъмини рушди обтаъминкунӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон", коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев дар мавзӯи "Муаммоҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ" суханронӣ намуданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори судманд сурат гирифт.

Умуман, дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд:

–вазъи самаранокии истифодаи захираҳои замину об, вобастагии ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул барои аҳолии деҳот;

–монеа ва имкониятҳои ривоҷи низоми идоракунии соҳаи обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзии кишвар;

–таҷдид ва барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва ҷорӣ кардани технологияи обёрии муосири сарфакунандаи неруи барқ;

–вазъи иҷрои барномаю накшаҳои оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашӣ;

–ҷанбаҳои молиявии соҳаи обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

–натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи обёрии заминҳои кишоварзӣ;

–ояндабинии талабот ба обёрии заминҳои кишоварзӣ.

Мизи гирдро барандаи ҳамоиш, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Ихтиёр Ашӯров ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти

Маркази тадқиқоти стретегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон