Мавриди зикр аст, ки дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба буҳрони амиқ рӯбарӯ гардид.
Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид. Чунин вазъи фалокатбор ва харобиовари дохилӣ аз руи омори тахминӣ ҳудуди 10 миллиард доллар ба мамлакат хисороти молиявӣ ворид намуд.
Вазъи баамаломада аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо мекард, ки бо такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳарчи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созанд.
Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ марҳалаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ шуд ва саъю талоши Ҳукумати мамлакат дар давоми даҳ сол асосан ба ҳамин самт равона гардид.
Андешидани чораҳои судманд шароит фароҳам овард, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию ичтимоии мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул карда шаванд.
Ба туфайли сулҳу субот танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, пастравии иқтисодӣ боз дошта шуд ва мамлакати мо ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва тадбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид.
Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд. Бинобар ин, агар мо, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро зодаи Ваҳдати миллӣ гуем, иштибоҳ нахоҳад буд, чунки аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.
Дар давоми солҳои 1997-2020 дар натиҷаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» беш аз 13147 адад иншоотҳои хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.
Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин гардид.
Ҳамин тавр, ҳоло аграр мо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони бадаст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин руз мавриди таҳлилу баррассӣ қарор диҳем, пас дар ин росто кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.
Масалан, агар дар солҳои 1997-1998 ҳаҷми маҷмӯи мҳсулоти дохилии кишвар 518,4 миллион сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 77354,7 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 7,5 дарсад баробар гаштааст. Дар ин давра, ММД ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз 8 355,4 сомонӣ ё тақрибан, 94 маротибазиёд гардида аст[1].
Тибқи маълумоти оморӣ танҳо соли 2018 даромади пулии аҳолӣ беш аз 41083,9 миллион сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 348,3 миллион сомонӣ баробар буд.[2] Ҳамаи ин боиси то се баробар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ин васила то 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон. Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар соли 1997 ба 67,6 сол баробар буд.
Дар давраи солҳои 1997-2019 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ (1997-1496,0 2019-4523,7 млн.$) беш аз 3 баробар ва даромади буҷети давлатӣ бошад, тақрибан, 19 маротиба зиёд гардид. (1997-1090,2 млн. сом. 2019- 20568,6 млн. сом.)
Дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иҷтимоию иқтисодии аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.
Тавре, ки болотар гуфта гузаштем, бо дарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ, Ҳукумати мамлакат аз рузҳои аввали таъмини сулҳу оромӣ ба такмил додани механизҳои озоди иқтисоди, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгири ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад тадбирҳои заруриро руи кор оварда, то мируз бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2019 беш 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад.[3]
Давоми солҳои 1997-2019 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тақрибан, 40 баробар афзоиш ёфтанд. Дар ин давра, шумораи корхонаҳо, аз ҷумла, давлатӣ аз 5376 адади соли 1997 то 8940 адад ва корхонаҳои хусусӣ бошанд, аз 10737 то ба 33361 адад дар соли 2019 зиёд гардиданд.
Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии баланд бардоштани сифати рушди иқтисодиёт ва самараноки фаъолияти соҳибкорӣ бахши хусусӣ баҳисоб меравад.
Муфофиқи омори расмӣ, танҳо давоми солҳои 2008-2019 ҳаҷми қарзгузориҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи минтақаҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат бешз аз 2,4 маротиба зиёд гардидааст.
Давоми солҳои 1997-2019 шумораи кохонаҳои саноатӣ (1997-1604, 2019-2164)[4] 560 адад, аҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо бошанд, (1997-3303 млн. 2019-27586,6 млн.) 8,3 баробар, шумораи миёнаи кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бо сабабҳои тадбиқи хатҳои нави технологӣ-инноватсионӣ 21,2 ҳазор нафар кам гардиданд.
Дар давраи таҳлилӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 3897,0 млн. сомонӣ то ба 27750,4 млн. сомонӣ ё 7 маротиба афзоиш ёфтааст. Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳои низоми бонкӣ ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда ба рушди соҳибкорӣ тамоюлҳои мусбӣ ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанӯз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад.
Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иҷтимоию иқтисодӣ беҳтар гардад. Бояд зикр намуд, ки давоми солҳои 1997-2019 маҷмӯан дар ҳаҷми беш аз 64883,9 млн. сомонӣ фондҳои асоси ба кор андохта шуданд, ки ин вазъи зиндагии мардум ва соҳибкоронро бамаротиб беҳтару хубтар гардонид[5].
Дар давраи таҳлилӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла, соҳаҳои саноат, 43579,6 млн. сомонӣ кишоварзӣ 4980,5, млн. сомонӣ ва сохтмон бошад, млн. сомонӣ 1877,9 фондҳои асоси ба кор андохта шуданд. Танҳо соли 2019 дар ҳаҷми 2774,5 млн. сомонӣ иншооти истеҳсолӣ, 3433,4 млн. сомонӣ иншооти ғайриистеҳсолӣ фондҳои асоси ба кор дароварда шуданд.
Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин ба кор андохта шудаанд, аз ҷумла, давлатӣ 1241,7 млн. сомонӣ ё 20,0 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 440,3 млн. сомонӣ (7,1 фоиз), корхонаҳои муштарак – 2,0 млн. сомонӣ (0,03 фоиз), аҳолӣ – 441,6 млн. сомонӣ (7,1 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ – 1027,3 млн. сомонӣ (16,5 фоиз), корхонаҳои кишоварзӣ – 17,2 млн. сомонӣ (0,3 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд – 946,4 млн. сомонӣ (15,3 фоиз) ва хориҷӣ – 2091,4 млн. сомонӣ ё 33,7 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тавр, аз баракати Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеаи мо марҳилаи нав оғоз шуд, ки дар натиҷа кишварамон ба рушди устувори иқтисодӣ ворид гардид.
Ташабусҳои созандаи Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат, мҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки кишвари мо, бори севум ба қатори даҳ кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист.
Дар хулоса ҳаминро метавон қайд намуд, ки таъмини пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллии ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёти он вобастагии зич дорад. Ҳарқадаре, ки сурати рушди иқтисодиёт таъмин гардад, ҳамон андоза кафолати бештари ҳифзи Ваҳдати миллӣ пайдо хоҳанд шуд.
Азбаски бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити кунуни омили асосии таъмини рушди иқтисоди миллӣ азрзёбӣ мегардад, пас ислоҳот дар ин самт бояд идома дода шавад, чунки бо вуҷуди мушоҳида гаштани тамоюлҳои мусбат, ҳоло ҳам дар ин самт масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҷой доранд, ки ҳаллу фасли онҳо агар, аз як тараф ба рушди минбаъдаи ин соҳа таккони ҷиддӣ бахшад, аз ҷониби дигар, дар баланд бардоштани сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ таъсири мусбат хоҳад расонид.
Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳамасола ҳангоми ироаи Паёми худ ба мақоми Олии қонунгузории кишвар, инчунин вохӯри бо соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар рӯзи соҳибкор, масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузориро ба таври алоҳида мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини дурнамои рушди ин бахши муҳими иқтисодиёд дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар ҳалли масоили ҷойдошта воқеъбинона назар кунад, ин бахши муҳими иқтисодиёт ба дастоварҳои боз ҳам назарас метавонад ноил гардад. Бинобар ин, мақомоту сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкориро лозим аст, ки ба нукта ва масъалаҳои ҳассоси дар доираи Паёми пешвои Миллат ва вохӯрӣ бо соҳибкорон баёнгардида боз ҳам таваҷҷуҳи ҷиддитар зоҳир намоянд.
Ҷурахонзода С.Х.,
муовини Директори МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Одинаев А.И.,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусуси
[1] Бюллетени омори бонкӣ, №4, 2019
[2] Омори солонаи ҶТ. Маҷмӯаи оморӣ, Душаебе, 2019. С-11
[3] Суханрон пешвои Миллат дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ш. Душанбе, 14.10.2017
[4] Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ, маҷмӯаи оморӣ, Душанбе, 2019 С.-14
[5] Вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҶТ, №4, 2019 ва Тоҷикистон 20 соли истиқлолияти давлатӣ, маҷмӯи оморӣ, Душанбе, 2011