Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва давлат ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд, ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид ва зарурати қабули Конститутсияро пеш овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 6-уми худ  халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошта, ташкил намудани ҳокимияти давлатиро тавассути падидаи интихобот муқаррар менамояд. Маҳз  бо ширкати худ дар раъйпурсӣ ва интихобот халқи Тоҷикистон  мақсаду маром ва орзую омоли хешро амалӣ менамояд.

Дар кишвари мо тавассути интихобот на танҳо мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ, балки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ низ ташкил карда мешаванд. Маҳз дар заминаи ҳамин муқаррароти Конститутсияи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи нав  мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 04.12.2019, таҳти №1380 фармон доданд, ки интихоботи нави даъвати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъйин карда шавад. Инчунин, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъин ва гузаронида шавад. Интихоботи вакилони ҷамоатҳо шаҳрак ва деҳот бошад мутобиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 марти соли 2020 гузаронида шавад.

Бо мақсади мавриди амал қарор додани  фармони мазкур, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маъракаи фаҳмондадиҳиро баҳри баланд бардоштани малакаи касбии аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шарҳи мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои интихоботӣ, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот ва масъалаҳои дигар дар ин самт ба таври густурда роҳандозӣ намудааст. Бо ташаббуси КМИР ба шахсони масъул барои ташкил ва баргузории интихобот семинари омӯзишӣ барпо намуда, комиссияҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳо бо маводи зарурии интихоботии чопи нав, қонунҳои конститутсионӣ, дастурамалҳо, китобчаи саволу ҷавобҳо, буклету плакатҳо ва дигар  воситаҳо лозима  дастрас  шуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президент камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани ваколати аъзои Маҷлиси Олии даъвати қаблӣ таъин карда мешавад. Интихоботи Маҷлиси миллӣ бошад 25 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки раъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти  халқ  буда, шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташ ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва доштани молу мулк, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ ва интихобот иштирок карданро дорад.

Раъйпурсӣ ин овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти  давлатию ҷамъиятӣ мебошад.  Масалан, раъйпурсӣ  мумкин аст, ки номи шаҳру ноҳияҳо  ва вилоятҳо иваз карда шавад. Дар маҷмӯъ тавассути раъйпурсӣ масъалаҳое ҳаллу фасли худро меёбанд, ки аҳамияти муҳими давлатӣ, сиёсӣ, ва ҷамъиятӣ доранд.

Ҳуқуқи баробари интихобот маънои дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок кардани интихобкунандагонро дорад. Дар ин асос ҳар як интихобкунанда як овоз дошта, дар асоси умумӣ дар интихобот иштирок менамояд.

Ҳуқуқи бевоситаи интихобот маънои онро дорад, ки интихобкунандагон бевосита ба тарафдории номзади худ ба вакилӣ ё номзадӣ ба Президент овоз медиҳанд. Ин ҳангоми гузаронидани интихоботи вакилони халқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститутсия ва дигар масъалаҳо татбиқ карда мешавад.

Дар баробари ин, интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба таври овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта,  ҳар як шаҳрванд дар интихобот ба тарафдории ин ё он номзад маҳз ба ҳамин шакл овоз медиҳад.

То ин дам интихоботҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар санаҳои 26.02.1995, 27.02.2000, 27.02.2005, 28.02.2010, ва 01.03. 2015 баргузор гардидааст.

         Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Конститутсионӣ 5 маротиба  дар санаҳои  24.11.1991, 06.11.1994, 06.11.1999, 06.11.2006 ва 06.11.2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи   демократӣ шаффофу озод ташкил ва баргузор гардиданд.

Дар асоси талаботи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бори аввал дар давлати соҳибистиқлоламон интихоботи вакилони мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот  28. 03.2010 ва 01.03. 2015 гузаронида шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойи аз ҳама баландро соҳиб буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Тағйиру иловаҳо ба он танҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Аз ҷумла, бори сеюм ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки қонунгузории амалкунанда такмил дода шавад.

Бо ин мақсад дар раъпурсии умумихалқии 22 майи соли 2016 тағйирот дар бораи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид карда шудаанд.

Дар Конститутсияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи шасту панҷум ду тағйирот ворид карда шуда: «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ё интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта, синни ниҳоии ӯ аз 30 кам набуда, дорои  таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».  Яъне синни номзади  ба президентӣ ба 5 сол поён  фароварда шуд.

Инчунин, ба моддаи чилу нуҳум чор тағйирот дар таҳрири нави зерин ворид карда шуд: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад».  Дар натиҷаи ин тағйирот синни вакил 5 сол боло бурда шуд.

Дар Конститутсия пешбини гардид, ки «шахсе, ки ҳамчун номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карда мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».

Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти давлат вобаста аст.

Тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдори Конститутсия қайд гардидааст, синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, якхела, яъне синни 30-сола пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе). Аз ин сабаб синну соли номзад ба президентӣ низ аз 35 ба 30 поён фароварда шуд.

Инчунин, ба моддаи мазкури Конститутсия қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин мода пешбинигардида, яъне як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат татбиқ намегардад.

Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат вазъи сиёсию ҳуқуқии Пешвои миллатро муқарар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати кӯҳанбунёд ва тамадунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст.

Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи  мардуми тоҷик буда, барои Ватан ва миллат хидматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Аз ин ҷо, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.

Тағйироти амалкунанда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат,чунин ваколатро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст.

         Мирзо Ашуров,

         Коршиноси масъалаҳои сиёсии Раёсати

         таҳлил ва ояндабини сиёсати дохилии Марказ

Чоп кунед