Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.
Пайи Ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард

Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун марҳалаи ташаккулёбии давлатдории навини тоҷикон ворид гардид. Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ифодагари сулҳу субот, ягонагӣ, иттиҳодиву сарҷамъӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ буда, боиси рушди иқтисоди кишвар ва ифодагари масъулияти баланди ҳар сокини кишварро тақозо мекунад. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунанд, ки: «..ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Дар ин радиф ҳазорон ҷавонмардони содиқу фарзонаи Ватан ҷони худро қурбон намуда, садҳо нафар баҳри пойдории сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишвар хизматҳои шоён намудаанд. Бинобар ин, хотирнишон бояд сохт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба сари мардуми кишвар ҷанги таҳмилӣ ва бародаркуш сар зада, чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Иқтисодиёти кишвар то ҳадде фалаҷ гардида буд, ки ҳатто чандин нафарон аз фақру гуруснагӣ ҷони худро аз даст доданд.

Бояд гуфт, ки дар ин вазъи басо сангин нафаре лозим буд, ки манфиати миллату давлатро аз манфиати шахсӣ боло дониста, кишварро аз вартаи нобудшаӣ нигоҳ медошт. Хушбахтии миллати тоҷик буд, ки моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олӣ доир гардида, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта Эмомалӣ Раҳмонро арзанда ва ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Рақамҳо аз он шаҳодат медишанд, ки ҷанги хонумонсӯз ва бародаркуш ба худ зиёни зиёди иқтисодиро доро буда, рушди  кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт. Ба иқтисодиёти кишвар зиёни басо бузург расонида, тақрибан 1 миллион нафарро бехонумон, зиёда аз 25 ҳазор занро бешавҳар ва беш аз 55 ҳазор кудакро ятим кард. Дар ин росто беш аз 35 ҳазор манзилу корхона сӯхтаву валангор шуда, ба кишвар зиёда  аз 10 миллиард доллар хисороти калон овард.

Бояд тазаккур дод, ки баҳри барқарор сохтани сохти конститутсионии кишвар ва иттиҳодиву сарҷамъии миллат шахсе ба маснади давлат баромад, ки ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, аз ҷанги сард ва таҳмилӣ тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯйи ҳам боз намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба сари қудрат омадан ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудаашон, муроҷиат намуда иброз доштанд, ки: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…» Таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат  дар ҳақиқат, ба савганду гуфтаҳои хеш содиқ монданд.

Бояд қайд кард, ки дар раванди сулҳ муҳимтарин масъала ин усули гуфтушунид байни тоҷикон буд, ки бо ибтикору хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи апрели соли 1994 сар карда, гуфтушуниди нахустин доир ба Эъломияи муштарак доир ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот доир намуданд, ки талоши расидан ба сулҳу ҳамгироӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Дар робита ба ин, билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ анҷом ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандон муроҷиат карда таъкид карданд, ки «Бо дар назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Хушбахтона, бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшида, дустиву ҳамҷаворӣ ва сулҳу суботро сармашқи кори хеш қарор диҳем. Таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди онро оғоз бахшем. То ин дам сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис гардид, ки мо на танҳо равобити дипломатии давлатро ба кишварҳои хориҷ густариш бахшидем, балки ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангиро ба роҳ мондем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон Пас аз нисбатан ором шудани вазъ сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Ҳамзамон, сохтмони шоҳроҳи Роҳи Абрешим, бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе–Хоруғ–Мурғоб, Душанбе–Рашт Саритош, Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, Қулма–Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки баҳри пешрафту тараққиёти кишвар  замина фароҳам оварда,  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол бе мушкилӣ ба амал бароварда шуд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз шарофати Ваҳдати миллӣ дарак медиҳад. Дар ин раванд сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои неки Истиқлолу Ваҳдат ҳисобида мешаванд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо садоқати фарзандони хеш дар самти рушди иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар минтақа пешсаф мебошад. Дар ин марҳала Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ба кишвари содиркунанда табдил ёфта, рушди иқтисод ва энергияи сабз, истихроҷи маъданҳои гуногун ва истеҳсоли молу маҳсулотҳои ниёзи мардум дастовардҳои беназири Ваҳдат мебошанд.

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед