Таҳлили руйдодҳои Афғонистон бори дигар собит месозад, ки вазъи кунунии Афғонистон пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва ба сари ҳокимият омадани гурӯҳи Толибон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст. Пешгӯии минбаъдаи раванди низомию сиёсӣ дар инкишвар ниҳоят мушкил аст.

Мавриди зикр аст, ки аз лаҳзаи таъсиси ҳукумати нави Толибон таҳти унвони Аморати Исломии Афғонистон зиёда аз ҳашт моҳ сипарӣ шавад ҳам, аммо то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишвар ба таври расмӣ эътироф нагардидааст. Мутаассифона, ҷараёни руйдодҳо дар ин кишвар рӯз аз рӯз ранги нав пайдо намудааст, ки на танҳо ба амнияти Афғонистон, балки ба амнияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пайомадҳои ногуворро ба бор оварда метавонад.

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои тахрибкоронаи  худро амалӣ намуда, фаъолиятҳои зиддибашарии худро густариш дода истодаанд.

Мувофиқи иттилоотҳое, ки дар матбуоти дохилию байналмилалӣ нашр гардидаанд авзои сиёсиву низомии Афғонистон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст. Зеро бо фаро расидани мавсими гармӣ амалиётҳои густурдаи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонисон дар Панҷшеру Андароб афзоиш ёфта истодаанд. Гузашта аз ин як қатор ҷабҳаҳои алоҳидаи муқовимат алайҳи Ҳукумати ба ном Аморати исломии Афғонистон, аз қабили “Ҷабҳаи озодагон”, “Шурои олии Муқовимат” ва дигар ҳаракатҳо мавҷудияти худро эълон намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи баъзе гузоришҳо дар Афғонистон тақрибан ҳар рӯз ҳамлаҳо алайҳи Толибон сурат мегиранд. Бар асари ҳамлаи нерӯҳои муқовимат Наим Заркабӣ, фармондеҳи калидии Толибон дар Панҷшер сахт маҷрӯҳ шудааст. Илова бар ин, нерӯҳои муқовимат як посгоҳи Толибон дар вилояти Бағлонро тарконданд, ки дар натиҷа 5 узви ин ҷунбиш кушта ва ҳашт тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳодисаи дигар дар вилояти Каписа сабт шудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷараёни ҳамлаи партизанӣ роҳбари  разведкаи Толибон дар вилоят ва шаш шарикони ӯ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ Аҳмад Масъуд паҳн мешавад, ки дарон гуфта мешавад,  “муҷоҳидин барои амалиёти низомӣ алайҳи Толибон омодаанд.”

Муқовимати Андаробиҳо ва Ҷабҳаи Озодагон амалиётҳои низомии хешро бо роҳбарияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамоҳанг менамояд. Қарор аст, ки ҳамоҳангии тамоми гурӯҳҳои зидди Толибонӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эҷод гардад ва раванди озодсозии кишвар аз таҳти нуфузи Толибон сатҳу сифати нав касб намояд. То ҳол дар баробари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 9 ҷабҳаи муқовимати дигар алайҳи ҳукумати нави Толибон дар ҳоли шаклгирист.

Толибон новобаста ба ваъдаҳо ва ӯҳдадориҳои худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба масъалаи эҳтироми ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама ба занону кӯдакон беэътинои худро идома дода истодаанд. Барои мисол, Толибон имрӯз кушиш намуда истодаанд, ки дар системаи таҳсил низ дигаргуниҳои зиёдеро, ки хоси талаботҳои ҷомеаи муосир нест, ворид намоянд . Чунин қорорҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.  Бинобар иттилои сомонаи «Afghanistan.ru» Вакилони порлумони Аврупо аз баста шудани мактабҳо барои духтарони синни шашум дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки вазъи занону духтарон дар ин кишвар ба таври доимӣ бадтар мешавад. Онҳо аз Толибон  даъват карданд, ки мактабҳоро боз кунанд ва таъкид карданд, ки Толибон қаблан ваъда дода буданд, ки дастрасии ҳама шаҳрвандони кишварро ба таҳсил фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, хабаргузории Франс Пресс бо истинод ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Ariana” ва “Kam Air” хабар медиҳад, киТолибон парвози занонро дар ҳавопаймоҳо бидуни ҳамроҳии мард манъ кардаанд. Қаблан Толибон боздидҳои алоҳида ба боғҳо барои мардон ва занонро ҷорӣ карда буданд. Тибқи фармони нав, занон метавонанд рӯзҳои якшанбе, душанбе ва сешанбе ва мардон дар рӯзҳои дигар аз боғҳо дидан кунанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои хориҷ кардани занон аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи онҳо дар Афғонистонро маҳкум менамояд.

Мавриди тазаккур аст, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад  маҳсубёфта, тарбиятгари насли имрӯзу фардои ҳар як кишвар аст. Аммо ҳукумати нави Толибон аз имкониятҳои худ истифода намуда, 15 мактабро дар вилояти Панҷшер, ки маркази муқовимат ба Толибон буд, ба пойгоҳи низомӣ табдил доданд. Дар натиҷа 4 ҳазор нафар хонандагон аз таҳсил берун мондан.

Инчунин аз оғози соли 2022 боздошти аъзои собиқи нерӯҳои амниятӣ  ва собиқ кормандони ҳукумат низ  ба назар мерасад. Тибқи пойгоҳихабарии New York Times, Толибон тақрибан 490 мансабдори собиқи давлатӣ, нерӯҳои амниятӣ ва афродеро, ки аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон бо нерӯҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ  мекарданд, кушта ё рабудаанд.

Тибқи тафтишот, рӯзноманигорон танҳо дар вилояти Бағлон 86 кушторро тасдиқ карданд ва 114 нафари дигар дар Қандаҳор бедарак шудаанд. Нашрия менависад, ки ҳодисаҳои нопадидшавӣ ва куштор дар тамоми 34 вилояти Афғонистон сабт шудааст.

Раиси Кумитаи марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико таваҷҷуҳи худро ба афзоиши шумораи ҷангҷӯёни “Давлвти Исломӣ” хабар дод. Бинобар иттилои  роҳбари Фармондеҳии марказии ИМА генерал Кеннет Маккензи «Давлати исломӣ» мавқеъи худро дар Афғонистон мустаҳкам мекунад. Мавсуф қайд намуд, ки «Дар тӯли чанд моҳи охир ба ДИИШ тавонист ҳатто дар Кобул чанд ҳамлаи бузург анҷом диҳад. Умедворам, ки ҳамлаҳои ДОИШ бо фарорасии тобистон афзоиш хоҳанд ёфт” . Ин метавонад  ба амнияти миллии Афғонистон балки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири бевосита мерасонад.

Ҳамзамон,имрӯзҳотаркишҳо дар манотиқи гуногуни Афғонистон ба вуқуъ пайвастаистодаанд, ки боиси талафоти ҷонӣ гардидааст. Барои мисол, Рӯзи чаҳоршанбе 6-уми апрел  дар пойтахти Афғонистон таркиш рух дод, ки бар асари он 6 нафар намозгузорон  дар масҷиди Пули-Хиштӣ маҷрӯҳшуданд.

Ҳамзамон, рӯзҳои 20 ва 21 апрели соли ҷорӣ яку якбора дар чор минтақаи Афғонистон – Қундуз, Балх, Нангарҳор ва пойтахти кишвар шаҳри Кобул таркишҳо ба амал омада, даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд. Яъне, Толибон ҷиҳати мубориза бо фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ фаъолияти амалӣ нишон надода истодааст. Аз ин бармеояд, ки Толибон ҳудуди Афғонистонро пурра идора карда наметавонад.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд рӯзи ахир ин аввалин таркиш дар Кобул нест. Рӯзи якшанбе дар бозори асъори пойтахт низ чунин тахрибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Бар асари таркиши норинҷак як нафар кушта ва ҳудуди 60 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар вилояти ғарбии Ҳирот таркиш ба амал омад. Дар ин ҳамла 5 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамзамон, бар асари чунин тахрибкориҳо на танҳо калонсолон балки  миқдори зиёди кудакону наврасон низ  ҷони худро аз даст додаанд. Мувофиқи маълумотҳои Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид(ЮНИСЕФ) дар ҳашт моҳи гузашта бар асари фаъол шудани таркишҳо дар Афғонистон 301 кӯдак кушта ва захмӣ шудаанд.

Хулоса вазъи имрӯзаи Афғонистон ниҳоят мушкил арзёбӣ мегардад.  Чунин нооромиҳо натанҳо амнияти худи Афғонистон, балки ба тамоми минтақа ва ҷаҳонро халалдор менамояд.

МАҲМАДСАИДЗОДА Абубакр,
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед