Ваҳдати миллӣ дар рушди устувори ҷомеа яке аз сарчашмаҳои асосии падидаҳои ҳамкорӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва соҳибистиқлолӣ буд, ки имрӯз кишвари мо дар марҳилаи сифатан нави рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа қарор дорад.
Дар ин раванд сиёсати давлатии кишвар дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ва инкишофи захираҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ соҳаи маорифи кишвар доимо дар зери назорати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ин аст, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, омода намудани мутахассисони касбҳои гуногун, тақвият бахшидани заминаи моддию техникии соҳа чораҳои зарурӣ ва саривақтиро меандешанд.
Дар самти рушди устувори ҷомеа, бахусус дар соҳаи маориф як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст, ки ҳамаи он аз рушди соҳа дарак медиҳад. Барои баланд бардоштани сифати дониш, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо асбобу аёниятҳои муосир ва муҷаҳҳаз гардонидани ин муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ, рушди илмҳои дақиқ, инчунин таъмири биноҳои муассисаҳои таҳсилотии кишвар, сохтани муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ғаёраҳо аз тарафи ҳукумати кишвар як қатор сандҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва қонунҳои дигар, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020, Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010–2020, Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022 ва як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки аксарияти он давра ба давра амалӣ гардидаанд. Вазорати маориф ислоҳоти маорифро аз зинаи аввали таълиму тарбия оғоз намуда, барои рушди таҳсилоти томактабӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид. ”Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012-2016”–ум ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд.
Дар баробари таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва чанд маротибаи дигар ба он тағйиру иловаҳо ворид намудан, дар зинаҳои гуногуни таҳсилот қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд, ки онҳо соҳаҳои гуногуни маорифро дар алоҳидагӣ ба танзим медароранд. Ҳоло дар низоми маорифи тоҷик зинаҳои зерини таҳсилот амал менамояд: таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олӣ ва баъди дипломӣ.
Новобаста аз он, ки кишвари мо душвориҳои зиёдро аз сар гузаронид, баъди соҳибистиқлол гардидан дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи маориф дигаргуниҳои зиёде ба миён омаданд. Баъди Ваҳдати миллӣ, дар ин раванд, тибқи супоришҳои пайвастаи давлату ҳукумат, бахусус Президенти кишвар аксарияти муассисаҳои таҳсилотии кишвар таъмиру азнавсозӣ гардида, ба инкишофи зинаҳои гуногуни таҳсилотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва фанҳои дақиқ, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда, диққати махсус зоҳир мегардад.
Сатҳи маблағгузорӣ, ки дар соҳаи маориф яке аз омилҳои муҳими таъмини рушд ва хизматрасонии босифати соҳа ба ҳисоб меравад, дар такмили низоми идоракунии он нақши калон дорад. Бахусус сатҳи маблағгузорие, ки барои таҳсилоти умумӣ ҷудо мегардад, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, маблағгузории соҳаи маориф ҳамасола зиёд гардида, барои рушди соҳа мусоидат менамояд.
Айни замон соҳаи маорифи кишвар аз се сарчашма маблағгузорӣ мегардад, ки қисми аосии онро маблағҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд ва он, пеш аз ҳама, ба пардохти музди меҳнати корманди соҳа равона гардидааст. Агар дар соли 2000-ум маблағгузории соҳаи маориф 41,6 млн. сомониро ташкил медод, дар соли 2010 он ба 989,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки солҳои минбаъд низ зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ буҷети соҳаи маориф дар соли 2020 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» 5 004 689 149 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2019 – 13,6 фоиз зиёд мебошад. Нисбат ба ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 19,2 фоиз ва нисбат ба ММД 5,7 фоизро ташкил медиҳад. ки 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, маориф яке аз ҷузъҳои калидии такрористеҳсолии иҷтимоӣ буда, механизми муҳимтарини ташаккули сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад, ки дар якҷоягӣ бо сармояи молиявӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ афзоиши маҳсулнокӣ ва сифати маҳсулотро таъмин менамояд. Дар Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ қайд гардидааст, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт буда, аз сифати он пешрафти ҳамаи соҳаҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, қайд кардан зарур аст, ки маориф ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҷомеа маҳсуб ёфта, бо мақсаду мароми ҳаёти иҷтимоӣ зич алоқаманд аст ва дар байни соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими ҳалкунандаи пешрафти ҷомеа нақш дорад.
Назирова М.Н., сармутахассиси
Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ