Рӯзи 24 май соли 2023 вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон бо ҳамоҳангсози миллии барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Наргиза Абдуқодирова баргузор гардид.
Дар ибтидои мулоқот Хайриддин Усмонзода мавсуфро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ташрифи ӯро ба Маркази тадқиқоти стратегӣ омили таҳкими ҳамкории Раёсати СММ оид ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуд.
Дар рафти суханронӣ директори Марказ оид ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилиро ба амнияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун таҳдид арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ, сарчашмаи асосии дастгирии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, маҳз гардиши ғариқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ фароҳам оварда шуда, инчунин, ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва зерсохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъсиси дода шудааст.
Аз ҷумла иброз гардид, ки хушбахтона, дар кишвари мо тамоюли пастравии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ба назар мерасад, ки ин аз фаъолияти пайвастаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Зимни мулоқот Наргиза Абдуқодирова оид ба самтҳои асосии фаъолияти Раёсати СММ доир ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки самти асосии фаъолияти барномаи UNODC маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, рӯйдодҳои охири баамаломада дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ, зарурати таҳкими ҳамкории мутақобиларо дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ бештар мегардонад.
Наргиза Абдуқодирова қайд намуд, ки ҳоло дар кишварҳои минтақа гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ заминаи рушди ҷинояткорӣ гардид, ҷиҳати таҳлилу баррасии ин мушкилот мо натанҳо бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки бо ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳо ҳамкориро тақвият мебахшем.
Дар рафти суханронӣ Наргиза Абдуқодирова оид ба ҳадафҳои асосии пажуҳиши минтақавӣ дар хусуси вазъи қочоқи аслиҳаи оташфишон ва ҳамбастагӣ миёни терроризм ва ҷинояткории муташаккил дар Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки таҳқиқот аз панҷ қисми асосӣ иборат буда, дар он масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, хатарҳои амнияти минтақавӣ, ҷанбаҳои гендерӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва пешниҳоди хулоса ва пешниҳодҳо оид ба мубориза бар зидди, маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ баррасӣ мегарданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти ҶТ