Дар солҳои 90-уми асри 20 бадхоҳони миллат дар дохили кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуда, хостанд ватани азизи моро ба нестӣ оварда расонанд. Дар вазъияти сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми шарафманди тоҷик атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварданд. Мутаассифона, баъзе душманони миллат ба қадри суботу оромӣ нарасида, имрӯзҳо мехоҳанд нооромиро дар дохили кишвар ба вуҷуд оранд.

Бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сар заданд, далели ин гуфтаҳо мебошанд. Чанд гурӯҳи ҷиноӣ аз номи тамоми сокинон сухан гуфта, бо ин васила хостанд манфиатҳои худро амалӣ кунанд.

Бояд зикр намуд, ки аҳолии ВМКБ беш аз 226 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва сабабгорони ин ҳама нооромиҳо бошад, аз ин шумора ҳатто 1 фисадро ташкил намедиҳад ва ин гурӯҳи хурди моҷароҷӯ номи 99 дарсади аҳолии вилоятро олуда ва доғдор месозанд.

 Киҳо дар пушти ин нооромӣ буданд?

 Зикр намудан бамаврид аст, ки моҳи сентиябри соли 2018 сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сурат гирифт. Дар он сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мушкилот дар сатҳи вилоят, аз ҷумла, набудани волоияти қонун интиқод намуда, дастур доданд, ки дар муҳлати камтарин пеши роҳи ин беқонуниҳо гирифта шавад. Гуфтан зарур аст, ки ин иқдоми Сарвари давлат ба шахсоне, ки дар муҳити беқонунӣ зистанро қонуни зиндагии худ қарор дода буданд, писанд наомад. Зеро онҳо дар ҳудуди вилоят тиҷорати ғайриқонунӣ ва гурӯҳои ғайриқонуниро ташкил намуда, онҳоро роҳбарӣ менамуданд ва худро роҳбар “лидер” мешумориданд. Кор ва фаъолияти онҳо танҳо ҷиноят, тиҷорати маводи мухадир, яроқ аслиҳа ва зӯроварӣ буд. Ҳарчанд ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат мақомоти қудратӣ ва амниятӣ миёни ин гурӯҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, вале гурӯҳҳои мазкур чун ба ин тарзи ҳаёт одат карда буданд, ба қонуншиканиҳо ва бетартибиҳои худ идома доданд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакат онҳоро афв намуд, то аз кардаи худ пушаймон шаванд ва оромиву суботро дар ин вилоят риоя кунанд,  вале ин доира иқдоми Ҳукумати мамлакатро қадр накарда, ба корҳои авбошию ҷиноии худ идома доданд.

Гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ дар ин минтақа ба рӯй ниқоби “роҳбарӣ” кашида, тӯли 30 сол баъзе аз ҷавононро дар рӯҳияи кинаву адовати миллӣ  нажодӣ, маҳалгароӣ, нафрат нисбати давлат ва миллат тарбия карданд. Ин гурӯҳҳо бо кумакҳоии ночиз мардумро муттаҳам карда, бо шиорҳои “мо зертобеи ҳеҷ кас нестем ва намешавем” сокинони дигарро гумроҳ менамуданд. Дар баробари ин, баъзе ҷавонон ва наврасонро бо истифодаи маводи мухадир, маводи психотерапӣ ва ҳабҳои мадҳушкунанда водор карданд.

Бояд тазаккур дод, ки намояндаи ин гуррӯҳо нафақахӯрони мақомоти қудратӣ мебошанд, ки пас аз даврони ҷанги таҳмилӣ афв шуда, ба вазифаҳои гуногуни хидматӣ ҷалб карда шуданд. Дар ибтидо Ҳукумати мамлакат онҳоро миёни мардум ҳамчун шаҳрвандони фаъол эътироф кард, то дар паҳлуи мақомоти давлатӣ дар барқарор сохтани тартибот ҳамроҳ бошанд. Вале чунончи мегӯянд “Оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад”, маълум шуд, ки ин доира рӯзона дар чашми мардум худро ғамхор нишон дода, пушти парда ҳамчун рӯбоҳи макор  фаъолият мекарданд. Онҳо даҳҳо ҷавонро ба ҳаёти ҷиноятпешагӣ тела дода, сабабгори тақдири талхи модарони Бадахшон шуданд. Онҳо ба Конститутсия ва савганди ҳарбӣ хиёнат намуданд.

Кӣ ин гурӯҳҳоро пуштибонӣ мекунад?

 Имрӯзҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки берун аз давлат бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ фаъолият мекунанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша барои барангехтани кинаву адовати миллию нажодӣ миёни мардум нақша мекашанд. Ва оҳиста-оҳиста ҷавонони гумроҳро ба худ моил карда, онҳоро  ба ивази маоши ночиз ба ҳар амал ҷалб месозанд. Ин гурӯҳҳоро ташкилоти террористӣ-экстаремистии Ҳизби наҳзати ислом ва созмони мамнуъи “Паймони миллӣ” низ роҳнамоӣ мекунанд. Бояд гуфт,дастони ки онҳо дар хуни қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ олуда ҳастанд. Ва имрӯз дида мешавад, ки онҳо аз амалҳои кардаи худ пушайнон набуда, пайваста дар ҷустӯҷуи касе ё роҳе мебошанд ва то ба ҳол мехоҳанд боз як бори дигар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ро такрор кунанд.

Расонаҳо дар барангехтани иғво чӣ нақш доранд?

 Дар тезутудншавии ваъзият дар Бадахшон нақши расонаҳо низ муҳим арзёбӣ мегардад. Бархе аз расонаҳои ғайридавлатӣ ва хориҷӣ ҳодисаҳоро ғаразнок шарҳ дода, дар рӯҳияи мардум таъсири манфӣ мерасонад.  Ҳамчунин, бар ин асос миёни хонандагон ва аудиторияи ин расонаҳо вобаста ба ҳодисаҳо тасаввури ғалат шакл мегирад. Вобаста ба ин, дар натиҷаи чунин амалҳои ҳадафноки расонаҳои манфиатҷӯ миёни ҷомеа андешаҳои ифротӣ ва давлатситез авҷ гирифта, рӯйи миллат таҳдидҳои ҷиддиро ба бор меорад. Ногуфта намонад, ки суботу оромии бархе аз давлатҳои пасошӯравиро чунин расонаҳо ба нестӣ оварда расонидаанд. Пас маълум мешавад, ки як қисми сомонаҳои ғайридавлатӣ ба фоидаи баъзе давлатҳо фаъолият доранд. Онҳо ҳамеша ҷонибдори низоъ ва нооромиҳодар дохили кишвар  мебошанд.

Баъзе давлатҳои ҳадафманд, ки мақсади асосии онҳо идора кардани қудрат дар дигар митақаи ҷаҳон мебошад, ба раванди рушди баъзе давлатҳои минтақа мушкилот эҷод мекунанд.  Аз ин рӯ, барои суботу оромӣ ва устувори дар Тоҷикистон мо бояд пояҳои амниятии давлатдориро боз ҳам қавитар намоем. Аз тақдири Афғонистон, Украина ва вазъияти баамаломадаи Қазоқистон бояд сабақ гирифт. Дар ин воқеаҳо дасти давлатҳои ҳадафманд низ ҷой дошта, тариқи технологияҳои иттилоотӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ  ҳадафҳои худро амалӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ноором кардани вазъият давлатро ба садсолаҳо аз раванди рушди давлатӣ ақиб мепартояд ва қудратҳои дигар аз он истифода карда, вазъиятро дигаргун мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мо, мардуми Тоҷикистон моҳияти ин равандҳои мураккабро бояд дарк кунем ва дар чунин марҳилаи муҳимми сарнавиштсози давлату миллат бо ғафлату эҳсосот дода нашавем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат бошем ва дар ҳар иқдоми давлатсозии ӯ саҳмгузор бошем, то ки дар амнияти кишвар нақши созгори шаҳрвандии худро гузорем.

Тағоймуродов Некруз,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии МТС-и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед