Рӯзи  27  июли  соли 2021   бо  ташаббуси  Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Академияи Шанхай видеоконференсия таҳти унвони “Муколамаи бисёрҷониба доир ба вазъи Афғонистон” баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Чжуанчжи ва муовини директори Бюрои корҳои илмиву таҳқиқотии Академияи Шанхайи назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, ноиби доимии  президенти Академияи Шанхай ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  ҳамоишро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас роҳбари Ассосиатсияи дӯстиии Чину Араб, собиқ сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Султонаҳмад Беҳин, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода,  аспиранти Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва  таҳқиқоти дипломатии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммадимир Раъно, аспиранти Маркази таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Ориён Шарифӣ, муовини директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Ҷумҳурии Исломии Чин Ван Шида, сарходими илмии Шӯро доир ба корҳои стратегии муносибатҳои Чин ва Русияи Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Су Чан ва дигарон суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш  мавзӯъҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:

  1. Вазъи кунунӣ ва тамоюл дар соҳаи амният дар Афғонистон, ҳамкорӣ ва дурнамои неруҳои сиёсӣ дар Афғонистон, дурнамои музокироти сулҷӯёна.
  2. Имконият ва роҳу воситаҳои таъсиси ҳукумати муваққатӣ дар Афғонистон.
  3. Таҳдиду хатарҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба бад шудани вазъияти амниятӣ дар Афғонистон.
  4. Вокуниши ИМА ба низоъ дар Афғонистон, ҳамкориҳои ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба қазияи Афғонистон.
  5. Ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои Афғонистон: самтҳои асосӣ ва авлавиятҳои ҳамкориҳо байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя (Осиёи Маркаӣ, Эрон), Чин, Русия, ИМА, ҳамкориҳо дар қазияи Афғонистон дар чаҳорчӯбаи СҲШ.

Видеоконфересияро муовини директори Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Ли Чжэнли  ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

     
  Хадамоти  матбуотии
Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед