Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун нерӯи бузург ва яке аз қишрҳои асосии ҷомеа дар инкишофи мамлакат ва таҳкими суботи сиёсии ҷомеа нақши муҳим доранд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд.

Агар ба таърихи оғози ҷанги шаҳрвандӣ назар афканем, баръало маълум мегардад, ки сабаби асоси оғози он дар заминаи бегонапарастӣ ва истифодаи фиреби ҷавонону наврасон аз роҳи ғалати таблиғи ақидаҳои тундгароӣ манша гирифта, ба пайдо гардидани нофаҳмию бадбинии якдигар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа асос меёбад. Таҳлилҳо маълум менамоянд, ки як сабаби гаравиши ҷавонону наврасон дар кишвари мо ба бегонапарстию ифротгароӣ ин баъзан бетаваҷҷуҳии волидайн дар таълиму тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас мебошад.

Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ дар байни аҳолии мамлакат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муҳим дорад. Дар баробари, ин иштироки ҷавонон дар арҷ гузоштан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандустӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондустӣ ба шуғли муносиб, тарзи ҳаёти солим, азхудкунии касб ва илмомузӣ, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳо ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон дар ҳаёти рузмарра хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатӣ пирумони дастгирии ҷавонон ибрози назар намуда, тазаккур доданд, ки “мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем”. Дар ин замина зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Инсони ватандӯст тамоми нерӯ ва талоши худро барои ҳифзи манфиатҳои Ватан ва пешравии давлат мебахшад. Ватандӯстӣ яке аз сифатҳои барои насли наврас зарурӣ буда, дар ҳамаи консепсияҳои муосир оид ба сиёсати ҷавонон пешбинигардида ба назар мерасад. Ташаккули ватандӯстӣ бо ташаккул ва рушди ҳувияти шаҳрвандии ҷавонон робитаи наздик дорад. Ҳисси ватандӯстии чавонон дар эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардида, омили ояндасози имрӯзу фардои Ватан маҳсуб меёбад.

24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда барои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намоянд.

Имрӯз, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ дар вазоратҳо, корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти давлат гузошта истодаанд. Ба боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда ҷавонони мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тамоми талошҳои худро барои рушди кишвар сафарбар мекунанд. Ҳамасола санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта шуда, дар саросари кишвар доир ба ин чорабиниҳо ва маросимҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор мегардад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳо дар байни ҷавонон аз қабили, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азиз”, “Фуруғи субҳи донои китоб аст” таъсис дода шуд. Озмунҳои мазкур дар тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас нақши бориз дорад.

Ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Афзоиши сатҳи амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ нашъаҷаллобӣ, терроризму экстремизм монеаи рушди бештари давлатҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳониро то андозае зери хатар қарор додааст. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба амалҳои болозикр онҳо бояд ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ ва эҳсонкорӣ чалб карда шаванд. Бояд дастовардҳои имрӯза дар соҳаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон пойдор ва густариш дода шавад. Ба таври мунтазам саъй гардад, ки дар кори тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва таблиғи ғояҳои бузурги башардӯстонаи ҷавонон барои ба даст овардани роҳҳои беҳтару самараноктар кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Масоили дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ, дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқи кишвар инъикос ва асоснок карда шудаанд. Фаъолияти бунёдкорона инъикоскунандаи ватандӯстӣ мебошад ва яке аз намунаҳои назарраси фаъолияти ватандӯстона муҳофизати объекти ватандӯстӣ мебошад. Маҳз ҳамин ватандӯстӣ аст, ки шаҳрвандон барои муҳофизати Ватани худ ва муъҷизаҳои таърихӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани худ мардонагӣ нишон диҳанд. Ватандӯстӣ меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром ба гузаштаи халқ ва пешрафти ояндаи давлат мебошад. Шаҳрванди ватандӯст ба таъриху фарҳанг, забон, табиати Ватан, дастовардҳо ва омодагии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизат кардани он талош менамояд.

Хулоса, ободкориву созандагӣ яке аз хислатҳои хубу наҷиби инсон мебошад ва ҳар яки инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандӯст барои ҳифзи марзу буми кишвару ватани худ омода бошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагӣ дорад. Зеро нодони ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа мегардад. Воқеан, ҷавонони мо дар рушди ободии давлат саҳми арзанда гузошта, ҳамчун шахсони хештаншинос, ватандӯсту ватанпараст ва бо нангу номус сарзамини аҷдодиро ҳифзу ҳимоя менамоянд ва дар таҳкими суботи сиёсии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Азимов Бахтиёр Баҳромович,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед