Ба таваҷҷуҳи рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ мерасонем, ки рӯзи 24 июли соли 2020, соати 10.00 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Марказ баргузор мешавад. Варақаи матбуотии нишасти мазкурро пешкаши шумо мегардонем.

***

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин,  такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  менамояд. Дар нимсолаи  аввали  соли 2020 Марказ дар доираи  нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ

Аз рўйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2020  таҳқиқот аз рўйи мавзўъҳои зерин гузаронида шуда истодааст:

  • Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои  соли 2020 дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида  мешавад:

  • Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он;
  • Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар;
  • Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он;
  • Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он;
  • Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар;
  • Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021–2025.
  1. Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла  13 доктори илм ва 4 номзади илм фаъолият дошт. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ  олимону мутахассисон  аз дигар муассисаву ташкилотҳо низ дохил карда шуданд.

Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии  раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  1. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода намуда, ирсол намуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 кормандони Марказ 72 гузориши таҳлилӣ ва  иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 684 саҳифа  пешниҳод карданд.

  1. Иштирок дар комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони  Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ  доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

–Гурӯҳи корӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ҶТ “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020”;

–Гурӯҳи корӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ  барои солҳои 2016–2020”;

–Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми ҶТ;

–Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ   ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ: “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ”;

–Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молияи ҶТ:  “Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”.

  1. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои  илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии мамлакат амалӣ намуд.

Дар нимсолаи якум дар Марказ аз Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон 43 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе  8 нафар,  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  11 нафар,  Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ 8 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 2 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ 13 нафар, дар маҷмӯъ,  85 нафар  донишҷў  таҷриба омӯхтанд.

  1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази дипломатияи боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод.

Марказ узви  Маркази  таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

  1. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва  мизҳои  гирд

Марказ бо сабаби густариши пандемияи  COVID–19 чорабиниҳои илмию амалии худро пурра ва сари вақт гузаронида натавонист, танҳо дар  вебмашварати корӣ  доир  ба омодагӣ  ба баргузории нишасти сеюми форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба  солгарди қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ду маротиба ба таври онлайнӣ фаъолона ширкат варзид.  Аз ин рӯ,  дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ  на камтар аз 25 чорабинии илмию амалӣ баргузор гардад.

Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор  шуданд,  бо 105 маърӯза суханронӣ карда,  беш аз 210 маротиба дар васоити ахбори омма  баромад намуданд.

  1. Фаъолияти нашриявӣ

Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳии “Нуктаҳои асосии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”-ро таҳия намуда (дар ҳаҷми 80 саҳифа, дар шакли электронӣ)  ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ ирсол намуд.

  1. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо

МТС-и назди Президенти ҶТ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон  робитаҳои  хуби корӣ дорад.

  1. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. 

Сомонаи Марказ (www.mts.tj) ба таври доимӣ  фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарўза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи  “Тоҷикистон ва ҷаҳони  имрўз” ва китобҳои  Марказ ҷой дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020  Марказ  шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрўз”-ро бо 24 мақола ва шумораи дуюми онро  бо  26 мақола ба чоп расонид.  Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи интернетӣ ҷойгир карда шудааст, ки ниёзмандон ва кормандони Марказ метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд .

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 280 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.

11.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2020  роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд.  Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ беш аз 45 ададро ташкил медиҳад.

  1. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз  ҷумла, дар Ҳиндустон иштирок намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед