Беҳтарин зинати зан

хулқи хуш асту тандурустӣ

Муҳаммади Хиҷозӣ

Биёед, аз маҳфиле бо ҳам роз бигуем, ки дар руҷӯи фасли гулафшони баҳор ба ифтихори Рузи модар барои мову Шумо оростанду аз меҳри садоқату маномат ва рисолату ҷойгоҳи модар дар зиндагӣ сухан гуфтанд. То ба имрӯз шояд дар ситоиш зан-модар ҳини баргузории ҳамоишу нишастҳои расмӣ ва идона ва ин гуна суханони дилпазиру меҳрбор зиёд садо надода буданд. 

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик ин аст калиди бахту саодат ва роҳба сӯи  комёбиҳо. Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона хизмат доранд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрӯз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.

Донистани қадру қимати зан – модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои авали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медона. Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.

Дар байни сохторҳои қудратӣ шояд мақомоти корҳои дохилӣ бо доштани теъдоди зиёди занон фарқ кунад. Ва бояд қайд намуд, ки сафи занон дар мақомот рӯз то рӯз боз ҳам зиёд шуда истодааст. Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин намудани занони бомаърифату бофарҳанги тоҷик дар мақомоти корҳои дохилӣ тақозои замон аст. Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гаштааст ва хело хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанднақши муҳим мебозад, зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ  роҳнамун месозад»

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!

Ман занам, мавҷуди нозукпайкари оташниҳод,

Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам.

Ҳеҷ гоҳе бо таассуф бар забон н-овардаам,

Ки чаро аз ҷумлаи мардони майдон нестам…

Занони мақомоти қудратии кишвар бори дигар собит сохтаанд, ки аз мардони майдон ҳеҷ камие надоранд. Мегӯянд, ки зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист. Маҳз ҳамин зан буд, ки дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана намуд. Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Зан офарандаи ҳаёту мамот ва зиндагист, зеро бе зан ҳаёт маъно надорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар байтҳои зер фармудаанд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,

Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.

Дар фароварди андешаи иброз шуда аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ва дар симои онҳо тамоми занони Вазорату идораҳоро ва сохторҳои қудратии кишварро бо Иди  Модарон – 8 Март табрик намуда, барояшон пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ ва дили беғаму осоиштагиро тамано дорм.
        

Фарзона Ғуломносирова,

сармутахассиси Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои

соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед