ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ паёмгузорӣ зуҳуроти нав ба ҳисоб намеравад. Роҳбарони давлатҳо ҳамасола паём ироа менамоянд ва ҳоло он ба анъанаи муҳими давлатдорӣ табдил ёфтааст. Паёми сарони давлатҳо ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ки ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Дар ин бора сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ зимни як нигориши худ изҳори назар намудааст. Дар зер андешаҳои муаллиф манзур мешаванд.
-Тӯли таърих вожаи «паём» ба маъниҳои гуногун истифода мешуд, ба мисли хабар, пайғом, мужда, нома ва даъват. Аммо имрӯз паём дар илми сиёсатшиносӣ ва усули давлатдорӣ ба маънои ҳуҷҷати раҳнамо, барномаи рушди марҳилавӣ, ба сифати назари сарварони давлатҳо ба масъалаи рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маорифу илм, тандурустӣ, фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар истифода мешавад.
Паёми Пешвои миллат нишонаи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳими ҷаҳону минтақа буда, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ ироа мегардад.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят баланди амалӣ доранд.
Паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд. Анъанаи паёмгузорӣ аз соли 2001 ибтидо мегирад. Тавассути Паём камбудию муваффақият муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф кардани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол мебошад.
Дар моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Ҳамин тариқ анъанаи паёмгузорӣ мақоми меъёри ҳуқуқиро соҳиб гашт. Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат абзори муҳими давлатдорист. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифагузорӣ ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 хатару таҳдидҳои муосирро таҳлил намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд:
«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани тадбирҳои муштаракро талаб менамояд».
Масъалаи ҷангҳои иттилоотӣ масъалаи серпаҳлуст. Ҳамчун сиёсати илмӣ он аз якчанд паҳлуҳо иборат аст: идоракунӣ, иқтисодӣ, ташкили техникӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳо. Ҳоло, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон технологияҳои коммуникатсионӣ аҳамияти калидӣ пайдо кардаанд, омӯзиши ҷиҳати сиёсии ҷангҳои иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иттилоотӣ ҳамчун захираи иловагии пешрафти давлату миллат ва ҳалли масъалаҳои мубрами дохилию хориҷӣ хизмат карда метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа стратегияи ба манфиатҳои ҳуқуқии миллию давлатӣ асосёфта дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра амал мекунанд. Илова бар ин ҳафтуми ноябри соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Маълум аст, ки қафомонӣ дар соҳаи технологияҳои иттиллоотӣ ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мусоидат намекунад. Аз байн бардоштани ин қафомонӣ танҳо дар ҳолати аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонии субъектҳои муқовимати иттилоотӣ имкон дорад. Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо муноқишаҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯст. Ва на ҳамеша мавқеи мо муфид буда метавонад. Ин ҳолат ба ҳувияти миллии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад. Баҳри кам намудани фишори равонӣ ҳангоми муноқишаҳои иттилоотӣ, пеш аз ҳама, таҳлили амиқи вазъияти ба амал омада, донистани қонунияти равандҳои ҷорӣ ва коркарди чораҳои пешгирикунанда барои кам кардани оқибатҳои манфии он зарур аст.
Хушунату муноқишаҳо бевосита ба муноқишаҳои сиёсӣ ва рақобати иқтисодӣ алоқаманданд. Дар шароити имрӯза ба ғайр аз фазои ҷуғрофӣ фазои нави электронӣ ба вуҷуд омада истодааст. Муқобилияти анъанавии байни давлатҳо ҳоло дар фазоҳои физикӣ, маҷозӣ ё фазои киберӣ идома дорад.
Айни ҳол қудратҳои сиёсии сатҳҳои гуногун дар атрофи худ фазои мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ ташкил намуда истодаанд. Дар фаҳмиши фазои иттилоотӣ се тарзи муносибат вуҷуд дорад: фаҳмиши геополитикӣ, иттилоотӣ-ноосферӣ ва иҷтимоӣ. Муносибати геополитикӣ барои ҳалли вазифаҳои вазъиятӣ (ситуатсионӣ) ва тактикӣ мувофиқтар аст. Имрӯз дар равандҳои гуногуни сиёсӣ, аз ҷумла дар воситаҳои зиёди коммуникатсионӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар чи бештар иштирок меварзад. Фавҷ – фавҷ ахбори гуногун қисми таркибии ҷаҳонишавиро ташкил дода, бе мамониат марзҳои давлатҳои соҳибистиқлолро убур мекунанд. Раванди ҳамаро фарогири иттилоот боиси пайдоиши фазои ягонаи ҷаҳонии он гардидааст. Дар қатори ҷиҳатҳои мусбати ҷаҳонишавии иттилоот, паҳлуҳои манфии он ҳам аниқ шуда истодаанд. Пеш аз ҳама, ин ба соҳаи бехатарии иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ дахл дорад.
Муборизаи иттилоотӣ пеш аз давраи ҷаҳонишавӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо пайдоши фазои ягонаи иттилоотӣ имкон дод, ки он ҳамчун майдони дигари муборизаи субъектҳои байналмилалӣ истифода гардад. Ба бартарии иттилоотии худ такя намуда, давлатҳо ё иттиҳоди онҳо бо ҳарифони иттилоотии худ мунтазам мубориза мебаранд.
Самаранокии ҳукумат дар ҳама давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини иттилоотӣ ва бехатарии он вобастагии бевосита дорад. Бе иттилоот ягон сохти сиёсӣ мусбат фаъолият карда наметавонад, шуури сиёсии омма рушд намекунад, ҳамкории объект ва субъектҳои сиёсат дуруст натиҷа намедиҳанд. Дар ҳолати таъсири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба шуури халқ образи (симои) ҳокимияти давлатӣ, институтҳо ва пешвоёни он нақш мебандад. Агар системаи пайвастагиҳои иттилоотии байни давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсият самаранок ба роҳ монда шавад, он гоҳ функсияҳои идоракунии давлат бо қудрати фарогир, сарфаи энергетикӣ амалӣ шуда метавонанд.
Масъалаи муборизаи иттилоотӣ боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки имрӯз муноқишаҳои байни давлатҳо ва хушунати байни миллатҳо маҳз дар фазои иттилоотӣ шиддат гирифта истодааст. Фишор аз чанд тараф ба роҳ монда мешавад. Барои мисол, агар яке аз давлатҳо майли дар давлати дигар ба вуҷуд овардани рӯҳияи табъи дили худро дошта бошад, ин ҳолат аксуламали тарафи дигарро пайдо мекунонад. Дар натиҷа шаҳрвандони давлати дуюм ба ҳадафи ҳарду тарафи муноқишакунанда табдил меёбанд.
Муносибатҳои иҷтимоӣ ба диди комплексии проблемаҳо барои амали якҷояи иттилоотӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегӣ шароит фароҳам меоварад. Муносибати иттилоотӣ-ноосферӣ баҳри пешрафти инсоният дар тамоми ҷаҳон дар самти созандагӣ шароит ба вуҷуд меорад.
Нишонаҳои аввалини ҷангҳои иттилоотӣ дар садаи гузашта зуҳур намуда буданд, аммо онҳо дар нимаи дуюми асри XX васеъ паҳн шуданд. Имконпазир набудани ҷангҳои яроқноки глобалӣ, ки боиси нобудшавии тамаддун мегардиданд ва тағйири моҳияти иттилоот, ки акнун ба яроқи нави ҳуҷум табдил ёфтааст, дар ин давра ҷангҳои иттилоотӣ мавриди омӯзиши олимони соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ қарор гирифт.
Дар нимаи дуюми асри XX субъектҳои асосии ҷангҳои иттилоотӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА буданд. Ба омӯзиши мавзӯи ҷангҳои иттилоотӣ дар ин ду давлат воситаҳои зиёди молиявӣ, техникӣ ва илмӣ сафарбар шуда буданд. ИМА дар ҷангҳои Ветнам ва Афғонистон тарзу усулҳои ҷангҳои иттилоотиро таҷриба кард. Дигар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиё дар асоси таҷрибаи ин ду абарқудрат консепсияҳои муборизаи иттилоотии худро сохтанд. Дар ин ҷода Чин, ки бо ИМА дар муноқишаи иттилоотӣ қарор дошт, таҷрибаи калон ба даст овард.
Назарияи ҷангҳои иттилоотӣ маҳз дар ИМА тавлид ёфт ва ҳамчун меъёр қабул гардид. Ин назария аз ҷониби дигар давлатҳо мавриди эътироф қарор гирифт. Консепсияи давлатии ҷангҳои иттилоотии ИМА ба рақобати итилоотӣ ҳангоми ҷангҳои мусаллаҳона асос ёфтааст.
Олимони Чин ба масъалаи консепсияи ҷангҳои иттилоотӣ назари хос доранд. Назарияи онҳо ба таҷрибаи ҷангҳои иттилоотии даҳсолаҳои охир такя мекунад. Онҳо мекӯшанд, ки чунин махсусияти ҷангҳои иттилоотӣ, ба монанди номутаносибиро (асиметрия) истифода намоянд. Чунин вазъ ба Чин имкон медиҳад, ки хароҷоти мусаллаҳшавиро коҳиш дода, мақоми геополитикии худро нигоҳ дорад.
Гуногунии субъектҳо ва объектҳои ҷангҳои иттилоотиро таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки сабаб дар пешрафти прогресси техникист. Ин пешрафт дар навбати худ ба вуҷуди васоити ахбори умум ва коммуникатсияи оммавӣ шароит фароҳам меорад. Фаҳмиши объект ва субъекти ҷангҳои иттилоотиро нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ танҳо дар меъёри муайяни вақт истифода мекунанд. Сабаб дар он аст, ки фазои иттилоотӣ дар таҳаввул буда, ба мақоми субъект ҳолати тағйирёбӣ мебахшад. Тағйирёбии мақоми иштирокчии муборизаи иттилоотӣ аз объект ба субъект ба ғалаба ё шикаст дар ҷанги иттилоотӣ вобаста мебошад.
Ҷаҳонишавӣ, ки аз тарафи давлатҳои абарқудрат роҳандозӣ гардидааст, як сиёсати истеъморӣ ва таҳмилист. Маҳз абарқудратҳо идеяи «бархурди тамаддунҳо»-ро пешниҳод намуда буданд, ки ба сари худ як андешаи хатарзост ва ба манфиати онҳо баҳри аз нав тақсим кардани ҷаҳон хизмат менамояд. Аз бомдоди таърих то ҳол тамаддунҳо бо ҳам дар мубодила, робита ва гуфтугӯ буда, ин раванд раванди «гуфтугӯи тамаддунҳо» унвон гирифтааст.
Дар марҳилаи ҳозираи глобализатсия ва рушди бесобиқаи ҷомеаи иттилоотӣ Тоҷикистон бояд аз роҳҳои самарабахши идоракунии иттилоотӣ истифода намояд. Пӯшида нест, ки феълан Тоҷикистон дорои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, аз қабили сафинаи хусусӣ, шабакаи электронии фарогир, мавҷгирҳои баландқомати пурзӯр нест ва зарфияти молиявӣ низ барои дастрасӣ ёфтан ба онҳо маҳдуд аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкили низоъҳои дохилӣ ва ҳатто табаддулоти давлатӣ дар ҷаҳон бо истифода аз василаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Собит шудааст, ки технологияҳои иттилотӣ аз ҷониби давлат ё гурӯҳҳои манфиатхоҳ алайҳи давлати дигар барои таъсиррасонии мақсаднок васеъ истифода бурда мешаванд. Ин амал метавонад хусусияти муваққатӣ, мавсимӣ, аксуламалӣ, фармоишӣ ва доимӣ дошта бошад. Душманони дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ҳадафҳои стратегии давлат бо истифода аз аз технологияҳои гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ (телевизион, интернет, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, кино ва маводи видеоӣ, техникаи мобилӣ) фазои ғаразноки иттилоотӣ ба вуҷуд меоранд.
Аслиҳаҳои итилоотӣ шаклу намудҳои зиёде доранд. Скрэмблеринг, смартмоб, флешмоб, смс, эмс, реклама, овоза, таҳрифи иттилоъ, ҷанги киберӣ, ҷанги электронӣ, ҷанги психологӣ, ҷосусии саноатӣ ва иқтисодӣ номгӯи нопурраи ин абзоранд.
Тасарруфи тафаккур, зеҳниятсозӣ, самтбахшӣ ба андеша, ба вуҷуд овардани афкори умум, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ мақсади асосии душманони давлату миллат аст. Имрӯз хати набард аз зеҳнҳо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ баҳри тасарруфи зеҳнҳо давом дорад. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони дар гаҳвора шунидани суруди «Алла» то дами марг бояд ба Ватани азизи худ- Тоҷикистон содиқ бимонем.
Бознашр: АМИТ “Ховар”