Яке аз масъалаҳои мубрам барои Тоҷикистон айни замон истифодаи оқилонаи обу замин мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, то Инқилоби Октябр масоҳати заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон тақрибан 173 000 га-ро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар замони шӯравӣ ба 749 ҳазор га расонда шуд. Мувофиқи дурнамо бояд то охири асри ХХ масоҳати заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ба 930 ҳазор ва аввали садаи ХХ1 ба 1 млн га расонда мешуд. Ин ҳадаф бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагашт. Баръакс, аз 749 ҳазор га заминҳои обёришуда қисме аз онҳо боз ба заминҳои лалмӣ мубаддал гардида, аз истифодаи кишоварзӣ баромаданд. Маълумоти илмӣ бозгӯи онанд, ки 99% заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ, 98% заминҳои лалмӣ дар ин ё он сатҳ ба эрозия мубтало гардидаанд. Ҳамзамон 85,6 дар садди чарогоҳҳои кишвар дар ҳоли таназзул қарор доранд. То пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин нишондиҳандаҳо 68 дар садро ташкил медод. Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксар заминҳои киштбоби ҷумҳурӣ ба амсоли эрозия, вайроншавии сохтори хок, биёбоншавӣ, бодлесшавӣ, шӯршавӣ, фурӯравии замин, таназзулёбӣ ва ғайра мубтало гашта истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсири ин зуҳуротро барои минбаъда хело нозукона эҳсос намуда, 26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳори ташвиш намуданд, ки “дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор га заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор га, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обёришаванда 52 ҳазор га зиёд шудааст”. Дар иртибот бо ин далел ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки баҳри пешгирии ин тамоюл минбаъд тамоми тадбирҳои судмандро андешанд. Мутасаддиёни соҳа ба ҷойи таҳлилу таҳқиқи амиқи ин масъала ва ошкор намудани сабабҳои гирифтор шудани ҷумҳурӣ ба чунин вазъият, баръакс пайваста ёдовар мешаванд, ки азбаски ҳамасола барои Тоҷикистон афзоиши табиии аҳолӣ хос мебошад, биноан, тамоюли пастравии масоҳати заминҳои обёришаванда ва таназзулёбии онҳо ба назар мерасад. Магар дар дигар кишварҳои минтақа чунин тамоюл нест? Андешаи мазкур бозгӯи он аст, ки на ҳама вақт мулоҳизарониҳои мо воқеиятро ба пуррагӣ таҷассум менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, вақти он расидааст, ки бори дигар асноди қабулгардидаро дар ин самт аз нигоҳи ҷадид мавриди арзёбӣ қарор дода, ба ин васила ин тамоюлро як дараҷа пешгирӣ намоем. Зеро афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ боз зарурати азхудкунии заминҳо ва оқилона истифода бурдани манбаъҳои обро баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварамон ба миён мегузорад. Зимни баёни ин андеша як нуқта ҷолиби зикр аст, ки барои азхудкунии як га замин дар замони Шӯравӣ тақрибан 7000 рубл харҷ мешуд. Ин арзиш дар шароити муносибатҳои бозорӣ мутаносибан ба 10–15 ҳазор доллар баробар мебошад. Тақвият бар ин андеша он аст, ки ҳоло дар матбуот чунин андешае роиҷ гардида истодааст, ки сатҳи арзиши азхудкунии замин дар қиёс ба замони Шӯравӣ анқариб се-чор маротиба боло рафтааст. Суоле ба вуҷуд меояд, ки Тоҷикистон оё дар шароити феълӣ имкони азхудкунии заминро дорад? Боиси таассуф аст, ки то ҳол ин паҳлуи масъала аз назари илмӣ тавзеҳу ташреҳи муфассали худро наёфтааст. Аз ин лиҳоз, баҳри дарки амиқи ин масъала чунин далелро пеш меорем. Давоми солҳои 1930–1990 майдони заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон 5,2 маротиба зиёд шуда бошад, аммо дар ин муддат шумораи аҳолӣ 10-12 маротиба афзудааст. Ҳамзамон, далелҳои илмӣ бозгӯи онанд, ки дар Тоҷикистон азхудкунии заминҳо маҳорати махсуси эҷодиро талаб менамояд, на коргузории идоравиро. Чунки дар баробари азхудкунии заминҳо инчунин тамоюли таназзулёбии он низ ба назар мерасад. Далел бар ин андеша он аст, ки давоми солҳои 1968-1978 гарчанде 40 ҳазор га замини мавзеъҳои Ёвону Обикиик азхудшуда бошад ҳам, аммо дар ин муддат ҳазор гектари он аз истифодаи соҳаи кишоварзӣ баромадааст. Инчунин, бояд дар замони Шӯравӣ тақрибан 76 ҳазор га замини даштҳои Данғара, аз ҷумла, 31 ҳазор га барои рушди соҳаи пахтакорӣ ва 41 ҳазор га барои равнақи соҳаи боғпарварӣ азхуд карда мешуд. Аммо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин лоиҳа низ мутаассифона, амалӣ нагашт. Дар баробари ин, ҳамон замон вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ лоиҳаи ҷорикунонии як қисми оби Сирдарёро барои азхудкунии заминҳои Истаравшан тарҳрезӣ намуда буд, ин нақша низ то ҳол амалӣ нагаштааст. Ҳоло аз гузоришҳои матбуоти илмию даврӣ бармеояд, ки зиёда аз 125 ҳазор га замин дар Тоҷикистон бо сабаби баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва шӯршавии хок дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон дар баробари камшавии заминҳои обёришаванда, инчунин тамоюли таназзулёбии онҳо низ ба назар мерасад. Чунончи соли 1970 ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ 0,15 га замини обӣ ва 0,29 га замини лалмӣ рост меомад, дар интиҳои асри ХХ ин нишондиҳанда 0,11 ва 0,18 га, алҳол бошад ба 0,06 ва 0,11 га расидааст. Дар ҳошия ба ин далел як нуқта қобили зикр аст, ки алҳол дар Нидерландия -100%,ИМА -60%, Япония -58%, Германия -50%, Эрон -37%, Ҳиндустон -34% ва дар Тоҷикистон 45% заминҳои мелиоративӣ азхуд карда шудаанд. Ҷолибияти ин далел барои Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки алҳол сад дар садди заминҳои таҳдашт азхуд карда шудааст, минбаъд аз ҳисоби таллу тепа ва доманакӯҳҳо ин раванд ҷараён мегирад. Агар нигоришҳои матбуотро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар кишварҳои минтақа солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамасола масоҳати заминҳои обёришаванда7% афзудааст. Аз маълумотномаи дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 25 соли истиқлолияти давлатӣ равшан мегардад, ки дар давоми солҳои 1992-2015 дар доираи тадбиқи барномаҳои давлатӣ 7,73 ҳазор га заминҳои нав азхуд карда шуда, дар майдони 11,13 ҳазор га ҳолати мелеоративии заминҳо беҳтар ва дар майдони 39,08 ҳазор га таъминоти об ба заминҳо хубтар карда шудааст. Тибқи маълумоти кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, соли 2010 дар миқёси кишварамон 19000 га замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ғайр аз ин, 32000 га замини кишоварзӣ, аз ҷумла, 24 000 га замини обӣ ба замини партов мубаддал гардиданд. Таҳлилҳои илмӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки истеҳсоли зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рушди иншоотҳои ирригатсионӣ-мелиоративӣ вобастагӣ дорад. Ин андеша аз он шаҳодат медиҳад, ки шарти муҳими рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон ин обёрикунонии сунъӣ мебошад. Дар китоби “Тоҷикистон: ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ” зикр шудааст: “Махсусан, вазъи насосҳои обӣ ва стансияҳои насосӣ, ки тақрибан 300 ҳазор га ё 40 фоизи заминҳои обёришавандаро фаро мегиранд, ниҳоят ташвишовар аст. Минтақаҳои обёрии мошинӣ муҳити мусоиди зист ва манбаи таъминоти ҳаётии тақрибан 2 млн сокинони деҳот мебошад. Аз сабаби бадии ҳолати системаҳои обёрӣ ва дренажӣ, ки хизматрасонии техникӣ амалан дар ҷараёни даҳ соли охир сурат нагирифтааст, 9200 гектар заминҳои обёришаванда (1,3 фоиз масоҳати умумии он) аз муомилоти кишоварзӣ хориҷ гардида, 83,3 ҳазор га (11,6 фоиз) дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад”.
Вақти он расидааст, ки аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши азхудкунӣ ва обёрии заминҳо вобаста ба равандҳои тағйирёби иқлим сиёсати ягона роҳандозӣ карда шавад. Гарчанде баъди ба кор даромадани агрегати дуюми НБО–и “Роғун” барои азхудкунии заминҳо шароити мусоид омода бошад ҳам, аммо то кунун аз тарафи муассисаҳои илмии соҳавӣ аз нигоҳи илмӣ самтҳои амалигардонии он баҳогузорӣ нашудааст. Ин паҳлӯи масъала дар оянда баргузории тадқиқотҳои нави илмиро дар доираи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба миён мегузорад.
Яке аз масъалаҳои мубрам барои Тоҷикистон дар шароити ҳозира ин раванди азхудкунии заминҳо ва оқилона истифодабарии онҳо баҳри таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мебошад. Азбаски то ҳол ба таври дақиқ зуҳуроти ин масоил вобаста ба музофотҳои алоҳидаи кишварамон аз нигоҳи илмӣ ҳаллу фасли хешро наёфтааст, биноан, пайваста мавриди баррасии олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм қарор мегирад. Аз ин рӯ, гарчанде оид ба нақшагирӣ ва истифодаи манбаъҳои об дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёде амалӣ гашта бошанд ҳам, аммо то кунун дар ин самт муаммоҳои зиёде ба назар мерасад. Чунончи, тибқи арзишҳои илмӣ ҳамасола дар ҳудуди Тоҷикистон аз 45 то 64 км3 об ташаккул меёбад. Боиси таассуф аст, ки пайваста мо ин далелро ёдовар мешавем, аммо то кунун дақиқ муайян накардем, ки ҳамасола дар кишварамон дар алоқа ба равандҳои тағирёбии иқлим чӣ кадар об ташаккул меёбад. Мутасаддиёни соҳа зимни гузориши ин масъала иброз медоранд, ки азбаски баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти постҳои гидрологӣ ба таври муназзам ба роҳ монда нашудааст, биноан оид ба ҳаҷми оби ташаккулёфтаи кишварамон дар равандҳои тағийрёбии иқлим то кунун далелҳои мушаххас ба назар намерасад. Фақат аз таҳлилҳои илмӣ бармеояд, ки дар Тоҷикистон сатҳи истифодабарии об дар соҳаи кишоварзӣ – 85%, саноат – 6%, шаҳр -5 ва деҳот- 4% -ро ташкил медиҳад. Оид ба ин масъала чӣ тавре ҳарф назанем, дар ҳар сурат истифодабарии оқилонаи манбаъҳои об дар баробари таҳияи чорабиниҳои биотехникӣ инчунин, мукаммалгардонии технологияи обёриро дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт тақозо менамояд.
Шоистаи таъкид аст, ки ба туфайли меҳнати хоксоронаи марди деҳкон имрӯз новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварамон рӯ ба афзоиш аст:
Агар хоҳони ҳалли холисонаи ин масъала бошем, нахуст бояд аз нигоҳи илмӣ бо диди дигар дар доираи санаду меъёрҳои қабулгардида муаммоҳои ин соҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин васила сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро роҳандозӣ намоем, яъне барои аз муомилоти кишоварзӣ хориҷ нагардидани заминҳои обёришаванда бояд тадбирҳои дарозмуддат таҳия шаванд.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масъалаҳои экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” №4 соли 2020