ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Китоби баҳсбарангези А.Холиқзода «Ҳаводиси рӯзгори ман» (Душанбе: «Эр-граф», 2023. — 288 с.) боиси сару садо ва вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣ гардид. Суолҳои зиёде, ки  ба суди ҷомеаи кишвар набуд ҳар фарди солимандешро ба фикр кардан водор месозад: Оё навиштани чунин китоб ва густариши андешаҳо атрофи миллате, ки фарҳанги бисёрҳазорсола дорад, зарурат дошт? Ба маърази муҳокима кашидани хосиятҳои набуда ва интиқоди мардумони маҳалҳои Тоҷикистон ба суди кист?  

Ба ҳамаи онҳо бояд посух гуфт. Ва ҳам дар ҳоле, ки таҳрифкорон ба бештари саҳифаҳои таърихи тоҷик гулхати (тамғаи) худро мезананд, мабод, ки китоб нақшаи матраҳгардидае  бошад бо ҳадафҳои ниҳонӣ. Зеро ки китоб ҳанӯз ба дасти хонандаи тоҷик нарасида, дар кишвари дигар нашр шуд. Ва ҳам дар шарҳи он навиштаи дигаре аз хориҷи кишвар дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корида мешуд, ки мақоли «обмўрии аз боғ калон»-ро мемонд.

Аз натиҷаи омўзиши пешгуфтори китоб ҳувайдост, ки  он дар заминаи  ёддошту мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф ва  саҳифаҳои рўзгори ў асос ёфтааст  (с. 3). Шиносоии бевосита ба мазмуну моҳияти китоб нишон дод, ки дар он аслан маълумоте гирд оварда шудаанд, ки ба рўзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд. Дар аксари маврид  онҳо бидуни замина ва далелҳои муътамад нашр шудаанд.

Дақиқан ҳамбастагиву  иттиҳод ва ҳамдилии  сартосарии мардуми тоҷик  дар шароити кунунии рушди давлатдории тоҷикон дар заминаи сиёсати созанда ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтодааст, ки назир надорад. Ҳадафи муаллиф ба ҳамин дастоварди арзишманди мардуми тоҷик  лакнат задан аст. Ў дар миён мисол мезанад, ки «… ваҳдати миллии мо дар асоси шиорҳо мавҷуд буда, ҳамчун ваҳдати воқеӣ зоҳир намегардад» (с. 46).

Дар ҳамин раванд сулҳи воқеӣ, суботу амни ҷомеа ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистонро, ки пайи ободкорӣ ва созандагист, зери суол  мегузорад.

Бо талошу кўшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои расидан ба сулҳу ваҳдату якдилӣ ва ҳамовозии умедворонаи заковати таърихӣ  мардуми бонангу ватандўст натиҷаҳои дилхоҳ ба бор омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон омили қавию ҳаётбахши устувори истиқлоли давлатӣ гардид ва барои гузаронидани як силсила ислоҳоти муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан, демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кўтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу  соҳибихтиёр таҳким  бахшида шуда, қудрату нерумандии  давлат ташаккул ёфт.

Муаллифи китоб, ки аз ваҳдати мардуми Тоҷикистон хушнудӣ надорад ба таҳқиру интиқоди мардумони маҳалҳои гуногуни мамлакат мепардозад (с. 50-61).

Андешаҳои беасосу бепояи муаллиф мухолифатбарангез буда,  матн нишони возеҳи он аст ва таълифи китоб бўйи фармудаи бегона мекунад.

Мардуми минтақаи Кўлобро, бо вуҷуди меҳмондўстӣ, ҳақталошӣ, садоқату самимият ва дар аҳду дўстӣ содиқ будан [с. 53], дар мисоли соҳибмансабе қабеҳзабон тасвир мекунад.

Ҷойи дигар мардуми шаҳри Хуҷандро афзалияттарош, ягона мардуми дорои фарҳанги шаҳрӣ, тоҷирони бомаҳорат тавсиф карда, зимнан, илова мекунад, ки барояшон тиҷорат ва манфиат нисбат ба масъалаҳои ҳувият ва миллат аҳамияти бештар дорад: «худро аз дигарон болотар медонанд ва ба омадагон муносибати таҳқиромез раво мебинанд.» [с. 64-65].

Аҷиб аст, ки ҷойи дигар муаллиф гўё аз рўйи дилсўзӣ нисбат ба мардуми Бадахшон менависад: «Умедворам, ки дар ҷомеаи мо фасоду маҳалгароӣ решакан шавад ва қонунсолориву шоистасолорӣ рўи кор омада, эътимоди мардуми шарифи Бадахшонро ба даст орад ва онҳо низ худашонро як ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон  ҳис кунанд (ки ҳастанд!) ва ба ҳимояи қонун эътимод пайдо намоянд» [с. 60]. Ин навиштаи муаллифро чи дастур метавон маънидод кард, ки мардуми шарифи Бадахшон аз назари Ҳукумат канор рафтаанд?

Сафари чанде пеш ба вуқуъ пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари муҳаббати беандозаи мардуми ин минтақа ба Сарвари созандаи давлат буд.

Ҳукумати мамлакат асри XXI-ро асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон эълон намуда, баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, рушди рўзафзуни некуаҳволии мардум тамоми тадбирҳоро амалӣ мекунад.

Муаллиф дар масири «ковиши қуввату заъфҳои кишвар» маҳалгароиро асоси низоъу парокандагӣ дониста, иброз медорад: «Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад» [с. 6].

Аммо «нависандаи соҳибандеша» ҷойи дигар, бар хилофи мантиқи солим, дар мавриди мардуми водии Рашт ба назарнигории манфӣ пардохта, мардуми ин водиро мутаассиб ва дар ҳамкориву тиҷорат бе аҳду вафо ҳукм мекунад: «Дар мансубият ба маҳаллашон таассуб меварзанд ва дар ҳоли зиддият бо ҳам ба сар мебаранд. Тоҷикони ин диёр аҳли илму тиҷорат ва сарватдўстдоранд. Ман дар ҳамкорӣ бо касони аз ин диёр садоқат дар дўстиву вафо ба аҳд камтар таҷриба кардаам…» [с. 62].

Ҳамчунин бе овардани далелу ованд фасона мегўяд: «Соҳибкорон медонанд, ки дар додгоҳ ҳуқуқашонро ҳимоя карда наметавонанд, зеро додгоҳҳои иқтисодӣ дастур гирифтаанд, ки ҳамаи баҳсҳои иқтисодӣ бе эътино ба далелу мадраки соҳибкорон, ба суди мақомоти давлатӣ ҳал шавад» [с. 202]. Аз овардани ибораи «ҳуқуқи телефонӣ», ки гўё додгоҳҳои иқтисодӣ ба пуррагӣ ба ин ҳуқуқ гузаштаанд, чиро мехоҳад исбот кунад, тамоман норавшан аст [с. 202].

Бо кароҳат аз рушди иқтисодиёти ҳамагӣ 32-солаи замони соҳибистиқлолии кишвар дар сарзамини 93%-аш кўҳсор, ки як ҳиссаи хурди сарзамини таърихии тоҷикон маҳсуб меёбад ва онро аз сифр бунёд намудем, интиқод мекунад: «Аз ҷанги дохилии мо тоҷикон ҳам муддати қобили таваҷҷуҳе гузашт, кишвар ба амну осоиштагӣ расид, вале чаро дар масъалаҳои таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мо ба ҷое нарасидем?» [с.48].

Халқи Тоҷикистон, мардумони минтақаҳои гуногуни он аз сари иттиҳоду ҳамдилӣ дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо татбиқи сиёсати хирадбунёд ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон харобаҳои ҷанги шаҳрвандиро барқарор ва заминаи рушду пешрафти тадриҷии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро гузошта, дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ба дастоварду муваффақиятҳои чашмгир ноил гардиданд.

Чунончи аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (23.12.2022) бармеояд, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардидааст.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил додааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандўсту саховатпеша аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат буда, соҳибкорон дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас доранд. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Мутобиқи дастурҳои Пешвои миллат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ мунтазам тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла 190 ҳазор ҷойи кории нав дар соли 2022 таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуѓли аҳолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблаѓгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар зарфи 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас, дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Аҳолии мамлакат аз 5 миллиони соли 1991 дар соли 2022 ба 10 миллион нафар расид, яъне тамоюли афзуншавӣ ду баробар буда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур аст. Дар ин замина, тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгўйи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Хонанда  худ қазоват кунад: назарнигориҳои муаллифи китоб оё шоистаи як зиёиву ватандор метавониста бошанд? Чунин нигоштаҳои зудояндаи бовариву садоқат, заъфбарангези ҳамкориву сарҷамъии аҳолии минтақаҳои кишвар дар даврони мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ созанда аст ё сўзанда?

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
узви вобастаи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон

khovar.tj

Чоп кунед