Асосӣ:
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз459
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4944
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37532
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680854
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.06.2019

15.06.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Раис,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум!

Имрӯз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мо дорои аҳаммияти хосса мебошад, анҷом ёфт.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифтанд, ба сатҳи бадастомадаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

Дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба мо, ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қорор доранд, баррасӣ намудем.

Муфассал...
 
ИФРОТГАРОИИ ИТТИЛООТӢ ЧИСТ? Ин мавзӯъро сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев шарҳ медиҳад

17.06.2019

Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқа таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян кардани манбаи он номумкин аст. Дар ин бора таваҷҷуҳ кунед ба шарҳи сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло ХОҶАЕВ.

Бо назардошти ин сабабҳо, ифротгароии иттилоотиро аксар вақт дар як радиф бо PR – технология, (тафаккури иҷтимоӣ) таблиғот ва дигар зуҳуроти таъсиррасонии суханӣ ба мардум қарор медиҳанд. Дар асл, ифротгароии иттилоотӣ бо падидаи таъсири суханӣ доштан маҳдуд намешавад, балки дар худ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ифротгароиро ниҳон дорад.

Дар ин иртибот суолҳои мантиқӣ ба миён меоянд: ифротгароӣ чисту таъсири нутқӣ чист?

Муфассал...
 
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

17.06.2019

15.06.2019  шаҳри Душанбе

Муҳтарам ҳамкорон ва роҳбарони ҳайатҳо,

Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои садорати муваффақ ва корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи муҳими рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳори миннатдорӣ намоям.

Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварат мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.

Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст,

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ ШАРИКИИ ФАРОГИРИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР РАВАНДИ БУНЁДИ МУШТАРАКИ "ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ"

13.06.2019

Рӯзи 13-уми июни соли 2019 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Рушди шарикии фарогири стратегии Тоҷикистон ва Чин дар раванди бунёди муштараки "Як камарбанд, як роҳ"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси байналмилалиро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, баргузории чунин нишастро барои рушд ва таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар раванди бунёди муштараки тарҳи бузурги "Як камарбанд,

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ЧИН

13.06.2019

Дар таърихи 13-уми июни соли 2019 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Ван Ҷинсин, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сун Чуанчжи ва дигар кормандони масъули муассисаи номбурда намояндагӣ карданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

12.06.2019

Рӯзи 12 июни соли 2019 мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Орипов Элдор Тоҳирович баргузор гардид.

Нахуст, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода меҳмонони гиромиро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт ва тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давлатҳои дӯсту ҳамсоя ва шарики муҳими стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар самараи сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имзои 56 созишнома ва қарордоди давлатӣ байни ду кишвар, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ,

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 93