Бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо сокинону фаъолон бо ҷалби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон ва ҲХДТ ва дигар сохторҳои дастгоҳи ноҳия дар мавзуи “Конститутсия – омили истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Нурулло Оқилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси ноҳияи Нуробод – Додарҷон Ҷобирзода ширкат намуданд.
Чорабиниро раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода ҳусни оғоз бахшид.Мавсуф меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки баргузории чунин чорабинӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” амри зарурӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифтаи сиёсиву ҳуқуқии сокинон нақши муҳим хоҳад гузошт.
Сипас, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Нурулло Оқилзода шунида шуд. Ӯ дар суханронии хеш аз дастовардҳо ва музаффариятҳое, ки кишвари мо бо шарофати қабули Конститутсия ба онҳо ноил шуд, ёдоварӣ кард. Таъкид гардид, ки қабули аввалин Конститутсияи кишвар бо забони тоҷикӣ аллакай муваффақияти бузург ба ҳисоб мерафт. Бо қабули ин санади сарнавиштсоз мо Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ сохтем.
Зимни суханронияш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам доир ба волоият ва арзиши баланди қонун, эҳтиром ба он ва бо ин роҳ тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа изҳори назар кард. Гуфта шуд, ки ҷавҳари аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои волои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, шоистасолорӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати комили халқ ташкил медиҳад. Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо ҳар яки мо бояд бо дарки эҳсоси баланди масъулият бо огоҳӣ аз донишҳои замонавӣ дар самти тақвияти шуури ҳуқуқии сокинон талошҳои бедареғ варзем.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода зимни суханронӣ қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи ягонаи сиёсии мардуми шарифи кишвар таҷассум ёфтааст. Мардуми Тоҷикистон бо ихтиёр ва истифода аз ҳаққи интихоби хеш Конститутсияро қабул намуда, роҳи минбаъдаи давлатро мушаххас карданд. Конститутсия ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии бинои давлатдорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузор аст. Хайриддин Усмонзода, инчунин, оид ба масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа, аз ҷумла, каҷрафтории иҷтимоӣ, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи нодуруст аз воситаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ фикру андешаи хешро баён дошта таъкид намуд, ки дар ин мавридҳо истифодаи самараноку бамавқеи бархе аз ниҳодҳои таъсиргузори иҷтимоӣ дар ҷомеаи суннатии мо, ба монанди ҳамсояҳо, хонавода, шабакаҳои хешовандӣ, ҳамсолон муҳим аст. Дар ҳолати фаъолияти пурсамари ин ниҳодҳо ҷомеа метавонад бидуни татбиқи муҷозотҳои ҳуқуқӣ шиддати ифротгаройиро паст намуда, сатҳи афроди доғи судӣ доштаро камтар созад. Натиҷаҳои дар ин самт ба даст омада дар навбати худ беихтиёр барои тасдиқи устувории легетимнокии ҳокимияти давлатӣ дар шохисҳои байналмилалӣ хидмат менамояд. Зеро нишондоди сатҳи пасти қонуншиканӣ далолат ба мавҷудияти иродаи риояю эътирофи худ ба худи меъёрҳои санадҳои қонунгузории мамлакат менамоянд. Мутаассифона, алҳол дар шохисҳои байналмилалӣ, шохисҳои ба ҷурми ифротгаройӣ доғи судӣ доштани шаҳрвандони мо нисбат шаҳрвандони дигар кишварҳои ҳамсоя болотар аст. Аз ин рӯ, масъалаи таҳмил кардани муҷозотҳои судӣ бар афроди муҷрим барои баъзе амалҳои аломати сабукдошта, бояд ба шакли танбеҳу ислоҳӣ иваз карда шаванд.
Бояд ба инобат гирифт, ки ваколати ҷазо доданро аз номи ҷомеа танҳо ниҳодҳои қудратии расмӣ ба амал мебароранд на шахсони ҷудогона. Зеро агар шахсони ҷудогона иҷрои ин гуна амалро ба зимма гиранд, ин маънои фалаҷшавию корношоямии фаъолияти ниҳодҳои қудратиро дошта метавонад. Давлати устувору ҳуқуқбунёд ҳеҷ гоҳ ба ин иҷозат намедиҳад. Дар хусуси ин масъалаҳо таъкид карда шуд, ки сабаби аслии мавҷудияти чунин мушкилиҳо дар ҷомеа ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо таблиғу ташвиқ ва омӯзишу тадрис сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суханрониаш таъкид намуд, ки саодати аслии ҳар як қавму миллат дар сарҷамъиву иттиҳод, ваҳдат ва ҳамдилии халқ аст. Ӯ аз нуктаҳои асосии мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли ҷорӣ ёдоварӣ карда, масъалаҳои пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана, ҷашну маросим, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба инро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия ба музокира баромада, фикру мулоҳиза, андеша ва таклифу пешниҳодҳои хешро иброз намуданд.
Чорабинӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон