Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб рафта, таърихи он ба дуҳазорсолаи пеш аз милод рост меояд. Имрӯз ин забонро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ онро эътироф мекунанд. Забон мафҳуме зинда ва ҳамвора дар ҳаракат аст ва ҳамқадам бо рушду пешрафти ҷомеа тағйиру такомул ва инкишоф меёбад. Ҷараёни таҳаввулу ташаккули таърихи забони модарии мо,тоҷикон, пайваста дар тараққию такомул аст.
Олимони соҳаи забоншиносӣ муайян кардаанд, ки дар дунё беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки қисме аз онҳо таърихи бисёрсола доранд ва рушд кардаанд ва қисми дигар дар пояҳои рушд қарор доранд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, он дар гузашта бо номҳои форсӣ ва форсии дарӣ машҳур буд. Қобили зикр аст, ки ин забон дар тӯли садсолаҳо на танҳо забони мардуми ориёинажод, балки забони расмии давлати муғулнажоду турктабарон дар Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва дигар мавзеъҳо низ буд. Мутобиқи гурӯҳбандии забонҳо, забони тоҷикӣ шомили оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Дар оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба ғайр аз гурӯҳи забонҳои эронӣ, ҳамчунин, гурӯҳҳои забонҳои славянӣ, романӣ, немисӣ, ҳиндӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар гурӯҳи забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ шомили он аст, инчунин, забонҳои осетинӣ, курдӣ, тотӣ, паштунӣ, яғнобӣ, суғди қадим, форсии қадим ва миёна, авестоӣ ва забонҳои имрӯзаи помирӣ ҷой гирифтаанд. Бо ҳамин тартиб, забони тоҷикӣ бо забонҳои гурӯҳи эронӣ хеши наздик ва бо забонҳои гурӯҳҳои славянӣ, романӣ, немисӣ, ҳиндӣ,балтикӣ, ва юнонӣ хеши дур маҳсуб мешавад. Хешигарии онҳоро дар шабоҳати шакли овозии бархе аз калимаҳои решагӣ ва бунёдии ин забонҳо метавон мушоҳида кард.
Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки забони тоҷикӣ дар гузашта бо номҳои форсӣ ва форсии дарӣ шуҳрат дошт ва се давраи рушд ва таҳаввулу такомулро паси сар карда аст. Нахуст давраи бостон, ки аз аҳди қадим оғоз шуда то асрҳои 4-3 пеш аз миллод давом кардааст. Забони ин давраро забони форсии қадим ном мебаранд ва бино ба маълумоти олимони соҳаи забоншиносӣ дар ҳамон замон онро ориёӣ низ мегуфтаанд. Забони форсии қадим ё форсии бостон дар давлати Ҳахоманишиён забони расмии давлатӣ буд ва алифбои онро хатти мехӣ мегуфтанд, ки то истилои юнониҳо мавриди истифода қарор доштааст.
Давраи дуюми рушду такомули забони форсӣ-тоҷикиро давраи форсии миёна ном мебаранд, ки асрҳои 4-3 пеш аз милод то асрҳои 5-и милодиро дарбар гирифтааст. Ин забон дар даврони салтанати Ашкониён ва Сосониён ба кор бурда мешуд ва он ҳамчун забони расмии давлатӣ ва оини зардуштӣ қарор дошт. Дар ин давраи рушду такомули забон хатҳои авестоӣ, паҳлавӣ, монавӣ ва порсӣ (алифбои арабиасоси форсӣ) роиҷ буданд, ки осори зиёде бо ин забону хатҳо то ин замон омада расидаанд.
Муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ давраи сеюми рушд ва таҳаввулу такомули забони тоҷикиро давраи нави инкишофи забони форсии тоҷикӣ унвон каордаанд, оғози ташаккули он асрҳои 8-10-и милодӣ то имрӯзро фаро мегирад. Дар аҳди Сомониён ин забон ташаккули бештар ёфта, ба дараҷаи забони коргузории давлатӣ ва забони илму адабиёти бадеӣ нумӯ кардааст. Хатти ин давраи забон хатти арабиасоси форсӣ буда, дар Чумҳурии Тоҷикистон то соли 1930 амал кардааст. Баъдан, як муддат, яъне аз соли 1930 то соли 1940 дар Чумҳурии Тоҷикистон алифбои лотинӣ мавриди корбурд қарор гирифт. Моҳи феврали соли 1940 Конфронси ҷумҳуриявӣ доир ба алифбои нав баргузор шуд ва дар он алифбои нави тоҷикӣ дар асоси хатти русӣ қабул карда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ ба масъалаи асосӣ ва ҳалталаб табдил ёфт. Баъдан, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ” қабул карда шуд ва тибқи ин қонун дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июл Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро қабул кард ва 5 октябри соли 2009 баъд аз ба имзо расидани қонуни мазкур аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Тавре дар боло ишора кардем, забони тоҷикӣ, ки аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, ҳазору сад сол пеш забони расмии давлатии Сомониён буд. Тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон фарҳанги оламшумуле офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам баровардаанд. Ба шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикӣ тӯли беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст. Дар асри 20 забони тоҷикӣ забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёр шуд, рушд кард, таркиби луғавияш мукаммалтар шуд ва услубан содаву суфта гардид. Забони адабии тоҷик аз замони Сомониён сарчашма гирифта, бо шарофати он Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмадт Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.
Шоир ва мунодии сулҳ Мирзо Турсунзода фармудааст, ки: “Забони тоҷикӣ хеле устувор аст ва мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем”. Пас, бешак, метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои Рӯдакӣ вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони форсии тоҷикӣ саҳми шоир бориз аст. Мавсуф эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба сӯйи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри ӯ нишон медиҳад, ки мазкур дар таърихи забону адабиёти тоҷик, дар ҳақиқат, нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ӯ садҳо бузургони дигар низ дар барқарор ва нигоҳдории забони тоҷикӣ хидмати бузурге кардаанд.
Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаркунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар миёни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чунин баён намудаанд: “То он даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони тоҷикӣ низ поянда аст ва шириниву равони он ҳамеша ҳифз хоҳад шуд”.
Лозим ба ёдоварист, ки забони адабии ҳозираи тоҷик таърихи беш аз 1200-сола дошта, дар раванди рушду ташаккули хеш хеле ғанӣ гардидааст. Ғановати забон аз ҳисоби вожаҳои иқтибосӣ боиси тавонмандӣ ва девондорӣ гардидани забони тоҷикӣ гардидааст. Дар муддати мавҷудияти худ забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ ва девондорӣ хизмат намуда,бо ин забон осори бузурги адабию илмӣ офарида шудаанд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ ва миллӣ муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Тоҷикистонро ба расмият шинохтани беш аз 200 мамлакати дунё ва суханрониҳои Сарвари тоҷикони дунё, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид давраи нав–эҳёи миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ гардид.
Маҷмӯи истилоҳот ва таъбироте, ки дар тӯли таърихи чандидҳазорсолаи ташаккули забони тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд ва ба захираи луғавии он ворид гардидаанд, далели таҷрибаи ғанӣ ва имкониятҳои васеи он дар ҳама даврони таърих мебошад. Забони тоҷикӣ, бешубҳа, имрӯз низ дорои чунин тавоноӣ ва имкониятҳои фаровон аст.
Забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷамъият барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши бузург бозидааст ва имрӯз ҳам аз он бархӯрдор аст. Забон бо ҳамин мақоми волои худ барои тамоми аъзои ҷомеа баробар хизмат менамояд ва аз ин ҷиҳат онро пояи ҳастии миллат медонанд. Андешаи адиби барҷастаи доғистонӣ Расул Ғамзатов тақвияти ин гуфтаҳо мебошад: “Агар донам, ки пагоҳ забони модарии ман аз байн меравад, дар он сурат омодаам, ки имрӯз бимирам”.
Таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта доираи амали забони тоҷикӣ рӯз то рӯз маҳдуд шуда, дар баъзе соҳаҳо ҳатто ба забони дараҷаи дуюм табдил ёфта буд. Аммо бо баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷабри таърих оҳиста–оҳиста ислоҳ шуд ва имрӯз забони адабии ҳозираи тоҷик дар тамоми қаламрави кишвар, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа озодона истифода шуда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Бояд зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, забони ноби тоҷикӣ ба асолати таърихии худ соҳиб ва ҷойгоҳи муносиби худро ёфт. Яъне он ба сифати яке аз рукнҳои муҳими шинохту устувории давлати мустақил пазируфта шуд.
Ниёгони мо аз гузаштаҳои дур забони тоҷикиро ҳамчун падидаи миллӣ ҳифз карда, онро то замони мо мерос гузоштаанд ва мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои оянда бо ҳамин покиву шевоӣ ва гувороӣ ба мерос гузорем. Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро хуб омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзу нигоҳдории покизагии он саҳмгузор бошад.
Забони тоҷикӣ дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат рушду такомул ёфт, ҷойгоҳи наву фархундаро дар ҷомеа сазовор шуд. Аз ин хотир, ҳар нафар аз аҳли миллатро мебояд, ки баҳри боз ҳам рушду нумӯ ёфтани забони тоҷикӣ ва баланд шудани мақому манзалати он ҳамчун фарзанди сазовори миллат ҳиссаи арзанда гузорад.
Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон