Аввалин нишонаи истиқлолиятхоҳии мардуми тоҷик дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ мебошад. Иддае аз равшанфикрони миллат аз ҳукуматдорони давр ба хотири ҳифзу гиромидошт ва рушду равнақ бахшидан ба забони тоҷикӣ ба он додани мақоми давлатиро хоҳиш намуданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ва муҳимияти ин масъаларо пурра дарк намуда, 22 июли соли 1989 бо қарори худ «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки он ташаббус басо амали бузург ва фаромӯшношуданӣ арзёбӣ мегардад.
Пас аз 20 соли мавҷудияти қонуни мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо тағйиру иловаҳо аз нав қабул гардид. Минбаъд санаи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Соли равон аз рӯзи қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат ин ҳуҷҷати басо муҳим барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушода, муҳимтар аз ҳама ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додаву шукӯҳи давлатдории моро боз ҳам афзунтар гардонид. Санаи қабули Қонуни забон ҳамчун башорат аз ҳастии миллат ва шукӯҳу шаҳомати давлатдорию забондориаш ботантана таҷлил мегардад.
Баҳри рушду такомули забони давлатӣ аз тарафи Роҳбарияти кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, соли 2008 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави Ватани азизамон «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардида буд, ки ҳар як нафар аз фарди баору номуси миллат бо ифтихори бемисли забондорӣ ва посдории арзишҳои миллӣ барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани он саҳмгузорӣ намуданд. Ҳадафи ин иқдом иборат аз он буд, ки бояд ҳар як соҳибзабон, ҳар як фарзанди миллати тоҷик ҳисси эҳтироми забони модариашро ниҳоди худ ба таври ҳамешагӣ ҷо кардаву онро пос доранд. Зеро ки ба ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст». Агар мо ба забони модарии худ, ки забони миллати мост, беэътиноӣ зоҳир намоем, баҳри рушду такомулаш чораву тадбире наандешем, он батадриҷ аз байн хоҳад рафт. Ин қисмати нохушро чанде аз забонҳои дунё аз сар гузаронида, ба гурӯҳи забонҳои мурда шомил шудаанд. Аз ин рӯ, забонро аз ҷумлаи беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат бояд ҳифзу гиромӣ дошт.
Бояд тазаккур дод, ки мардуми мо дар соҳаи забон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Забони тоҷикӣ дар тамоми маҷлису маъракаҳо эътибору эҳтироми аввалиндаҷаро пайдо намуд. Тайи 30 соли қабули Қонуни соҳа забони тоҷикӣ хеле такмил ва инкишоф ёфт.
Бо мақсади рушду равнақ додани забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳким ва рушди забони миллиро таъкид намуда гуфтааст: «Ҳоло замоне фаро расидааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос кунад».
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди забонро як рукни муҳими сиёсати худ медонад. Ҳадаф аз интишор гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» иборат аз он аст, ки бояд мардуми кишвар дар баробари омӯхтани забони модарӣ забонҳои дигарро низ азбар намоянд. Бо ин васила мо метавонем, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайванд гашта, бо ҳамаи мамлакатҳо робитаи қавӣ ба роҳ бимонем. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ». Ин ҳолат шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати забон нақши ваҳдатофарӣ дорад.
Забон на танҳо барои як давраи муайяни таърихӣ ё барои як насл, балки он барои тамоми давраи зиндагии ҳар як миллат хизмат мерасонад.Забон, ки як рукни давлатдории мост, донистану ҳифз намудани он бароямон фарз ва баҳри пойдории давлати азизамон омили асосӣ ба шумор меравад. Донистани забони модарӣ калидест, ки бароямон дар омӯхтани дигар забонҳо роҳкушои асосӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад. Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
Дар баробари ин, гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро тақозо менамояд. Яъне мо пайваста ба забон мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем. Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад.
Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давраи соҳибистиқлолии давлатии тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.
Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.
Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Пешвои миллат дурусту бомавқеъ ва оқилона таъкид менамоянд: «Бақои забон – бақои миллат ва фанои забон – фанои миллат аст».
Дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам тоҷикон аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.
Бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ, захираи бузурги луғавӣ ва дорои мақоми давлатӣ буданаш, забони тоҷикӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.
Пӯшида нест, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ сели вожаҳои иқтибосӣ ба тамоми забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ ворид шуда истодаанд. Ин падида боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад. Аз ин рӯ, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, дар ҳифзу поку беолоиш нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани забони тоҷикӣ ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир саҳми ватандӯстонаи худро гузорад. Набояд фаромӯш кард, ки дар баробари пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад, бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад. Ҳамчунин, рушд додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.
Омӯзиши забон, қабл аз ҳама, аз оила шурӯъ ёфта, баъдан дар кӯдакистону мактабҳои зинаҳои гуногун идома меёбад. Аслан омӯзиши забон ҳеҷ гоҳ хотима нахоҳад ёфт, он дар баробари ҷомеа рушд ёфта, ба омӯзиш ва ғамхорӣ ниёз дорад. Боварии комил дорем, ки ҳар як нафаре, ки модар барояш азизу муқаддас, сарбаландии миллат барояш волотарин ифтихор аст, баҳри покизагию равнақ ёфтани забони модарӣ сидқан талош менамояд. Дар ин ҷода саҳми волидону мураббияҳо ва омӯзгорон, алалхусус омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик беандоза бузург аст.
Санаи 5 октябр дар саросари кишварамон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботанатана таҷлил карда мешавад, барои ҳар як фарди тоҷик рӯзи муқаддасу азиз аст. Таҷлили ин ҷашн аз худшиносиву худогоҳии мардумамон, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза таҳким меёбад, шаҳодат медиҳад.
Бигзор забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун парчами ифтихору саодатмандии миллатамон дар саросари ҷаҳон парафшонӣ намояд.
Мирзо Ашӯров, коршиноси масоили
сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти ҶТ, Корманди шоистаи ҶТ