Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги миллӣ забон аст, забони модарии халқест, ки эҷодкори фарҳанги худ аст. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда, ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳвии онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд. Забон тарзи тафаккур ва сохтори олами эҳсосоти мардумро мукаммалтар аз ҳама падид меорад ва шинохти ҳар халқе ба василаи забонаш амиқтар муяссар хоҳад шуд. Халқеро шинохтан хоҳем, ба забони вай бояд рӯ оварем.

Забони муосири тоҷикӣ забони зиндаи халқест, ки бо вуҷуди парокандагиҳои таърихӣ аз охири қарни нуҳу даҳи мелодӣ то ба ҳол мавҷудияташро гум накардааст. Ин забон на танҳо дар қаламрави имрӯзаи Эрону Осиёи Марказӣ, балки дар сарзаминҳои Афғонистон,  Ҳиндустону Покистон, ноҳияҳои ҳаммарзи Қафқоз, Осиёи Хурд ва Туркистону Чин густариш ёфта буд. Аз охири қарни нуҳ то ибтидои асри шонздаҳ аз рӯйи сарфу наҳв ва таркиби луғавӣ ягон тафовути ба назар намоёни маҳаллӣ зоҳир накарда, сар то сари як хиттаи бузург дар тӯли бештар аз ҳафт садсола ба ҳайси забони адабии расмӣ истеъмол мешуд.

Профессори амрикоӣ Ричард Фрай гуфтааст: «Дар идомат ва посдории фарҳанг барои баъзе тамаддунҳо аз дин ё созмони ҷамъиятӣ дида, забон воситаи  муҳимтарест». Робитаи зоҳирию ботиние, ки «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва ашъори фалсафии Мирзо Бедил бо шоҳкориҳои манзуми Рӯдакӣ мепайвандад, забони форсии тоҷикист. Ҳамин аст, ки дар илми таърих дар боби пайдоиши забони тоҷикӣ ва густариши он дар Хуросону Мовароуннаҳр баҳсу мунозираҳо то ба ҳол  идома доранд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ гуфта мешавад, ки дар замони густариши дини ислом мардуми таҳҷойии Бухоро арабӣ намедонистанд, бинобар ин, амирон ва саркардагони араб ба хотири ҷорӣ намудани дини ислом бе содир шудани фатвои расмии фақеҳон хондани намозро ба забони форсӣ иҷозат дода буданд. Муҳаммад Наршахӣ дар китоби худ «Таърихи Бухоро» чунин маълумоти ҷолиб додааст: «Қутайба ибни Муслим масҷиди ҷомеъ бино кард андар ҳисори Бухоро ба соли наваду чаҳор ва он мавзеъ бутхона буд, мар аҳли Бухороро фармуд, то ҳар одина дар он ҷо ҷамъ шудандӣ. Чунончи ҳар одина мунодӣ фармудӣ: — «Ҳар кӣ ба намози одина ҳозир шавад, ду дирам бидиҳам» ва мардумони Бухоро дар аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан ва чун вақти рукӯъ шудӣ, марде будӣ, ки аз паси эшон бонг задӣ: «Нагунбон кунет (д)» ва чун саҷда хостандӣ кардӣ, бонг кардӣ: «Нагунбонгун кунет (д)».

Аз ин ҷо маълум  мегардад, ки масъалаи ба забони порсии дарӣ ва дигар забонҳои ғайриарабӣ тарҷума ва тафсири Қуръон ва ба ҷо овардани ибодат ва дигар маросим дар аввали футуҳоти ислом ва ду садаи дигар сахт ба миён омада буд ва ҳалли мусбати он барои тавсеа ва густариши ҳамаҷонибаи таълимоти  ислом дар мамолики Шарқу Ғарб мусоидат мекард. Бинобар ин, дар байни уламои баландпоя ва маъруфи исломӣ баҳсҳои доманадор рух медоданд. Фақеҳони машҳури ҳамон аҳд сари ин масъала ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Дастаи аввалро Имоми Аъзам–Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити Куфӣ (солҳои 699–769 милодӣ), поягузори мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом, ки тоҷику форсизабони бохтарӣ  буд, сарварӣ мекард. Ӯ  бо истинод ва далелҳои муътамад аз Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ фатво дод, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ хондани намоз барои шахсоне, ки арабиро намедонанд ва инчунин  ба ин забон баргардонидан ва тафсири Қуръон равост. Ин фатвои шаръии Имом Абӯҳанифа ба мухолифати  гурӯҳи дигари фақеҳон дучор омад. Бо вуҷуди пофишории ин гурӯҳ ба Имом Абӯҳанифа  ва ҷонибдоронаш муяссар гардид, ки мақому манзалати забони тоҷикӣ-форсиро дар қаламрави хилофати исломӣ баланд бардоранд ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушоянд.

Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки дар густариш ва пайдо намудани мақом ва манзалати забони форсӣ дар қаламрави Хилофати Исломӣ ҳаммиллати  бузурги мо-Имоми Аъзам–Абӯҳанифа ибни Собит хидмати бузурге анҷом додааст. Бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати  1310-солагии ин фарзанди барӯманди халқи  тоҷик соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид ва чорабиниҳои зиёде дар сатҳи давлатӣ баргузор гардиданд, ки яке аз онҳо доир намудани Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» мебошад,  ки дар он намояндагони беш аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон ширкат варзида, фикру андешаҳои ҷолиби худро иброз намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хидматҳои бузурги ин абармарди таърихи ислом  барҳақ чунин фармудааст: «Бо ҳиммат ва фидокории ҳаммиллати бузурги мо Имоми Аъзам– Абӯҳанифа забони тоҷикӣ дар паҳлуи забони арабӣ забони расмӣ ва шаръӣ қарор гирифт. Бар асоси фатвои ин марди худогоҳ тамоми мардумоне, ки дар қисмати шарқии хилофати араб ба дини Ислом мегаравиданд, забони форсии тоҷикиро ба сифати забони динӣ, расмӣ ва муоширати байни халқҳо пазируфта буданд».

Дар асри нуҳ ва даҳи милодӣ дар сартосари Хуросони Бузург таълифу таснифи осори арзишманд ба забони модарӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ин иқдоми шуҷоатмандонаи таърихӣ дар натиҷаи ба сурати забони расмии нахустин давлати тоҷикон даромадани забони форсии дарӣ қувват гирифт.

Дар даврае, ки забону фарҳанги тоҷик аз тарафи ҳокимони аҷнабӣ пазируфта намешуд, табиист, ки  наҳзати шуъубия густариш пайдо кард. Абӯалӣ ибни Сино чандин китобу рисолаҳояшро ба забони модарии худ навишт. Абӯрайҳони Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим» ном асари маъруфи худро навишт ва бисёр истилоҳоти форсии дариро ба кор бурд.

Ибни Синоро бунёдгузори истилоҳоти мантиқӣ ва фалсафии форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ном кардан дуруст аст, зеро пеш аз  «Донишномаи Алоӣ» ба забони  порсии дарӣ ягон китобе дар ин боб иншо нашуда буд. Абӯалӣ ибни Сино бо чунин шавқу завқ ва камоли дилсӯзӣ ба истилоҳсозӣ пардохтааст, ки кас ба тоҷик будани ӯ ҳеҷ шакку шубҳае оварда наметавонад. Носири Хусрав, Шиҳобиддини Суҳравардӣ ва Насируддини Тӯсӣ, ки кори саркардаи Ибни Синоро ба таври эҷодӣ идома доданд, истилоҳоти маъмули арабиро бо сӯҳони тоҷикӣ суфта намуда, дар таълифоти илмияшон фаровон истифода бурдаанд. Маҳз дар натиҷаи чунин иқдоми дурандешона забони форсии тоҷикӣ аз ҷиҳати нуфузи илмӣ ба забони дуюми тамаддуни исломӣ мубаддал гардид. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла Ҳиндустон ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ба ҳайси забони аввали тамаддуни исломӣ нуфузу маком пайдо намуда буд.

Барои мо, ворисони Абӯалии Синою Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандию Абдулқодири Бедил мояи ифтихор аст, ки бузургони миллати мо дар ҷойҳои бегона ҳам  ягонагии забону фарҳанги халқии худро ҳифз намуда, нагузоштаанд, ки пайванди таърихию фарҳангияшон аз Ватан канда шавад.

Ҳастии миллат ва пешрафти забони адабии он бидуни рушди сабки илмӣ қобили тасаввур нест. Агар забони илм рушд накарда бошад, аз пешрафти миллат, ҳатто аз ташаккули он ҷойи гап намемонад.

Барои мо, тоҷикон масъалаи аз ҳама муҳим масъалаи ба забони илм табдил додани забони модарист. Ин корест дарозмудат, мушкил. Бояд, ки ҳама таълифоти илмӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шаванд.

Забон ва фарҳанг  ду омили миллатсозанд. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ  яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон забони тоҷикӣ  дар  Тоҷикистон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо намуд. «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонанд. Мо бояд барои рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем. Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ  яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад» — барҳақ таъкид намудаанд Сарвари давлатамон.

Амал ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз вазифаҳои муҳими давлатист, аммо барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои забони давлатӣ як қатор чорабиниҳои дорои хусусияту мазмуни гуногун лозиманд, ки аз назари мо муҳимтаринашон инҳоянд:

  1. Диққати асосӣ ба амали забони давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Масъалаи васеъ намудани ҷуғрофияи истифодаи забони тоҷикӣ дар базаи тоҷикони бурунмарзӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Канада, ИМА, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Қазоқистон, Туркманистон) доираи  ривоҷу равнақи забони модарии моро  хеле васеъ гардонида метавонад.
  2. Забони тоҷикӣ дар мамлакат ҳанӯз дорои мақоми забони муоширати миёни халқиятҳои маскуни Тоҷикистон нагардидааст. Ин вазифа, яъне вазифаи забони муоширати байни шаҳрвандони гуногунзабони мамлакатро ҳоло забони русӣ иҷро намуда истодааст. Агар дар оянда батадриҷ оид ба забони муоширати шаҳрвандони гуногунзабони Тоҷикистон табдил додани забони давлатӣ тадбирҳо андешида шаванд, бешубҳа, ин иқдом  боиси рушд ва ривоҷи забони тоҷикӣ мегардад.
  3. Рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти дохилии мамлакат, сулҳу суботи ҷамъиятӣ ва афзоиши шуурнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа муносибати боэҳтиромонаро нисбат ба забони давлатӣ ба миён меорад ва барои омӯзиши он шароити мусоид фароҳам мегардад. Мебояд, ки субъектҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ғайритиҷоратӣ  ба ин раванди созанда ҷалб карда шаванд.
  4. Дар сатҳи байнидавлатӣ  ҳал намудани масъалаҳои марбут ба тоҷикони бурунмарзӣ, кушодани мактабҳои тоҷикӣ,  таъмин ба китобҳои дарсӣ ва бо омӯзгорони  сертаҷрибаи забон ва адабиёту таърихи миллати тоҷик таъмин намудани онҳо.
  5. Ба воситаи шабакаи интернет ташкил намудани барномаю сайтҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ташкили тавсияҳои методии омӯзиши забони тоҷикӣ тариқи фазои маҷозӣ (виртуалӣ). Барои амалӣ намудани ин кори хайр ривоҷи фаврии системаи маълумоти кушод, ҷорӣ намудани таълими электронӣ ва технологияҳои омӯзиши маҷозии забони давлатӣ лозим аст.
  6. Дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ кушодани курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои хоҳишмандон аз аҳамият холӣ нест, зеро дар кишварҳои хориҷӣ низ ба масъалаи омӯзиши забонҳои дигар таваҷҷуҳ зиёд аст. Агар ин аз як тараф ба муаррифии забони модарии мо дар хориҷи давлат мусоидат кунад,  аз тарафи дигар, сабаби беҳтар шинохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик  дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.
  7. Масъалаҳои вазъи имрӯзаи забондонии  хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯён ва умуман ҷавонон  ташвишовар аст. Роҳи ҳалли ин мушкилот дар ташкили базаи дурусти меъёрию  ҳуқуқӣ баҳри дастгирии забону адабиёти тоҷик, беҳтар намудани сифати таълим, рушди системаи тағйир ва такмили меъёрҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ мебошад.
  8. Бедор намудани завқи китобхонӣ, мутолиавӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи  забон  дар  Консепсияи   рушди забони давлатӣ ҷой дода шавад. Омӯзиши сифатан нави таълим тавассути захираи  қавии  кадрӣ, такмили  барномаҳои  омӯзиши  забон ва адабиёти тоҷик, такмили методҳои таълим, истифодаи васеи технологияи  муосири таълимӣ, дастрасӣ ба шабакаи интернет ва ғайра роҳи дигари рушди забони тоҷикист.
  9. Маҳдудшавии истифодаи забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таълими маҷбурӣ  ба забони давлатӣ, набудани воситаҳои  ахбори омма ба забони тоҷикӣ  (радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо), маҳдудгардонии муҳити истифодаи забони модарӣ аз қабили масъалаҳоеанд, ки танҳо дар сатҳи муносибати дутарафаи давлатӣ ҳал шуда метавонанд.
  10. Номуайян ва ноаниқ будани омори доираи амал ва истифодаи забони тоҷикӣ дар давлатҳои дигар боиси маҳдудият дар истифодаи забони тоҷикӣ мегардад. Дар сатҳи даркорӣ бо таҷҳизот таъмин набудан, базаи сусти методию таълимӣ, нарасидани мутахассисони риштаи забони тоҷикӣ дар хориҷи мамлакат аз ҳисоби буҷети давлат ба донишкадаю донишгоҳҳои давлатҳои  хориҷ нафиристодани мутахассисони  варзида  боиси  маҳдудияти истифодаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон зиндагӣ мекунанд, мегардад.
  11. Ба вуҷуд овардани таҳкурсии илмию методӣ, чопи луғатҳо, фарҳангҳо, маълумотномаҳо, китобҳо барои муоширати оммавӣ баҳри сайёҳони  хориҷӣ, сифатан  беҳтар намудани таълими забони тоҷикӣ дар боғчаҳои бачаҳо, ба роҳ мондани маҳфилҳои санъати сухан дар мактабҳои таҳсилоти  ҳамагонӣ  дар рушди  забон  ва васеъшавии доираи истифодаи он аҳамияти хосса доранд.
  12. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои миллӣ (ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо…) ба забони модариашон мактабҳо мавҷуданд. Дар ин мактабҳо дар қатори дигар фанҳои муҳим фанни забони  тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ  низ таълим дода мешавад. Бисёр муҳим аст, ки китобҳои таълимии онҳо махсус таълиф шаванд, методикаи омӯзиш ба махсусиятҳои забонию  миллиашон  асос  ёбад, баъди хатми курсҳои забони тоҷикӣ ба ин забон  ҳамчун  забони давлатии  мамлакате, ки ин ақаллиятҳо шаҳрванди онанд, озодона муошират карда тавонанд.
  13. Методикаи таълими забони тоҷикӣ барои миллатҳои ғайритоҷик, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мувофиқ ба имлои забони тоҷикӣ, меъёрҳои амалии истифодаи забони давлатӣ аз сари нав дар асоси тавсияҳои олимони соҳа навишта шаванд.

Хулосаи калом, ҷомаи амал пӯшонидани ин тадбирҳои муҳим барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ– забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
корманди Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: АМИТ”Ховар”

Чоп кунед