Агар дар аввали солҳои истиқлолиятёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамагон мунтазири эҳтимоли оғози руёруҳои гуногуни харобиовар миёни баъзе аз онҳо дар заминаи бархурдҳои қавмӣ, амниятӣ, ҷиноятҳои созмонёфта, иқтисодӣ, талоши дастрасӣ ба манобеи табиӣ ва ғайра буданд, вале дар даҳсолаи охир акнун равобити онҳо баръакси ин пешфарзҳо хубтару беҳтар созмонёфта ва мутавозинтар ба назар мерасад. Ин равобитҳо на танҳо дар қолаби созмонҳои фароминтақавӣ, балки созмонҳои аз дохили баданаи худи минтақа зуҳуркарда ташаккул меёбанд. Ин тамоюл имконият фароҳам меорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бевосита дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар дар минтақа барои эҷоди як назми пойдор манфиатдор буданашонро дарк намоянд ва авҷи зуҳури падидаҳои низомзудой дар ҷабҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ҷилагарӣ намоянд. Хусусан созмонҳои минтақавӣ ба монанди Шурои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди наҷоти Арал имрузҳо хеле мувафаққона дар баробари чолишҳои бузурги байналмилалӣ барои коҳиши бештари мунозиоти минтақавӣ кумак менамоянд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки ин созмонҳо мутавозинсозу мутаодилкунандаи рафтори ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар посух ба масъалаҳои минтақавӣ, балки аксар маврид чолишҳои байналмилалӣ низ мебошанд. Баҳри иҷрои ин ҳадаф онҳо дидгоҳҳо ва мулоҳизоти худро нисбат ба падидаҳои фароминтақавӣ дар заминаи эҳтиром ба мавқеъҳои якдигар матраҳ менамоянд. Яке аз чунин масъалаҳо марбут ба вазъияти Афғонистон аст, ки таҳдиди мустақимро ба амнияти кишварҳои минтақа дорад. Ҷустуҷуи мавқеи муштарак алҳол барои пешниҳоди ҳалли вазъияти баамаломада мушкили ҷиддиро барои доираҳои сиёсию коршиносии минтақа эҷод кардааст.

Новобаста аз зуҳури баъзе масъалаҳо дар равобити кишварҳои минтақа ҷиҳати мусбат он аст, ки алҳол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусобиқаи сиёсию низомӣ барои эҷоди чолиш нисбати якдигар камтар мушоҳида мешавад. Зеро талошҳои ҳаллу фасли ихтилофотҳои ҷойдошта миёни онҳо имрӯз аллакай ба худ хусусияти ниҳодинаро касб кардааст, ки интихоби машварату гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба аз ҷумлаи онҳо мебошад. Мутолиа ва таҳлилҳои пайвастаи коршиносӣ ба кишварҳои минтақа кумак намудаанд, то рақобатҳои миёни худро аз вазъияти изтирорӣ ба арсаи талошҳои дарёфти имкониятҳои густурдаи ҳамзистии мусолиматомез табдил диҳанд.

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сиёсат ва иқдомоти созандаашон низ хатарҳои ба амнияти минтақавӣ таҳдидкунандаро тули солҳои охир ба таври назаррас коҳиш дода тавонистанд. Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба тадриҷ моҳияти сиёсати минтақаиро дигаргун хоҳанд кард. Яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ на зери чатри кишварҳои дигар , балки бо дарки равандҳои объективии ҷаҳони имрӯз дорои манфиатҳои муштарак будани худро дарк намудаанд ва барои ҳифзу татбиқи онҳо пайваста сайъу талош меварзанд. Ин тамоюл муҳитеро ба вуҷуд оварда истодааст, ки одамон беш аз пеш ба якдигар наздик мешаванд, гардиши коло миёни кишварҳо меафзояд. Иқтисодиёти онҳо тавассути ин равандҳо қудратманд шуда истодааст ва афзоиши ҳамасолаи рушди онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пайваста таъкид мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки дар чунин вазъият судмандии омӯзишҳои стратегии равандҳои минтақавӣ меафзояд. Мутолиоти стратегӣ ҳамчун яке аз шохаҳои аслии робитаҳои байналмилалӣ дар минтақа тавсеа ёфта истодааст. Аз ҷумла таваҷҷуҳ ба дарки таҳдидҳои ҷадид ба муҳити амниятии минтақа, аз ҷумла густариши терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ғайра аз ҳамин гуна масъалаҳои рӯзмарраи мавриди назар ба шумор мераванд. Баръакси ҳаракатҳои кунди солҳои пеш имрӯз минтақа мизбони чорабиниҳои муҳими коршиносони байналмилалиро ба дӯш гирифта истодааст ва мо шоҳиди суръати беш аз ҳадди таҳаввулот дар ин арса ҳастем.

Баргузори Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рузҳои 14 ва 15-уми сентябри соли равон бо рӯзномаи хеш сатҳу сифати ҳамкориҳои минтақавиро боло бурда, ба таҳкими амнияту субот ва рушди минтақа мусоидат хоҳад кард. Боварии моро ба ин ҳадаф баргузории чорабиниҳое, ки пеш аз оғози нишасти мазкур дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир шуда истодааст меафзояд.

Усмонзода Хайридин Усмон,
доктори илмҳои фалсафа,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед