Рӯзи 25 майи соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи навтаъсиси Осиёи Марказӣ ва намояндагии  ЮНЕСКО-и Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Мустаҳкамгардонии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ”  видеоконфронси онлайнӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори  Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Анвар Носиров ва директори Намояндагии ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ян Хладик ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷаласаи пленарии нишаст Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, сардори Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман, раиси Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) Султон Раҳимзода, намояндаи доимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар созмони ЮНЕСКО Умед Шодиев, танзимгари доимиии СММ Хелена Фрейзер, танзимгари лоиҳаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Пейр фон Аркс маърӯза карданд.

Дар  бахши  аввали конфронс таҳти унвони ” Рӯйкардҳои кишварҳо дар бобати мустаҳкамгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи об” дар радифи намояндагони ҳайатҳои дигар давлатҳо, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов  дар мавзӯи “Мустаҳкамгардонии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ”  суханронӣ намуд.

Иштирокчиёни видеоконфронси онлайнӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи гуногуни об мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед