Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ  оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун  ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамрои мост.

                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Модар вожаест, ки баробари ба забон овардани исми покаш вуҷуди инсонро ҳисси ҳассосе фаро мегирад. Аз мавҷуде ба исми кӯҳ маъданҳои беназир ва нодир истихроҷ мегардад, аммо аз муъҷизае ба исми Модар насли солеҳ ва фарзандони боиффат тавлид мешаванд. Модар, бозкунандаи дари ҳаёти воқеӣ барои ҳар нафар ба ҳисоб меравад. Яъне Модар омили асосии даст ёфтани инсон ба олами ҳастӣ  маҳсуб мешавад. Дарси Модар нахустин зинаи таълими фарзанд ба ҳисоб рафта, такягоҳи асосии ӯ дар зиндагӣ мебошад.

Дар ҳақиқат, мақоми Зан-Модар дар ҳама давру замон дар ҷомеаи инсонӣ сазовори ҷойгоҳи арши барин буд. Бузургтарин қаҳрамонҳои арсаи таърих, ки дар олами беканор шукӯҳу шаҳомати зиёдеро сазовор гардида, соҳиби маром ва нақши ногузир гардиданд, маҳз домони Модар нахустин зинаи  ин ҳама саҳнанамоиҳо ба ҳисоб меравад. Бузургтарин қаҳрамонҳо, нодиртарин олимон, ки ба ҳаёти дирӯзаву имрӯзаи башар бо корнамоиву навовариҳо равшангари зулумоти олами инсонӣ шудаанд, аз мавҷуде ба исми Модар тавлид ёфтаанд. Бо варақгардон кардани ашъори кулли олами назму наср дар васфи модар ва эҷодкории осмонсаро, наметавон нуқоти охири меҳри самимӣ ва беҳамтоии онро пайдо намуд. Олами илм бо ин ҳама фарохӣ дар баробари инъикоси меҳри оламтоби Модар оҷиз монда, мавқеи мағлубиятро интихоб намудааст. Модар имрӯз қаҳрамони воқеии ҳаёти ҳар инсони поктинат аст. Дуруст аст, ки бисёр занҳо метавонанд модар шаванд, аммо бисёриҳо наметавонанд ин ҷойгоҳи муқаддасро ҳифз намуда, сазовори номи модари воқеӣ бошанд. Масъулияти модарӣ ниҳоят масъулияти вазнину сангин буда, таҳаммулпазирии зиёдеро тақозо менамояд. Ҷойгоҳ ва муқаддасоти волидайн, махсус Модар тибқи дастури Ҳазрати  пайғамбар (с) низ барои фарзанд аз ҳама неъмат боло дониста шуда, мефармоянд: “Аз ҳама ҷиҳоди асосӣ баҳри фарзанд, ин парасторӣ ва нигоҳу бини волидайн ва хизмат дар ҳаққи онҳо аст аст”. Хуш ба ҳоли нафароне, ки фурсати муносиби ҳадя намудаи зиндагиро истифода намуда, ба қадри ин ду неъмати бузург расидаанд. Ҳақ ба ҷониби нависанда ва мутафаккири бузурги рус Максим Горкий аст, ки дар ситоиши меҳр ва самимияти Зан–Модар чунин зикр намудааст:

Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қарамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.

Аз қадимулайём аён аст, ки зан тавлидкунандаву давомдиҳандаи насли инсоният ва ҷовид мондани миллат ба ҳисоб меравад. Мавқеи зан дар ҷомеаи маданӣ нақши ногузирро касб намуда, омили асосии рушди таълиму тарбияи насли навраси ҷомеа шумурда мешавад. Дар ҳақиқат, оила такягоҳ ва сутуни асосии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Заминагузори асосии ҳар ҷомеаи рушдкарда, пеш аз ҳама, оилаи солим ва модари мушфиқ аст. Имрӯз ҷомеа ва кишварҳое ба зинаи баланди тараққиёт расидаанд, ки диққати асосиро ба ин қишри осебпазири ҷомеа равона сохта, дар бартарафнамоии мушкилоти он муваффақ гардидаанд. Зан–Модар аз ҳама қишри осебпазири ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Солҳои охир, баъзе аз воқеаҳои нангини минтақаҳои мухталифи ҷаҳон  шаҳодатдиҳандаи он аст, ки имрӯз Зан – Модар дар азоб, фироқ, зери шиканҷа, зери ноадолатиҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Афсӯс ки, дар баъзе аз кишварҳои олам имрӯз ҷойгоҳ ва мақоми ин қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ҳифз намегардад. Бо сар задани нооромиҳо ва даргириҳои минтақаи Шарқи Наздик аз ҳама бештар занону модарон мавриди ҳамлаҳои хунин, қатлу кушторҳои бераҳмона, таҷовузҳои ғайриинсонии ҳайвонсифатон, овораи сафарҳои номушаххас  ва қурбонии бозиҳои абарқудратони саҳнаи сиёсат гардида истодаанд. Боиси таассуф аст, ки  ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи инсонӣ бо вуҷуди ба олами коинот расидани қадами он ахлоқи баъзан ҷавонон коста ва паст ба назар мерасад. Тайи солҳои охир мо шоҳиди баъзе аз ҳодисаҳои мудҳише гардида истодаем, ки писар модари хешро ваҳшиёна сар мебураду ба дор мекашад. Дар асри XXI ин воқеа ваҳшонияти берун аз табиати инсонӣ ба ҳисоб рафта, дардест, ки дар ҷустуҷӯйи марҳами хеш аст. Имрӯз дар раванди бархурди фарҳанги миллатҳо, таъсири идеологияҳои бегона ва пайравиву пеша намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон, вазифаҳои нав ба наверо барои волидайн эҷод намуда истодааст. Равандҳои мазкур аз ҳар волидайн тақозо менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони хеш дар шароити муосир беаҳамиятӣ нанамоянд, зеро тарбияи дурусти имрӯза самарадиҳандаи фардои дурахшони онҳо мегардад.  

Боиси хушбахтӣ аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мавқеи Зан–Модар дар мадди аввали сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз замони расидан ба мансаби пурмасъулияти роҳбарӣ ҷойгоҳи занро дар ҷомеаи тоҷик боло бурда, зани солеҳа, модари мушфиқ ва оилаи солимро асоси бунёди миллат ва давлати солим мешумориданд. Имрӯз дар ҷомеаи мо Зан–Модар дар радифи мардон қаҳрамон, тоҷири муваффақ, роҳбар, вазир, афсари олирутба, намояндаи созмонҳои сатҳи минтақавиву ҷаҳонӣ, хизматчии давлатӣ, пеш аз ҳама, модари азизу меҳрубони ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа диққати махсус равона гардида аст. Мо шоҳиди он будем, ки дар соли гузашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоркунандаи ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – яке интихоботи парлумонӣ ва дигаре интихоботи президентӣ буд. Саҳми  занон ва бонувон дар баргузории ин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ хуб ба назар расида, аз натиҷаи он 8 нафар занон 25,8 дарсад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 дарсадро ташкил доданд, ки нисбат ба интихоботҳои қаблӣ 4 дарсад аст. Ин далели он аст, ки мавқеи зан дар кишвари мо рӯз то рӯз боло меравад. Ҳамасола баҳри бештар ҷалб намудани занону бонувони масъулу кордон ба хизмати давлатӣ чораҳои муфид аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон андешида шуда истодааст. 

         Занон ва бонувони тоҷик имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҷамъиятӣ фаъолияти пурмаҳсул дошта, шумораи онҳо дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ назаррас аст. Воқеан, барои инсон, пеш аз ҳама, ду неъмат мисоли амният ва солимӣ аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ин ду соҳа заминаи асосии рушди дигар соҳаҳои ҷомеа мебошад. Маҳз ба хотири устуворӣ ва пойдории ин соҳаҳо Ҳукумати кишвар ҳама чораҳои заруриро муҳайё карда истодааст. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбари давлат кормандони соҳа   фаъолити пурмаҳсуле карда истодаанд, ки шоистаи таҳсин ва ситоиш аст. Ба чашми сар ва гӯши шунаво аён аст, ки низоми амниятӣ дар сайёраи инсонӣ ҳар сония тағйир меёбад. Вобаста ба ин тағйирёбиҳо вазъи амният дар кишвари мо дар сатҳи боло буда, маҳсули фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи мазкур мебошад. Хизмат дар соҳаҳои мазкур қобилияти баланди илмӣ ва неруи бузурги ҷисмониро тақозо менамояд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда занон ва бонувони тоҷик дар қатори мардон дар таҳкиму таъмини амнияти миллӣ саҳми ногузирро касб менамоянд. Мусаллам аст, ки имрӯз беш аз 1219 нафар занону бонувон баҳри пойдории сулҳу субот кору фаъолият доранд.

 Инсоният замоне, ки ба олами ҳастӣ даст ёфт ҳамеша баҳри солимӣ ва сазовор шудан ба зиндагии шоиставу бартараф намудани мушкилоти мавҷуда муқовимат менамуд. Соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои калидии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Президенти кишвар қарор дорад. Боиси хушнудист, ки 68 дарсади кормандони соҳаи тандурустии кишварро занон ва бонувон ташкил мекунанд. Вазъи пандемияи коронавирус ҳамчун як хатари нав ба инсоният ҳушдор дод, ки мавқеи хеш ва фаъолияти соҳаи тибро дар муқовимат зидди ин гуна бемориҳои сироятӣ боз ҳам қавӣ ва устувор гардонад. Табибони соҳаи тандурустӣ, махсус ҳамшираҳои шафқат тавонистанд дар ин замина бо истифода аз донишу малакаи бардоштаи хеш мушкилоти ба вуҷудомадаро дар сатҳи зарурӣ аз байн баранд. Ҳеҷ амали хубе бе посух намемонад, вобаста ба хизмати шабонарӯзии кормандони соҳаи мазкур, пеш аз ҳама ҳамшираҳои шафқат, Пешвои муаззами миллат миннатдории самимии хешро расониданд, ки боиси ифтихори ҳар яки онҳо гардида, масъулияти онҳоро дар пешаи интихобнамудаи хеш меафзояд.

Хулоса, сухан дар перомуни мавзӯи Зан–Модар доманадор аст. Бо истифода аз фурсати муносиб кулли Модарони мушфиқ, меҳрубон, саодатманд ва ҳалими тоҷикро ба Иди Модарон, табрик намуда, фараҳи зиндагӣ ва баракати умрро хоҳонам.

Шодбахт Сабуров,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед