Ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, марҳала ба марҳала густариш ёфта, тамоми бахшҳоро дар бар мегиранд. Яке аз ин кишварҳо давлати Қатар аст, ки аз соли 1994 бо кишвари мо робитаҳои дипломатӣ дорад. Давлати Қатар яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб аст. Аввалин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар дар соли 2007 иттифоқ афтод ва ин ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо Давлати Қатар асос гузошт.
Баъд аз ин сафари пурбарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давҳа, дар ҷавоб амири вақти давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ аввалин роҳбари кишвари арабӣ буд, ки соли 2007 аз Тоҷикистон дидан намуд ва дар Душанбе чандин санад ва ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо иброз намуда, истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда барои боз ҳам боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро зарур шумориданд. Соли 2012 дар Душанбе сафорати Қатар ифтитоҳ ёфта, баъд аз як сол сафорати Тоҷикистон дар Қатар ҳам боз шуд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар номзадиашонро ба Шӯрои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намуданд. Байни ду кишвар бо ташаббуси Қатар табодули ёддошт ҷиҳати дастгирии ҳамдигар сурат гирифтааст. 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дари санаи 16 октябри 2017 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи 2-юми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари ба ҳам бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷонибҳо зимни музокирот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз ҷумлаи самтҳои судманди ҳамкорӣ маънидод карданд.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд, ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди Қатар дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии сармоягузорӣ зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоии байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи туризм аз самтҳои дигару муҳимми ҳамкории оянда маънидод карда шуд.
Вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодиву – тиҷоратӣ бояд гуфт, ки давлати Қатар яке аз кишварҳои арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои сармоягузории Қатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи 300 миллион доллар амалӣ мешавад, ҳамчунин бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад.
Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникию илмӣ байни ду кишвар амал мекунад ва октябри соли 2012 аввалин нишасти он дар Душанбе доир гашт.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар номзадиашонро ба Шурои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намуданд. Байни ду кишвар бо ташаббуси Қатар табодули ёддошт ҷиҳати дастгирии ҳамдигар сурат гирифтааст.
Дар санаи 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти пазирои расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири давлати Қатар ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносиботи гуногунҷанба бо Давлати Қатар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии мо қарор дорад ва барои рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва амният санадҳои нав омода шудааст.
Таъкид гардид, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёди мусоид мавҷуд аст ва татбиқи лоиҳаҳои он барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.
Ҷонибҳо бо он ҳамфикр буданд, ки барои истифодаи имконоту зарфиятҳои мавҷуда ва густариши равобити иқтисодӣ ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар доир ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ метавонад саҳми муносиб гузорад.
Ба рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус робитаи доимии доираи соҳибкорону тоҷирон, ҳавасмандии зиёд зоҳир гардида, барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, саноати сабук, коркарди сангу физилоти қиматбаҳо, физилоти рангаву сиёҳ, иштирок дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотии байни олимону табодули донишҷуёну омӯзгорон пешниҳод карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаҳои бисёр хуб дорад ва дар ҳалли бисёре аз масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар бо истифода аз имкониятҳои Тоҷикистон саҳми назарасе доранд.
Сафари навбатии Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар нақши муҳимме ифо мекунад. Ҳамчунин, оғози марҳалаи дувуми лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки бо сармояи Қатарӣ бунёд мешавад, дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ хеле муассир аст. Дар ин сафар қарор аст, бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ, ки бо маблағгузории Тоҷикистон ва Қатар дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, ифтитоҳ гардад, ки дар таҳкими робитаҳои маънавию фарҳангии миёни ду миллати дӯсту бародари Тоҷикистону Қатар солҳои сол метавонад хидмат кунад.
НЕЪМАТУЛЛО Қутбидинов
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС – и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон