Рӯзи  29  июни  соли 2021 дар шаҳри Тошканд бо  ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бодастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ таҳти унвони “Форуми байналмилалии коршиносии ИДМ доир ба масъалаҳои  таъмини амнияти иттилоотӣ” видеоконференсия баргузор гардид.Дар кори Форум роҳбарони вазорату муассисаҳои соҳавӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои илмию академӣ ва коршиносиии давлатҳои узви ИДМ ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасӣ ва арзёбии проблемаҳои таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу фасли онҳо  дар шароити рушди бемайлони масоили рақамӣ дар фазои ИДМ, коркард ва пешниҳоди тавсияҳои алоҳида доир ба муқобилати дастаҷамъӣ алайҳитаҳдид ва хатарҳои амният дар фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  буд.                

Ҳамоишро директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдар Арипов ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  Форумро хайрамақдам гуфт. Сипас  раиси Кумитаи иҷроия–Котиби иҷрояи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардори Департамент доир ба рушди IT-технология, телекомуникатсия ва фаъолияти инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров, директори генералии Кумитаи иҷроияи  Иттиҳоди минтақавии ИДМ дар соҳаи алоқа Нуриддин Муҳиддинов  суханронии табрикӣ намуда, баргузории чунин нишастро дар фазоди иттилоттии ИДМ муҳим ва муфид арзёбӣ карданд.   

Дар  бахши  дуюми  ҳамоиш таҳти унвони “Муқобилат алайҳи ҷиноятҳо бо истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар радифи дигар намояндагони давлатҳои узви ИДМ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ суханронӣ намуда, зимнан тазаккур дод, ки имрӯз созмонҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои номатлуби худ дар радифи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ ба таври васеъ истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст, чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле  амиқ мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ шарҳу тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯйи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони муосир метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт, зеро ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ робитаи зич доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлатҳоямон роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, тадбирҳои самарабахши дастаҷамъӣ наандешему амалӣ насозем, ба амнияти миллии  ҳар як давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилтаъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, баргузории Форуми имрӯза аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ростои ҳамоҳангсозии амалу фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, табодули маълумоти зарурӣ, пурзӯр намудани муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи таҳдидҳои терроризм ва экстремизм дар фазои амнияти иттилоотии ИДМ мусоидат хоҳад кард.      

Видеоконференсияро раиси Кумитаи иҷроия–Котиби иҷрояи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардори Департамент доир ба рушди IT-технология, телекоммуникатсия ва фаъолияти инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Дар охири ҳамоиш “Санади ҷамбастии Форуми коршиносии байналмилалии Форуми ИДМ доир ба масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ қабул ва эълон карда шуд.          

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  баргузор гардид.

     
 Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
               Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед