Имрӯз 21 август вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ф, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон бо роҳбари навтаъйини Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид.
Дар оғози сӯҳбат директори Марказ Усмонзода Х.У., меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои таъйин шуданашон ба мақоми нав дар яке аз сохторҳои муҳимми СММ табрику муборакбод гуфта, ба фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуданд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки таъин гардидани муҳтарам Каха Имнадзе ба сифати роҳбари нави UNRCCA ҷиҳати таҳкими фаъолияти ин ниҳоди СММ мусоидати амиқ хоҳад намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуданд. Ҳангоми суҳбат, аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои коршиносони минтақа дар солҳои охир ёдоварӣ гардида, дастгирии минбаъдаи он ба манфиати кишварҳои минтақа дониста шуд. Вобаста ба дурнамои тақвияти чунин робитаҳо баррасии масъалаҳое зикр гардид, ки дарёфти роҳи муносиби ҳаллашон ба манфиати минтақа буда, таҳлили амиқи коршиносиро тақозо менамоянд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо аз таҳкими ҳамкории мутақобила дар самти масъалаҳои муҳимми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва дигар масоили мубрам барои ҷонибҳо манфиатовар истиқбол менамоянд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва мутақобилан судманд сурат гирифт.