Ҳамасола дар баробари дигар соҳаҳо, таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз бахшҳои калидии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад.

Чун солҳои қабли имсол низ Паёми Президенти мамлакат ба мақоми Олии қунунгузории кишвар ироя гардид ва дар натиҷаи он дастовард, мушкилот ва самтҳои асосии ин бахши муҳими иқтисодиёт ҳамчун мақсаду вазифаҳои нави фаъолият муайяну мушаххас карда шуданд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон бо баррасии муҳимтарин рўйдодҳои соли 2022 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда, сарфи назар аз таҳаввулоти иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус, вусъати гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо дар маҷмӯъ, ҳамчун соли бобарор барои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди, аз ҷумла бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ низ арзёбӣ карда шуд.

Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ нахуст аз дасовардҳои соҳаи мазкур сухан карда, зикр намуданд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:

  • Пешнӣ шудани беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ дар қонунгузории кишвар барои рушди соҳибкорӣ;
  • Танҳо дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин рақам дар давоми солҳои 2016–2018 ба 15 миллиард сомонӣ баробар буд;
  • Ҳоло аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад;
  • Шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст;
  • Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки ин нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад;
  • Пешвои муаззами миллат иброз доштан, ки танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ин бешубҳа, аз саҳми назарраси соҳибкорони мамлакат дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои аҳамияти итимоию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дарак медиҳад;
  • Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории, дар давоми соли 2022 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор гардиданд. Дар ин раванд, танҳо дар натиҷаи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб–2022», Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест–2022» ва бизнес форуми Тоҷикистону Белорусия 65 санади ҳамкори дар ҳаҷми беш аз 9,1 миллиард сомонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд;
  • Дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоиз ё беш аз 20 миллиарди он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Доир ба ин масъала Пешвои миллат таъкид нгамуданд, ки ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.

Ҳамин тавр, ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми панҷ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии он ба ҳисоби миёна 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар соли 2022 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми худ ибрози ақида намуданд, ки ҳоло бо дарназардошти имкону захираҳои мавҷуда, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, захираҳои мехнатӣ, иктидорҳои истеҳсолӣ, тадбиқи иқтисоди сабз ва талаботи рузафзун ба маҳсулоти саноати дар дохил ва хориҷи кишвар, раванди таҳсиси коргоҳу корхонахои истехсолӣ, таъсиси чойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ то хади ниҳои ҳоло хам кифоя нестанд.

Бинобар ин, баъди ҷанбасти дастовардҳои асосии ин бахши муҳими иқтисодиёт дар соли 2022, Пешвои миллат барои таҳким ва рисидан ба дастоварду комёбиҳо дар ин самт дар соли оянда дар назди масъулини соҳа вазифаҳои нав гузоштанд, аз ҷумла:

  • Бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то ба 60 фоиз ихтисор карда шавад;
  • Масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад;
  • Аз 1–уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад;
  • Ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд;
  • Андешидани чораҳои зарӯри ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ. Зикр карда ба маврид аст, ки дар шароити иктисоди бозори дастраси ба захирахои карзи-молияви, хусусан карзхои имтиёзнок барои сохибкорон ягона рохи муътадил ва устувор  нигох доштани вазъи молияви, ба таври зарури захира намудани ашёи хом,  баркарор  ва пура намудани воситахои асоси ва гардон ба хисоб меравад;
  • Роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловаги, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ;
  • Андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати сохта, ба истифода додани корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла марҳала ба марҳала бунёди 4 корхонаи истеҳсоли доир ба коркарди ниҳоии металлҳои қиматбаҳо дар ш.Душанбе.

Дар маҷмӯъ ҳарчанд, ки дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва дар ин замина, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале вазъи зудтағйирёбандаи ҳаҷони муосир, аз ҷумла вусъат паёдо кардани таҳаввулоти раванд дар иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус, авҷ гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва молиявӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо тақозо менамояд, ки ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тавасути беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ пайваста чораҷӯи намоем ва, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам 8 фоиз таъмин намоем.

Хулоса, ба андешаи мо, агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар тадбиқи мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар Паём гузошташуда, ҳамчун санади фарогир ва барномаи стратегии воқеан амалӣшаванда ва амалисозии силсила дастуру ҳидоятҳои қатъию мушаххасӣ Пешвои миллат, воқеъбинона назар кунанду онҳоро, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва дастригии ҳамаҷонибаи соҳибкорон дар амал тадбиқ намоянд,  кишврри мо дар самти расидани ба ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус саноатикунонии босурат рушди ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳамчун ҳадафии олии ҳукумати мамлакат бо қадамҳои устувор меш хоҳад рафт.

Одиназода А.И.
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

 

 

 

Чоп кунед