6 феврали соли 2025 мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади ҷамъоварии иттилоот барои омода намудани Ҳисобот оиди рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ (ҲРИША) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот муовини аввали директори Марказ Муртазозода Ораз меҳмононро хайримақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию таҳлилӣ ва нақши Марказ дар тадқиқи равандҳои мубрами иҷтимоию иқтисодӣ маълумоти мушахасро ироа намуд.

Дар навбати худ, намояндаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Баҳром Зияев ҳадафҳо ва ҷанбаҳои асосии тадқиқотро шарҳ дода, аҳаммияти онро барои таҳлили монеаҳо дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар қайд намуд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои таҳқиқот ба татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва инчунин таҳияи стратегияи нав то соли 2045 мусоидат хоҳанд кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини директори Марказ Ҷурахонзода Саодат суханронӣ намуда, масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ барои бозори меҳнатро бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин самт барои рушди устувори кишвар таъкид намуд.

Ҷонибҳо оид ба равиши консептуалӣ ва мӯҳлати таҳияи таҳқиқот мубодилаи афкор намуданд. Ба масъалаҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ, ки барои омӯзиши ҳамаҷониба заруранд, диққати махсус дода шуд. Роҳбарияти Марказ омодагии худро барои мусоидат ба тадқиқот, аз ҷумла тавассути иштирок дар Гурӯҳи корӣ, ки ҳамоҳангсозии раванди омодасозии ҲРИША-ро таъмин мекунад, изҳор намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои минбаъдаро иброз намуда, ба ҳамкории самарабахш дар доираи тадқиқот изҳори омодагӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии 
 Тоҷикистон

Чоп кунед