(Санаи баргузорӣ: 28 июли соли 2022, соати 10.00. Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, толори маҷлисгоҳи ошёнаи 4)
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 тибқи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ таҳқиқот аз рӯйи мавзуъҳои зериин гузаронида шуд:
–Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
–Роҳҳои баланд бардоштани амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2022 дар доираи самтҳои болозикр пажӯҳишҳо аз рӯйи зермавзуъҳои зерин гузаронида шуд:
–Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ;
–Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ;
–Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма;
–Самтҳои стратегии модернизасияи истеҳсолоти саноатӣ;
–Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба;
–Заминаҳои ташаккули инфрасохтори соҳибкориии инноватсионӣ;
–Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо.
Таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳои анҷомдодашуда ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Барои таъмини татбиқи ин мақсад дар Марказ Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмиву методӣ фаъолият менамоянд. Дар фаъолияти онҳо натиҷаи корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.
Дар шаш моҳи соли 2022 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 199 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 984 саҳифа пешниҳод карданд.
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои зерини кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок менамоянд:
- Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Иҷро ва амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Ҳадафи шонздаҳуми Рушди Устувори СММ”;
- Гурӯҳи корӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:–”Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
- Гурӯҳи корӣ дар Кумитаи рушди маҳал: “35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Таҳия намудани барномаи нави ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2026”;
- Гурӯҳи корӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Масъалаҳои рушди соҳибкорӣ”.
- Гурӯҳи корӣ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021–2025”.
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд. Инчунин, дар Марказ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни якчанд мактабҳои олии кишвар ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он интихоб ва ҷалби кормандони босалоҳият ба МТС сурат мегирад.
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод.
Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад
Марказ дар давраи ҳисоботӣ 5 мизи гирд, 2 семинар, 2 конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси илмиву амалии байналмилалиро баргузор намуд, аз ҷумла:
–мизи гирд дар мавзуи “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ” (25.02.2022); семинар дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ” (3.03.2022), семинари маҷозӣ дар мавзуи “Миллати ҳушманд: стратегияу имкониятҳо ва идоракунии амнияти кибернетикӣ” (07.03.22. то 11.03.22), мизи гирд дар мавзуи “Наврӯз пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо“ (19.03.2022), мизи гирд дар мавзуи “Арзёбии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ” (12.05.2022), конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ” (17.05.2022), мизи гирд доир ба “Раванди ташаккули “буҳрони Афғонистон” ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон” дар мавзуи “Ҳукумати “Толибон” ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ” (29.05.22), мизи гирд дар мавзуи “Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (31.05.2022), конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо” (22.06.22).
Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ нашр гардиданд.
Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 13 маъруза карда, беш аз 52 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.
Кормандони Марказ дар конфронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд: 10 конфронси илмиву амалии байналмилалӣ, 2 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, 2 ҷаласаи байналмилалии коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд, аз ҷумла:
–Конфронси байналмилалии “Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид” дар мавзуи “Тадбирҳои рафъи шароите,ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунад: нигоҳе аз Тоҷикистон” (Тошканд, Ӯзбекистон, 03.03.2022), Ҷаласаи байналмилалии коршиносон таҳти унвони “Саҳми намояндагони ҷомеаи коршиносонию таҳлилии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ” (Тошканд, Ӯзбекистон, 04.03.2022), Конфронси маҷозӣ дар мавзуи “Чорабинии коршиносии НАТО, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи воқеати геополитикии нав“ (15.03.2022, Қазон, Тотористон, Федерсатсияи Русия), Конфронси маҷозӣ бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва ИМА (14.04.2022), Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ” (29.04.2022), Видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони “Рушди диаспораҳо дар Осиёи Марказӣ–омили муҳимми рушди устувор” (10.05.2022), Конфронси маҷозии илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ” (17.05.2022), Ҷаласаи навбатии маҷозии Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2023 таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.05.2022), Видео-семинари байналмилалӣ дар мавзуи “Роҳи демократӣ ба давраи нав” (09.06.2022), Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштарак бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалили Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ” (Ӯзбекистон, Тошканд, 1.06.2022), Видеоконфронси байналмилалии маҷозӣ таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия” (15.06.2022), Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Хартияи СҲШ таҳти унвони “Созмони Ҳамкории Шанхай: аз Осиёи Марказӣ то Авруосиё” (Ӯзбекистон, Тошканд, 17.06.22), Ҷаласаи коршиносони байналмилалӣ дар мавзуи “Роҳандозиии шабакаи ҳушдори аввалия дар самти муқовимат боар зидди терроризм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” (Туркия, Истанбул, 27. 06. 22), Нишасти роҳбарони марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон. Нур-Султон, 29.06.22), Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар шароити нави геополитикӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” (Қазоқистон, Нур-Султон, 29.06.22).
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва тарғиботиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ чаҳор монографияи кормандони Марказ ба нашр расиданд. Маҷмӯаи калонҳаҷм таҳти унвони “Сулҳ ва сиёсат дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз тарафи кормандони Марказ таҳия шуд, ки дар арафаи ҷашни 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ (22 июни соли 2022) дар доираи васеъ рӯйнамоӣ гардид.
Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд. Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ пахш мегарданд.
Дар шаш моҳи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 449 адад мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.
Шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 43 ададро ташкил медиҳад.
Коршиносони Марказ ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори омма ҳамеша вокунишҳои саривақтӣ нишон медиҳанд. Дар сомонаи Марказ дар давраи ҳисоботӣ 17 вокуниш, аз инҳо бо забони тоҷикӣ 12 адад, бо забони русӣ 5 адад ва бо забони англисӣ 1 адад ҷой дода шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, №1 (77) бо теъдоди 27 мақола нашр гардид ва инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд, ки ниёзмандон метавонанд аз онҳо ба таври ройгон истифода баранд.
Маҷаллаи нави Марказ бо номи “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният”, №1 (1), соли 2022 бо теъдоди 16 мақола чоп шуд, ки аз ҷумла сиёсатшиносӣ 7 адад, иқтисодӣ 5 адад ва иҷтимоӣ 4 ададро ташкил медиҳад.
Инчунин, шумораҳои навбатии маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, №2 (78) соли 2022 ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният”, №2 (2) соли 2022 дар дасти чоп мебошанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон, Корея ҳамкориҳои самарабахш дошт.
Роҳбарияти Марказ дар нимсолаи аввали соли 2022 чунин вохӯриҳои муҳимро анҷом дод:
- Мулоқот бо намояндаи Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ;
- Мулоқот бо Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Корея;
- Вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мулоқот бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ;
- Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон