Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ, МТС) дар соли 2023 тибқи вазифаҳои низомномавии худ ба ҳайси ниҳоди мутамаркази таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади мусоидат ба амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, фаъолият намуд.

Тибқи вазифаҳои низомномавӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Марказро пешбурди самараноки корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2023 таҳқиқоти анҷомдодашуда аз рӯйи 2 мавзуи зерини бунёдӣ, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, сурат гирифт:

  • Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
  • Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутобиқ ба нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2023 мавзуъҳои дар боло зикршуда пажӯҳишҳои кормандон аз рӯйи зермавзуъҳои зерин гузаронида шуданд:

  • Муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир;
  • Муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ;
  • Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
  • Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон.

Доир ба сатҳи иҷрои муносиби таҳқиқи мавзуъҳои мазкур Марказ охири моҳи ноябр дар Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ ҳисоботи муфассалро пешниҳод намуд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ зимни пажуҳишҳояшон ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд. Дар таҷрибаи Марказ бори аввал оғоз аз соли 2023 ҳамасола гузориш доир ба таҳдиду хавфҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон бо пешниҳоди маҷмуи чорабиниҳои имконпазир таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони МТС пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният омода намуда, ирсол намуданд.

Дар соли 2023 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 257 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 2700 саҳифа пешниҳод карданд.

Кормандони МТС пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд. Аз ҷумла, роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар 8 гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд. Дар Марказ аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар ин муддат густариш дод. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо ҳам дар шакли маҷозӣ заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти назариявию амалиро дорост. Марказ дар соли 2023-юм 5 семинари илмию машваратӣ, 13 мизи гирд, 1 конфронси байналмилалӣ, 1 конфронси муштарак (Русия ва Тоҷикистон), 1 форуми байналмилалӣ, 11 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.

Роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташкил ва баргузории конфронсу мизҳои гирд, инчунин, дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд (форум 2, конфронс 23, мизи гирд 8, семинар–14). Инчунин, роҳбарият ва кормандони Марказ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурию маҷозӣ дар конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои гирд иштирок ва суханронӣ намудаанд: форум–6 аз ин 2-тояш маҷозӣ, конфронси илмию байналмилалӣ–8 аз ин 4-тояш маҷозӣ, мизи гирд –7, аз ин 5-тояш маҷозӣ.

Аз ҷониби Марказ дар соли 2023 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷумла 8-10 марти соли 2023 бо иштироки роҳбарон ва коршиносони марказҳои тадқиқоти стратегии назди президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» доир гардид. Ҳамчунин, 22-23 майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми XVIII-уми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар Форум беш аз 40 нафар роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, кишварҳои нозир, шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносон ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.

Дар ҳошияи Форуми СҲШ роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор роҳбарони ҳайатҳои намояндагони кишварҳои узви СҲШ мулоқоти дуҷониба анҷом доданд. Аз ҷумла, дар ҳошияи мулоқоти дуҷониба байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Форум доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла вазъи кунунии иқтидори посухгӯйии Созмон ба чолишҳои муосир, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофия, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ, ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи Созмон–рушди “иқтисоди сабз”, “энергияи сабз”, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим ва ғайра мавириди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш иштирокчиёни Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ ба шаҳри Роғун сафар намуда, ба рафти сохтмони иншооти бузурги аср– Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд. Ҳангоми боздид аз НБО-и “Роғун” аз роҳбарони якчанд ҳайатҳо доир ба сиёсати Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёдкориву созандагӣ, татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи “энергияи сабз” ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаҳо анҷом дода шуд.

Дар бораи кори ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ танҳо дар сомонаи интернетии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва торномаи интернетии он 36 маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор карда шуд. Дар шабакаи телевизионию радиоии ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Марказ 21 мусоҳиба анҷом дода шуд. Ҳамаи намояндагони давлатҳое, ки дар Форум иштирок доштанд, дар умум, 47 хабару гузоришро дар ВАО-и кишварҳои худ нашр намуданд. Гузоришҳо аз чорабиниҳои Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ дарҷ гардиданд.

Дар соли 2023 кормандони Марказ дар форум, конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 133 маъруза ироа карда, беш аз 280 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли электронӣ дар ҳаҷми 43 саҳифа ва “Матни шиору овезаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).-Душанбе, 2023, дар шакли электоронӣ дар ҳаҷми 95 саҳифа таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар соли 2023 монографияи Усмонзода Х.У. “Центральноазиатский регион в представлениях и социальных практиках”, китоби муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода (дар ҳаммуаллифӣ)–“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”, ҷилди V,–Душанбе: Фасли 4, 2023.–480 саҳ., “Сборник материалы XVIII заседания Форума Шанхайской Организации Сотрудничества” (23-23 мая 2023 г.).-Душанбе, 2023.-222 с., “Нақши маориф дар ташаккули стратегияи ҳаётии ҷавонон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ).–Душанбе, “Ирфон”, – 2023. – 232 с., “Маҷмуи мақолаҳо аз конфронсҳо ва мизҳои гирд”, Душанбе, 2023, “Аржанг” 399 с. ба нашр расиданд.

Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомонаи интернетӣ тамоми фаъолияти Марказро дар соли соли 2023 дар саҳифаҳои алоҳида ҷой дода, аз фаъолияти раёсатҳои МТС маводу хабарҳоро ҳамарӯза пахш менамояд. Мақолаву маводҳои таҳлилии сиёсатмадорону таҳлилгаронро дар бахшҳо ва рубрикаҳои махсус ҷой додаанд.

Дар соли 2023 маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар умум, 167 мақола ба чоп расониданд. Дар сомонаи Марказ тамоми нусхаҳои маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд. Дар сомонаи МТС тамоми чорабиниҳои дар Марказ гузаронидашуда саривақт инъикоси худро меёбанд. Мақолаҳои маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Русия (РИНЦ) пайваста ворид карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 дар сомонаи интернетии Марказ 1028 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидааст, ки дар бахши тоҷикӣ–545 адад, русӣ–300 адад ва англисӣ–183 ададро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба сомонаи МТС беш аз 2 800 000 нафар хонанда ворид шуда, маводу матолиби онро мутолиа намуданд.

Дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбук бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсуси Марказ кушода шудаанд ва амал мекунанд.

Кормандони Марказ дар соли ҷорӣ 115 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштаанд. Дар соли 2023 шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 126 ададро ташкил медиҳад.

Коршиносони МТС ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ ба воситаи васоити ахбори омма ҳамеша вокунишҳои саривақтӣ нишон медиҳанд. Дар сомонаи Марказ дар давраи ҳисоботӣ 32 адад вокуниш, аз онҳо ба забони тоҷикӣ 26 адад ва ба забони русӣ 6 адад ҷой дода шудаанд.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор доранд. Дар соли 2023 роҳбарият ва кормандони МТС дар 55 чорабинии сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва шаҳру ноҳояиҳои ҷумҳурӣ саҳми фаъол доштанд.

Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои кишварамон дар минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик муроҷиат кард. Танҳо соли гузашта Марказ бо марказҳои таҳлилию зеҳнии Туркманистон, Беларус, Чин ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум имзо намуд.

Роҳбарият ва кормандони Марказ дар соли 2023 бо як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои таҳлилию зеҳнӣ 20 мулоқоти судманд анҷом доданд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-чорабиниҳои Марказ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадқиқоти сифатии сотсиологиро дар мавзуи “Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию идеологии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон” баргузор намуд. Аз ҷамъбасти тадқиқот натиҷаҳои он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гузориши муфассал ирсол гардид. Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ барои омӯзиши афкори ҷомеа дар мавзуи «Муҳоҷирати зеҳнҳо дар муҳити ҷомеаи зеҳнии кишвар» ва «Ғизои солим ва солимии аҳолӣ» дар байни кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи феврал–марти соли 2023 тадқиқоти сотсиологӣ гузаронид. Таҳқиқоти мазкур ҷамъбаст гардида, натиҷаи он ҳамчун кори илмию таҳлилӣ дар конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба таъмини рушди устувори кишварҳо” 31 октябри соли 2023 ва дар корҳои илмию тадқиқотии Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун натиҷаи таҳқиқот мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуданд. Кормандони Марказ ба таври доимӣ сатҳи илмию тахассусии худро беш аз пеш баланд мебардоранд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед