Ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забон унсури муҳимми худшиносии миллӣ ва бақои миллат мебошад. Дар марҳалаҳои таърих, забон воситае буд, ки як миллат ва халқро ба ҳам муттаҳид намуда, барои пойдории он дар набардҳои таърихӣ нақши мондагорро бозидааст. Имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ вуҷудияти як давлати мустақил бо воситаи забони давлатии он аст. Дар ҳолати муаррифӣ намудани як давлат, гуфта мешавад, ки «забони давлатии» ин давлат ин аст ё он аст. Яъне забони давлатӣ имрӯз рукни асосии шинохти як давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Забони миллат дар таърихи як халқ чи нақшеро иҷро менамояд? Забон, пеш аз ҳама, унсури муҳимми нутқ аст, ки рисолати аосии иҷтимоиро иҷро менамояд, ки он воситаи муошират ва интиқолдиҳандаи таҷриба ва донишҳоест, ки дар ҷомеаи инсонӣ ҷамъ гардидаанд. Инчунин, забон ҳамчун шакли фарҳанг, тафаккур ва арзишҳои фарҳангиро дар фазо ва вақт ҳифз мекунад. Вазифаи асосии забони миллӣ низ дар ҳифз ва интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар ифода меёбад. Забон ҳамчун оинаест, ки дар он на танҳо олами воқеии ҳаёти инсон, балки шуури ҷамъиятии инсонҳо, тафаккур, менталитет, тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин, ахлоқ, низоми арзишҳо дар он инъикос ва ифода меёбанд.
Тафаккур, ки танҳо хосси инсон аст, дар якҷоягӣ бо нутқ ва фаъолияти инсон вуҷуд дорад. Ҳар як калима маҳсули тафаккури инсон ва ҳисси миллии он аст. Маҳз тавассути забон мо моҳияти Ватан, Модар, эҳтиром ба онҳоро дарк мекунем. Маҳз бо воситаи сухан, забон ва нутқи маъноӣ мо моҳияти ҳаёт, эҳтиром ба Ватанро ҳис мекунем ва арзишҳоро дарк менамоем. Ба қавли устоди равоншод Муъмин Қаноат сухан ин қудрат аст ва он қудрати офаринанда дорад:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.
Дар гузашта низ забони мо нишонаи асосии вуҷудияти халқи тоҷик будааст. Дар давоми набардҳои таърихӣ ва давраҳои бедавлатӣ, маҳз забони тоҷикӣ – забони модарии мо нақши ваҳдатофарини миллати тоҷикро бозидааст. Аз ин рӯ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ як халқ, маҳз тавассути забон ба вуҷуд меояд. Пас, забон ин воситаи муҳимми дарки фарҳанг, маданият, расму оин, арзишҳои як миллат мебошад, ки бо воситаи тафаккури миллӣ дар он ниҳон гардидааст. Донишманде гуфта, ки «танҳо дар сухан руҳ зинда аст».
Забон, инчунин, воситаи фарқкунандаи як халқу миллат аст. Бо воситаи забон як девори «ҷудокунанда» ё «фарқкунанда байни ду қавм ё миллат гузошта мешавад, мисли «мо» ва «онҳо». Аз ин рӯ, забон дар вазъиятҳои сиёсии муайян метавонад маъноҳои зиёде дар худ гирад ва ба рамзи умумимиллӣ табдил гардад, яъне ҳамчун воситаи этнодиференсиатсия гардад. Этнодиференсиатсия ҳамчун истилоҳи фалсафию фарҳангӣ ва ҷомеашиносӣ раванди эмотсионалию маърифатие мебошад, ки як қавм ва ё гурӯҳи одамонро аз рӯйи аломатҳои этникӣ, аз ҷумла забон, таърих, фарҳанг, расму анъанаҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар нишонаҳо аз қавмҳои дигар фарқ мекунад. Инчунин, аломати фарқкунандаи «мо» ва «онҳо» дар раванди таърих қавмҳоро бо ҳамин аломатҳо ҷудо намуда, ин арзишҳоро то ба имрӯз мондагор кардааст.
Аз таърихи 22 июли соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эълон гардид. Ин буд, ки то соли 2009-ум, 22 июл ҳамасола ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардид. Дар асоси тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) аз соли 2009 дар кишвар 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Имрӯз дар ҷаҳон аз 4 то 5 ҳазор забон вуҷуд дорад, ки ин шумора аз теъдоди давлатҳо зиёд аст. Барои мо шарафи бузург аст, ки забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол – забони тоҷикӣ аст. Забони тоҷикӣ рамзи давлатдорӣ воситаи муҳимми шинохти давлат ва рамзи миллии мо тоҷикон аст. Бо ин забон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан меронад, ки нишон аз давлатдорист. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳким ёфт. Бо забони давлатӣ тамоми коргузорӣ ба роҳ монда шудааст, асарҳо эҷод мегарданд, китобҳо ба чоп мерасанд. Бо ин забон ҳамоиши муҳимми адабию фарҳангӣ Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тули чанд сол ба роҳ монда шудааст. Ин ҳамоиши муҳимми маърифатӣ, пеш аз ҳама, барои маърифаткунонии аҳли ҷомеа бошад, аз дигар тараф, барои арҷ гузоштан, эҳтиром қоил будан ва ҳифзи он мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмии тоҷикон аст, ки дар тули садсолаҳо фарзонафарзандони ин миллат барои пойдории он ба забони ноби тоҷикӣ асарҳо офаридаанд. Маҳз ин мероси гаронбаҳои халқи бузурги тоҷик сабаб гардидааст, ки дар набардҳои ноадолатонаи таърихӣ ин миллат то ба имрӯз вуҷуд дошта бошаду аз файзи даврони соҳибистиқлолӣ баҳра барад ва суруди миллии худро бо ибораҳои «зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери парчами ту саф кашидаем…» сарояд. Воқеан, дар Суруди миллӣ хотираи бузурги таърихии халқи тоҷик инъикос гардидааст. Имрӯз низ ҳамин забон қодир аст, ки халқи бузургвори тоҷикро бо ҳамроҳии тамоми ҳамватанон дар таҳти ҳамин Парчами давлатӣ муттаҳид созад ва Ватанро аз газанди таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз намояд.
Зинда бод забони тоҷикӣ, забони ноби Рӯдакиву Фирдавсӣ!
Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа