“Тавре мушоҳида мегардад, буҳрони сиёсӣ дар ҷаҳони имрўза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд”–  қайд гардид дар суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, 18.06.2022, дар ноҳияи Данғара.

 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид менамояд, ки башарият воқеан бо табиат дар ҳолати ҷанг қарор дошта, бархе аз ин низоми кунунии ғизо аст, ки аз се як ҳиссаи онро партофти газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки боиси аз байн бурдани гуногунии биологии табиатро ба миён меоварад. Мавсуф дар суханронии худ қайд менамояд, ки низоми имрӯзаи ғизои муосир бесамар ва нобаробар мебошад. Масалан, зиёда аз 780 миллион нафар гурусна буда, тақрибан сеяки тамоми маҳсулоти истеҳсолшуда талаф ё исроф мешаванд. Беш аз се миллиард нафар одамон наметавонанд ғизои солимро харидорӣ намоянд, аммо зиёда аз ду миллиард нафар  ва вазни зиёдатӣ ё ба бемории фарбеҳӣ гирифтор мебошанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар шароити кунунӣ имконияти мувоҷеҳ гардидан бо 462 миллион нафарро дорем, ки аз ҳад зиёд камвазн мебошанд.

Бештари коршиносони ҷаҳон бар он ақидаанд, ки дар соли 2024 эҳтимолияти баланд гардидани нархи маҳсулоти хӯроквории асосӣ, аз қабили ғалладонагиҳо, равған, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ аз эҳтимол дур нест. Инҳо маҳсулоте мебошанд, ки дар истеъмолоти ҳаррӯзаи аҳолӣ васеъ истифода гардида, барои тавлиди неруи бадан ва калориянокии он нақши муҳим мебозад. Ин маҳсулотро метавон дар ҳолати кунунии истеъмолӣ истифода намуда, ё ин ки ба таври коркарди иловагӣ дар саноати хӯрокворӣ молу маҳсулоти нав омода намуд.

Вобаста ба он мушкилоте, ки љањони имрӯзаро фаро гирифтааст, кишвари моро низ водор месозад, то чорањои зарурї андешанд, чунки Љумњурии Тоҷикистон низ яке аз узвњои ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза буда, вобастагии калон аз дигар давлатҳо дорад. Имрӯз дар ҷумҳурї баландгардии нархњои молу мањсулот (навобаста аз воридотї ё молњои ватанї будан) ба чашм мерасад, ки боиси ташвишҳои шањрвандони кишвар гардидааст. Таъсири болоравии нархи молу маҳсулоти воридотї ба самтҳои гуногун соҳаҳои ҷумҳуриямон таъсиррасон мебошад, аз ҷумла, ба соҳаи кишоварзӣ ва махсусан чорводорӣ.

Хушбахтона, дар чор моҳи аввали соли 2024 дараҷаи болоравии босуръати нархи молу маҳсулоти асосӣ дида намешавад, танҳо дар баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла  шакар нархи (ҳар сол аз 15 то 20 дарсад) ва орд эҳтимолияти баланд гардиданро дорад. Новобаста аз ҳамаи ин, бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати кишвар дараҷаи мувозинати нархҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ҳатто  нархи баъзе аз онҳо пастар мегардад. Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, дараҷаи нархҳо дар бозорҳои “Ворисони Сомон”, “Сафариён” ва дигар бозорҳои шаҳри Душанбе таносуби нархҳо аз рӯйи 14 номгӯйи маҳсулоти хӯрокворӣ чунин буданд.

Ҷадвали 1

Нарху навои хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе

 

Номгӯйи маҳсулотҳо

 

 

Нархҳо дар соли 01.08.2023 (ба ҳисоби сомонӣ) Нархҳо дар соли 26.04. 2024 (ба ҳисоби сомонӣ) Фарқ бо %.
1. Орд 240,0 270-290 12,5-20
2. Гандум 4,5-6 4,5-5,5 -8,4
3. Равған 90,0 85,0 -5,6
4. Шакар 11,00 11,5 4,5
12,00 12,5 4,1
5. Картошка 6,5 6,00 -7,7
5,5 5,00 -9,1
6. Пиёз 3,00 2,5 -26,7
7. Сабзӣ 5,00 2,5 -50
5,5 3,00 -47,5
8. Биринҷи маҳаллӣ 18,00 18,00
25,00 25,00
9. Гӯшт 68,00 70,00 2,9
70,00 75,00 7,1
10. Гӯшти мурғ 30,00 34,0 13,3
35,00 38,0 8,5
11. Тухм 1,2

1,3 8,3
12. Лӯбиё 20,00 20,0
13. Нахӯд 26,00 30 15,3
14. Шир 7 8 14,2

Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти аз Шуъбаи итиллоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии институти ИТСРК-и назди АИКТ

 

Аз ҷадвал ба мо аён мегардад, ки дар аввалҳои соли 2024 болоравии нарху навои молу маҳсулоти хӯрокворӣ дар дараҷаи тавозун қарор дорад. Ҳатто баъзан маҳсулоти кишоварзӣ нисбатан аз соли гузашта арзон гардидааст. Аммо эҳтимоли болоравии нархи орд дида мешавад, ки аз ҳама нишондиҳандаи зиёд мебошад. Болоравии нархи шакар бошад, аз охирҳои соли 2023 ба миён омада, дар соли 2024 дар бозорҳо то 5 дарсад баланд гардида истодааст. Метавон гуфт, ки ба ғайр аз шакар, орд, равған ва дигар навъи маҳсулотро дар ноҳияҳои дигари кишвар боз ҳам арзонтар метавон дид. Нархи гандуми маҳаллӣ дар ҳолати пастшавӣ қарор дошта, нархи орди содиротӣ рӯ ба афзоишёбӣ қарор дорад.

Ба ҳамин монанд метавон гуфт, ки нархи маҳсулоти моҳигӣ, ки барои саломатии аҳолӣ бениҳоят манфиатбахш мебошад, дар ҳолати мутавозунӣ (нисбат ба соли гузашта баланд нагардидааст) қарор дошта, танҳо навъи гулмоҳӣ аз нархи 105 сомонии соли гузашта ба 85 сомонӣ дар соли 2024 расидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар зиёд гардидааст.

Нархи мевагиҳо бошад, дар соли 2024 нисбатан муқаррарӣ буда, нисбати соли гузашта, на онқадар баланд гардидааст, ки дар ҷадвали 2 нишон дода шудааст:

Ҷадвали 2.

Маҳсулоти ситрусии хориҷӣ ва маҳсулоти барвақтии ватанӣ

 

Номгӯйи маҳсулот Нархҳо дар соли 01.08.2023 (ба ҳисоби сомонӣ) Нархҳо дар соли 26.04. 2024 (ба ҳисоби сомонӣ) Фарқ

бо %.

1. Банан 5-6 5-6
2. Апелсин 35 35
3. Ананас 70 60 -14,3
4. Киви 50 30 -40
5. Себи хориҷӣ 40-45 20-40 -11,2
6. Ноки хориҷӣ 45-50 25-40 -44,5   -20
7. Мандарин

Маҳсулоти мевагии барвақтии ватанӣ

9. Қулфинай 25-50 20-50 -20
10. Гелос 15-50 15-50
11. Зардолу 5-15 10-20 100-33

Маҳсулоти мавсимӣ

13. Сиёҳалаф 1 бандча 5 сомонӣ
14. Чукрӣ 1 бандча 5 сомонӣ
Чукрии таҳсангӣ 1 кг 40-60 сомонӣ
Занбурӯғ 1кг 80-120 сомонӣ

Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти Шуъбаи итиллоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии институти ИТСРК-и назди АИКТ

Тавре аз ҷадвали 2 аён мегардад, маҳсулоти ситрусӣ дар кишвар нархашон поён гардидааст. Маҳсулоти мевагиҳои барвақтӣ низ нисбати соли гузашта нархашон поён мебошад, танҳо дар ин ҷо нархи зардолуро мо мебинем, ки як маротиба афзоиш ёфтааст, ки ин  тафовут на дар миқдори истеҳсол, балки дар мавсимаш мебошад. Аз сабаби оне, ки зардолу алакай ба бозор бароварда шудааст, нархи он нисбат ба давраи соли 2023 гарон мебошад. Ҳамзамон, боришоти давомдори имсола сабаб гардид, ки ин мевагиҳо аз 15 то 20 рӯз дертар пухта расанд.

Маҳсулоти мавсимӣ бошад, дар соли 2024 бениҳоят зиёд мебошад, бо вуҷуди ин, талабот низ ба ин маҳсулот зиёд гардидааст. Нархи онҳо вобаста аз ҷойҳои фурӯш (масалан, дар роҳҳои калони нақлиётгузар) ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар умум, дар бозорҳои пойтахт арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ як андозае коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, бояд тазаккур дод, ки эҳтимолияти афзоиш ёфтани арзиши маҳсулот дар рӯзҳои баъдӣ ба назар намерасад, вале аҳолии кишвар аз ин вазъият набояд фориғбол бошанд, чунки танҳо ҳодисаҳои табиие, ки дар даҳ аввали моҳи апрел ба вуҷуд омаданд, ба маблағи триллионҳо доллари ИМА таъсири бадашро ба соҳаи кишоварзӣ расонидааст.  Аз ин лиҳоз, аҳолии кишвар ва кишоварзонро зарур меояд, ки ҳарчи зиёдтар кишти такрорӣ ва аз як замин ду ё се ҳосилро гирифтан, то дар дилхоҳ ҳолати ба амал омада, аз захираи доштаи худ истифода бурда тавонем.

Пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки таъмини амнияти иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар мадди аввал қарор дода, дар ин замина тавонем, ки саҳми арзандаи худро гузорем.

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед