ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ аз кушта шудани 41 нафар бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон хабар дод.
«Ҳоло мо марги 41 нафарро дар натиҷаи амалҳои таҷовузкоронаи Қирғизистон таъйид карда метавонем», — гуфт ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ.