Дар нимсолаи якуми соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) тавассути ба роҳ мондани фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва тамоми кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ва ғайра ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Марказ тибқи уҳдадории низомномавӣ пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2023 таҳқиқоти анҷомдодашуда аз рӯйи ду мавзуи зерини бунёдӣ, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, сурат гирифт:

  • Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамо.
  • Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи  баланд бардоштани рақобатнокии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Мутобиқ ба нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2023 мавзуъҳои дар боло зикршуда пажӯҳишҳои кормандон аз рӯйи 6 зермавзуи зерин гузаронида шуданд, ки масъалаҳои марбут ба:

муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтакавӣ  дар  замони муосир;

муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ;

          –технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

          –авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;

масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботии нимсолаи якуми соли 2023 корҳои илмиву таҳқиқотии  раёсатҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ, Шурои илмию методии Марказ пайваста мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд. Ин имкон дод, ки  маҳсули  фаъолияти  илмию таҳқиқотии коршиносони Марказ дар муддати муайяншуда босифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо дар ин давра ҳамеша аз ҷониби роҳбарият андешида мешуд.

Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро мунтазам барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода карда, ирсол менамуданд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа пешниҳод карданд. Инчунин, 78 маводи пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо мавриди таҳлили коршиносӣ қарор дода шуд. Ба ғайр аз ин, коршиносони Марказ ба маводҳои дархостии ниҳодҳои дигари давлатӣ  70 адад  хулосаҳои коршиносӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, ташкили самараноки фаъолияти кормандони Марказ тавассути масъалагузориҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ ҳамеша пайгирӣ карда мешуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 ин гуна чорабиниҳо 19 маротиба доир гардида, дар онҳо 187 масъалаи вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолият баррасӣ шудааст. Қарорҳои  дар ҷаласаҳои назоратӣ қабулгардида мунтазам таҳти таваҷҷуҳи иҷрокунандагон ва сарпарастони раёсатҳо мебошанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба Марказ  583 мактуб ворид гардида, 474 мактуб ирсол шудааст.

Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои  илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи муносиби мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро густариш дод. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар шаҳри Ашқобод ва ғайра мебошад.

Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои  гирд ва семинарҳо ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ва ҷаҳон фароҳам меорад. Марказ дар давоми нимсоли якуми соли 2023-юм 1 семинари илмию машваратӣ,  10 мизи гирд (аз инҳо 3-то  дар шакли маҷозӣ), 2 конфронси байналмилалӣ (аз ин 1 маҷозӣ), 1 форуми байналмилалӣ, 5 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ вобаста ба мавзуъҳои зерин  баргузор намуд:

–семинар барои олимони ҷавони Марказ дар мавзуи “Дурнамои идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (26.01.2023);  мизи гирд дар мавзуи “Рӯзи Артиши Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.02.2023), мизи гирд дар мавзуи “Рӯзи Модар” (07.03.2023), мизи гирд дар мавзуи Ҷашни байналмилалии Наврӯз“(16.03.2023), мизи гирд дар мавзуи Суботи сиёсӣ-омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир (13.04.2023), мизи гирд дар мавзуи Арзёбии амнияти иқтисодӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.04.2023), мизи гирди (маҷозӣ)  дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйироти иқлим” (11.05.2023), мизи гирд дар мавзуи “Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ” (31.05.23), мизи гирди байналмилалӣ (маҷозӣ) дар мавзуи “Раванди Самарқанд: дурнамои навсозии СҲШ” (14.06.2023), мизи гирди (маҷозӣ) таҳти унвони “Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳои “неруи нарм” дар минтақаи масъулияти СААД” (23.06.2023); конфронси  байналмилалӣ (маҷозӣ) таҳти унвони “Паймони марказҳои зеҳнии «Чин+Осиёи Марказӣ» (02.06.2023); Форуми “Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай” (аз 22. 05.–23.05. 2023); конфронси илмии амалӣ (маҷозӣ) дар мавзуи “Доир ба неруҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (10.03.2023), конфронси илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои асосии амалигардонии “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” (04.05.2023), конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: вазъ ва роҳҳои ҳалли он” (12.05.2023), конфронси муштараки илмиву амалии коршиносон (маҷозӣ) дар мавзуи “Русия ва Тоҷикистон дар шароити иқтисоди ҷаҳони тағйирёбанда” (18.05.2023), конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт” (30.06.2023) доир гардид.

Инчунин, директори Марказ  Хайриддин Усмонзода дар мулоқоти коршиносони Осиёи Марказӣ 18-22 январи соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони “Осиёи Марказӣ-2030: таъсири оянда” ва муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода 12-13 майи соли 2023 дар 6-умин Конфронси байналмилалии “Уқёнуси Ҳинд–2023” таҳти унвони «Сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамкорӣ барои ояндаи дурахшон», ки дар шаҳри Даккаи Бангладеш доир гардид, иштирок намуда, дар мавзуи «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби Марказ дар соли 2023 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Аз ҷумла, 8-10 марти соли 2023 бо иштироки роҳбарон ва коршиносони Марказҳои тадқиқоти стратегии назди президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Китобхонаи миллӣ конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» доир гардид. Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони конфронс муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Содиқ Имомӣ номаи табрикиро қироат намуд.

Ҳамчунин, 22-23 майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе доир шуд, ки зимни оғози баргузории он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Азамшо Латифзод номаи шодбошии роҳбарияти олии кишварро ба иштирокчиён расонид. Ба таври маҷозӣ Котиби генералии СҲШ Чжан Мин низ ба кори Форум ҳамроҳ гардида, ҳозиринро ба муносибати бори аввал пас аз пандемияи  “КОВИД-19” ба таври ҳузурӣ ҷамъ омаданашон табрик намуд. Дар Форум беш аз 40 нафар роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв–Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кишварҳои нозир – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон,  шарикони муколамаи СҲШ–Ҷумҳурии Озарбойҷон, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносон ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат намуданд. Дар ҳошияи Форуми СҲШ роҳбарияти Марказ бо як қатор роҳбарони ҳайатҳои намояндагони кишварҳои узви СҲШ мулоқоти дуҷониба анҷом доданд. Аз ҷумла, дар ҳошияи мулоқоти дуҷониба байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Форум доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла вазъи кунунии иқтидори посухгӯйи Созмон ба чолишҳои муосир, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофия, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ, ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи Созмон – рушди иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо марвиди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охири ҳамоиш санади ниҳоӣ–Протоколи Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ дар натиҷаи баҳсу муколамаи тулонии ҳайатҳо ва бо ризояти дастаҷамъӣ ба имзо расонида шуд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки тавсияҳое, ки дар протоколи мазкур манзур гардиданд, баҳри рушди минбаъдаи фаъолияти Созмон хеле муфид мебошанд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш иштирокчиёни Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ ба шаҳри Роғун сафар намуда, ба рафти сохтмони иншооти бузурги аср– Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд. Ҳангоми боздид аз НБО-и Роғун аз роҳбарони якчанд ҳайатҳо оид ба сиёсати Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёдкориву созандагӣ,  татбиқи «лоиҳаҳои сабз» самараи, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи “неруи сабз” ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаҳо анҷом дода шуд.

Дар бораи кори Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ  дар  сомонаи интернетии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва торномаи интернетии он 36 маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор карда шуд.  Дар шабакаи телевизиониву радиоии ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Марказ 21 мусоҳиба анҷом дода шуд. Ҳамаи намояндагони давлатҳое, ки дар Форум иштирок доштанд дар умум 47 хабару гузоришро дар ВАО-и кишварҳои худ нашр намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 105 маъруза ироа карда, беш аз 215 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.

Тавсеаи фаъолияти нашриявӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони Марказ ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”  ва Матни шиору овезаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар шакли электронӣ таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар давраи ҳисоботӣ китоби муовини директори Марказ Муҳаммадзода П.А. дар ҳаммуаллифӣ–“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”, ҷилди V, – Душанбе: Фасли-4,  2023. –480 с. ба нашр расонида шуд.

Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои  “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомонаи интернетӣ тамоми фаъолияти Марказро дар нимсолаи якуми соли соли 2023 дар саҳифаҳои алоҳида ҷой дода, аз фаъолияти раёсатҳои МТС маводу хабарҳоро ҳамарӯза пахш менамояд. Мақолаву маводҳои таҳлилии сиёсатмадорону таҳлилгаронро дар бахшҳо ва рубрикаҳои махсус ҷой додаанд.

Дар ин давра маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар умум, бо теъдоди 90 мақола ба чоп расиданд. Дар сомонаи Марказ тамоми нусхаҳои маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд. Дар сомона тамоми чорабиниҳои дар Марказ гузаронидашуда саривақт инъикоси худро меёбанд Бояд қайд намуд, ки мақолаҳои маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Русия (РИНЦ) пайваста ворид карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 435 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардиданд, ки дар бахши тоҷикӣ–243 адад, русӣ–126 адад ва англисӣ–66 ададро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2023 ба сомонаи Марказ беш аз 2 млн.  нафар хонанда ворид шуда, маводҳои онро мутолиа намудаанд. Шумораи хонандагони сомона дар як ҳафта 9 640 нафар, дар як моҳ 452 756  ва дар шаш моҳ 2 134 956 нафар хонандаро ташкил дод.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулони Марказ дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбуки интернет бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсуси худро кушодаанд, ки тамоми чорабиниҳои Марказ дар онҳо пахш мегарданд. Дар сомонаи иҷтимоии фейсбукии гурӯҳи “Стратег” 749 нафар ва дар гурӯҳи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” 631 нафар обуна шудаанд.

Кормандони Марказ дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 65 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштаанд. Дар нимсолаи якум соли 2023 шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 91 ададро ташкил медиҳад.

Коршиносони Марказ ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ ба воситаи васоити ахбори омма ҳамеша вокунишҳои саривақтӣ нишон медиҳанд. Дар сомонаи Марказ дар давраи ҳисоботӣ 26 адад вокуниш, аз онҳо ба забони тоҷикӣ 21 адад, ба забони русӣ  5 адад  ҷой дода шудаанд.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор доранд. Дар нимсолаи якуми соли 2023 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва шаҳру ноҳояиҳои ҷумҳурӣ саҳми фаъол доштанд.

Ҳамкорӣ  бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии  дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш  дорад. Барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои дар минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик ҷойгирбуда муроҷиат намудааст.

Роҳбарият ва кормандони Марказ давраи ҳисоботӣ 13 вохӯриву мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони марказҳои таҳлилӣ ва зеҳнии ҷаҳон  анҷом доданд.

Марказ аз 15 то 23 июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳқиқоти сифатии сотсиологиро дар мавзуи “Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию идеологии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон” доир намуд. Ҳадаф аз баргузории таҳқиқот мушаххас намудани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, инчунин, муайян намудани хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеие, ки монеаи рушди давлат мегарданд, мебошад. Пас аз ҷамъбасти таҳқиқот натиҷаҳои он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гузориши муфассали таҳлилӣ ирсол мегардад.  Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ  барои омӯзиши афкори ҷомеа дар мавзуи «Муҳоҷирати зеҳнҳо дар муҳити ҷомеаи зеҳнии кишвар»  ва «Ғизои солим ва солимии аҳолӣ» дар байни кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи феврал–марти соли 2023 таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронид. Таҳқиқот дар арафаи коркард қарор дошта, натиҷаи он ҳамчун кори илмӣ–таҳлилӣ дар нимсолаи дуюми соли равон ба муассисаҳои дахлдор барои маълумот пешниҳод мегардад.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед