Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гашта, ба усулҳои хуби ҳамсоягӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба роҳ монда шудаанд.

Роҳбарони ду давлат якчанд маротиба аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода, созишномаҳои мутақобилан судманд ба имзо расида шуданд. Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро беш аз 100 санад  ташкил медиҳад. Кишварҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

Новобаста ба афзалиятҳои ҳамкории байни ин ду давлат гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Яке аз сабабҳои асосии коҳишёбии гардиши тиҷоратӣ хориҷӣ ба миён омадани муаммо дар раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки моҳи майи соли 2021 баъд аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон якҷониба марзҳояшро баст. Инчунин, ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон, ки рӯзҳои 14 – 18 сентябри соли равон ба вуқуъ омад, на танҳо ба муносибатҳои сиёсӣ, ба муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии дуҷониба низ таъсири манфии худро мерасонад.

То соли 2013 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат афзоиш ёфта, ба 484,4 млн. долл. ИМА баробар шуд, пас аз он ин нишондиҳанда мунтазам тағйир ёфта, умуман тамоюли пастшавӣ дорад (соли 2021 ин нишондиҳанда ба 25,8 млн.долл. ИМА баробар шуд) . Дар моҳҳои январ – июли соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Қирғизистон ба 8,5 млн. долл. ИМА баробар гардид, ки 53,3% ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил дод.

Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ – техникӣ, ашёи хом ва молҳои истеъмоли мардум, ба монанди калобаи пахтагин, қолин, пойандозҳои нассоҷӣ, неруи барқ, бехпиёз, меваи ситрусӣ, ангур, себ, нок, биҳӣ, шарбати меваю сабзавот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, семент, маҳсулоти нонӣ, зардолу ва пилла содир карда мешавад. Содироти калобаи пахтагин, қолин, пойандозҳои нассоҷӣ, неруи барқ ва бехпиёз афзоиш ёфта, содироти меваи ситрусӣ, ангур, себ, нок, биҳӣ, шарбати мева, сабзавот, тамоку ва маҳсулоти тамоку коҳиш ёфта истодааст. Аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ангишт ворид карда мешавад.

Бастани сарҳад бо мақсади зарба задан ба иқтисодиёти Тоҷикистон амали дурбинона набуда, метавонад на танҳо ба муносибати дусту бародаронаи халқи ин ду кишвар, балки ба рушду тараққиии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намудани монеаҳои мавҷудбуда ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ҳамин тариқ, тақвияти робита бо Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам барои рушди иқтисоди Қирғизистон мебошад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷиҳати арзишҳои таърихӣ, дин, мазҳабҳо, мушкилоти иқтисодӣ, таҳдидҳои беруна ба ҳам наздик буда, ба роҳ мондани сиёсати ҳамдигарфаҳмию дастгирии дуҷониба барои рушди мутақобилаи иқтисодию сиёсӣ мусоидат хоҳад кард. Дар соҳаи иқтисодию тиҷоратӣ самтҳои зерин метавонанд барои ҳамкорӣ афзалиятнок бошанд:

  • ҳамкорӣ дар соҳаҳои об ва энергетика;
  • ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
  • ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
  • ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;
  • ба роҳ мондани тиҷорати байнисарҳадӣ.

Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти иқтисодӣ барои ҳар ду тараф судманд буда, Тоҷикистон метавонад аз ҳудуди Қирғизистон ба Қазоқистон, Россия ва Чин, Қирғизистон ҳам дар навбати худ метавонад ба Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон роҳ кушоянд.

Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои 0соҳибкорӣ ва инкишофи бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед