Тайи солҳои охир дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъсиргузор буданд. Дар ин радиф, соли 2003 аз ҷониби собиқ Пажӯҳишгоҳи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо” омода шуда, он бо қарори Ҳайати мушовараи собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 27 ноябри соли 2003, таҳти №36 қабул гардид.
Бо мақсади пешбинӣ ва ҷорӣ намудан дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти тайёркунии кормандони иҷтимоии сатҳҳои гуногун, дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – «Ёрии техникӣ ба Барномаи сиёсати секторалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ – Унсури пешниҳоди хизматрасониҳо ба Тоҷикистон» дар соли 2012 ба Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо тағйироту иловаҳо дар гуруҳҳои заминавӣ ва таркибӣ ворид карда шудаанд. Мутобиқи тағйиротҳо таснифгар ва номгӯи касбҳо бо ихтисосҳои нав дар соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пурра гардонида шудаанд.
Яке аз камбудиҳои ҷиддии таснифгари амалкунанда дар он аст, ки намудҳои имрӯзаи дар бозори меҳнат амалкунандаи шуғл ва корҳо дар он вуҷуд надоранд. Ҳоло бошад, шаклҳои нави хизматрасонӣ ва шуғл, ҳунармандӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ рушди босубот доранд, вале онҳо дар таснифот инъикоси худро наёфтаанд. Чунин ҳолат раванди ташкили ҳунарҳои мардумӣ ва вусъатёбии минбаъдаи шуғли самарабахши ин гурӯҳи аҳолиро мушкил мегардонад.
Таҳлили доиргардида собит намуд, ки воқеан ҳам санадҳои дар ин самт қабулшудаву татбиқшаванда ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат, махсусияти касбу вазифаҳои нав ва меъёрҳои байналмилалӣ (ISCO-08) мутобиқат намекунанд.
Ба андешаи мо, дар марҳалаи аввал Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо бояд такмил дода шавад, зеро ки он маҳсули замони Шӯравӣ буда, дар заминаи “Стандарти байналмилалии таснифоти шуғлҳо-1988” омода шудааст ва рамзҳои касбҳо, рақамҳои назоратӣ, гурӯҳҳои заминавӣ ва дигар нишондиҳандаҳои он ба “Стандарти байналмилалии таснифоти шуғлҳо-2008”-и Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мутобиқат намекунанд.
Бояд тазаккур, дод ки дар соли 2004 аз ҷониби собиқ Пажӯҳишгоҳи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Таснифгари давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, бо қарори Ҳайати мушовараи собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2004, таҳти №20 қабул карда шуд. Ва дар соли 2013 таснифгари мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, таҳти № 86 тасдиқ намуд, ки он ба такмил, таҳрир ва тасдиқ намудан ниёз дорад. Масалан, дар сутунҳои 5 ва 6-и ҷадвали “Таснифгари давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дараҷаи тарифии “Маълумотномаи ягонаи тарифӣ-тахассусии корҳо ва касбҳои коргарӣ” пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи ягонаи тарифӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардиданд, мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Тайи 29 соли охир касбу ихтисосҳои нав ба вуҷуд омада бошанд ҳам, вале онҳо ба маълумотномаи ягонаи тарифии тахассусӣ ворид нагардидаанд. Бо сабаби кофӣ набудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи меъёрбандӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар ин ҷода низ хело кам корҳоро анҷом дода шудааст. (нигарде ба ҷадвали -2)
Илова бар ин, дар заминаи ин ду ҳуҷҷати муҳими зикршуда чандин ҳуҷҷатҳои дигар, аз қабили “Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ”ва дигар ҳуҷҷатҳои таснифкунандаи касбу вазифаҳо қабул гардида, татбиқ шуда истодаанд, ки дар асоси онҳо касбҳои коргарӣ муайян мегарданд, таълим дода мешаванд ва бо диплому шаҳодатномаҳои давлатӣ тасдиқ мегарданд.
Номутобиқатии санадҳои мазкур, ки боиси таснифи ҳархелаи касбу вазифаҳо мегардад, дар ояндаи наздик метавонад боиси эътироф нагардидани дипломҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбҳо, махсусан касбҳои коргарии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (муҳоҷирони меҳнатӣ) дар берун аз кишвар гардад.
Бинобар ин, бо дарназардошти талаботи “Стандарти байналмилалии таснифгари шуғлҳо-2008” зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ба такмили санадҳои ин самт оғоз карда шавад. Зеро, мундариҷаи дигар санадҳои боқимонда аз нишондиҳандаҳои ин таснифгар вобаста мебошад. Ин тадбир аз як тараф барои таъмини самараноки раванди ислоҳоти соҳаи шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ ногузир буда, аз ҷониби дигар, номутобиқатии ин санадҳо гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар ғайриимкон мегардонад.
Айни замон, вазъи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои мазкур низ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз он ҷумла, давлатҳои Аврупо ва ИДМ, ҷавобгӯ нестанд. Ҳол он ки аксари давлатҳои Аврупо ва давлатҳои ИДМ санадҳои худро дар ин самт ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидаанд.
Федератсияи Россия, Беларус, Молдова ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар айни замон кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, санадҳои даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро такмил дода, онҳоро ба талаботи меъёрҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мувофиқ намудаанд ва аллакай татбиқи амалии онҳо шурӯъ гардидааст. Масалан, Федератсияи Россия аз 12 декабри соли 2014, таҳти рақами №2020, Ҷумҳурии Беларус аз 24 илюи соли 2017, таҳти рақами №33 ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 11 майи соли 2017, таҳти рақами №130 маврди истифодабарӣ қарор доранд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии Федератсияи Русия беш аз 1200 стандартҳои касбиро дар заминаи “Маълумотномаи ягонаи тарифӣ – тахассусии корҳо ва касбҳои коргарон” ва “Таснифгарии умумиҷумҳуриявии шуғл” омода карда шуда, истифодабарии стандартҳои касбӣ аз 1 июли соли 2016 аз ҷониби корфармоён ба таври ҳатмӣ ҷорӣ гардид.
Стандарти касбӣ – ин мансаб ва касб маҳсуб намеёбад, ин ҳуҷҷатест, ки дар он соҳаи фаъолият зикр мегардад, салоҳиятнокӣ муқаррар мегардад ва талабот ба корманд муайян карда мешавад[1].
Пеш аз омода намудани методологияи стандарти олии касбӣ, бояд стандарти касбии худи хусусияти кор тартиб дода шавад. Дар он муҳтавои уҳдадории умумии меҳнат, сатҳи тахассус, маҳорат ва салоҳиятнокии кор (муносибат ба кору ҳамкорон, малакаву дониш ҳангоми фаъолият) ва ғайра дарҷ гардад.
Бе таҳия ва тасдиқи “Таснифгари миллии шуғлҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи Стандарти байналмилалии таснифгари шуғл – 2008 (ISCO-08) омода намудани чунин стандарҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ мушкилотро ба вуҷуд меорад.
Зарурати таҳия ва тасдиқ намудани маълумотномаи касбу таснифгари шуғлҳо ва дар заминаи он стандартҳои касбӣ аз он низ бармеояд, ки ҳар як касбу вазифаҳо дар алоҳидагӣ дараҷа, рамз, муҳтавои хусусияти кор, уҳдадории вазифавии корманд, уҳдадории корфармо, талаботи тахассусӣ (олӣ, миёнаи касбӣ ва ҳамагонӣ) ба инобат гирифта мешавад. Инчунин, дар заминаи стандартҳои касбии тасдиқшуда, методологияи барномаҳои таълимӣ дар макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор дода мешавад.
Истифодаи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, аз он ҷумла Россия, Қазоқистон ва Беларуссия дар таҳияи “Маълумотномаи ягонаи тарифӣ – тахассусии корҳо ва касбҳои коргарон” ва “Таснифгари миллии шуғлҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқи мақсад мебошад, ки он имкони минбаъд таҳия намудани стандартҳои касбиро медиҳад.
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон