Соли равон аз таъмини Ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузургтарин ва муқаддастирини миллату давлати тоҷикон расо 24 сол сипарӣ мегардад. Ин сана дар таърихномаи миллат бо ҳуруфи заррин сабт гардидаву онро аҳли оқилу фархундаи миллат бо эҳтирому самимияти беинтиҳо пос медоранд.
Бояд тазакккур дод, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардид. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд. дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд,
Мардум бо фараҳмандии зиёд ифтихор аз он доранд, ки Парчами Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлолашон дар радифи бузургтарин давлатҳои олам ба мисли Россияву Америка, Хитой ва Япония дар фарози Созмони Милали Муттаҳид насб гардидаву бо парафшони худ аз мавҷудияти давлати тоҷикон башорат медиҳад. Соҳибистиқлолӣ барои миллату давлат чун як давлату миллати комилҳуқуқ имконият фароҳам овард, ки дар ташкилоти бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар қатори дигар давлатҳо як овози ҳалкунанда дошта бошад.
Барои душманони миллати тоҷик соҳибистиқлолии Тоҷикистон нохушоянд буд. Онҳо солиёни зиёд барои аз саҳифаи таърих ба нестӣ бурдани ин миллат ва сарзамини биҳиштосояш дар талош буданду пайти муносиб меҷустанд. Соҳибдавлатию соҳибистиқлолии ин миллат онҳоро боз бесаранҷомтар кард.
Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопокашон, яъне аз байн бурдани Тоҷикистон душманони разил ва бадкину бадният роҳу воситаҳои мухталифро ҷустуҷӯ менамуданд. ахиран бар он ноил гардиданд.
Душманон моҳирона аз фарзандони нохалафи миллат, ки худро «фарзандони ба миллат вафодору дилсӯз» муаррифӣ кардаву дар пайи ба даст овардани курсию мансаб талош менамуданд, истифода намуданд. Онҳо ба хотири суст кардани пояҳои давлатдорӣ дар миёни мардум тарғиботи зиддидавлатӣ бурдаву мавҷи эътирозҳоро нисбати ҳукумату давлати Тоҷикистон барпо карданд. Мардуми соддалавх ва аз сиёсат фарсахҳо дур ба тарғиботи дурӯғине, ки гӯё барояш кӯҳи зар муҳайё мекард, ба майдонҳо баромадаву доди озодӣ мезад. Бехабар аз он, ки ин тарғиботчиёни гургсифату рӯбаҳмиҷоз ӯро рӯирост фиребидаву оқибат бо барпо кардани ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ оромиву осудагиашро ба нестӣ мебаранд, дар алангаи ин ҷанг хонаву дар, пайвандон, хешону наздиконашро аз даст медиҳад.
Аз касофатии душманони шайтонсифат аксари шаҳрвандони кишвар аз даҳшати ҷанг ва қатлу куштор рӯ ба гурез овардаву кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистонро ҷойи зисти хеш қарор доданд.
Алангаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ дар тӯли 5 сол шумораи зиёди одамонро ба коми худ кашидаву манзилҳои зиёди истиқоматӣ вайрону валангор намудаву шумораи зиёди кӯдакону наврасон аз падару модар маҳрум гардонидаву гирифтори азобу уқубати рӯзгор гардонид.
Силоҳбадастон бераҳм, ки худро ҳокими давр шуморидаву ба касе итоат намекарданд, дар қалби мардум тухми ноумедӣ мекиштанд. Мардум ба ояндаи кишвар ва зиндагии хушу осоишта умеду боварие надошт.
Вазъият торафт нооромтар шуда, алангаи оташи ҷанг доманашро паҳнтар менамуд. Аз ҳама кунҷу канори маркази пойтахти Тоҷикистон – Душанбешаҳр ба ҷуз садои тиру тӯфанг, оҳу нолаву шеван садои хандаи шодиву сурур ба гӯш намерасид.
Бенизомиву беҳокимиятӣ, ки ба табъу ҳадафҳои душманон мувофиқ буд, торафт устувор мегардид. Барои ба эътидол овардани вазъ, пешгирии алангаи ҷанги хонумонсӯз зарурати андешидани тадбирҳои заруриву таъхирнопазир, ба хотири ҳифзи давлату миллат ба миён омад. Роҳи ягона – баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳбарияти кишвар аз масъалаҳои муҳимдараҷаи он давра ба шумор мерафт. Бо сабаби муташанниҷии вазъ дар Душанбе баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоман номумкин буд. Аз ин хотир, макони баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.
Хушбахтона, вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни худ ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамзамон ба вазифаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович)-ро интихоб намуданд.
Ин вакили серғайрату ҷавон, марди ватандӯсту халқпарвар дар лаҳзаҳои нахустини зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтан ҳамчун қавли ҷавонмардонаи хеш ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намудаву изҳор доштанд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам».
Воқеан, ӯ ба қавли додааш ҳамчун ҷавонмарди ҳақиқӣ вафо кард. Бо ҷасорату мардонагӣ, ба хотири аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат борҳо ҷони хешро дар хатар гузоштаву баҳри ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон нотарсона ба нуқтаҳои даргир сафар намуд.
То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.
Даври якум аз 5 то 9 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, даври дуюм аз 18 то 26 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон, даври сеюм аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод, даври чорум аз 24 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато, даври панҷум аз 25 декабр то 4 январи соли 1996 дар шаҳри Ашқобод, даври шашум аз 5 январ то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон, даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 ва аз 23 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ахиран самараҳои нек ба бор оварданд: Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид.
Аз ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне аз 27 июни соли 1997 инҷониб дар саросари кишвари мо- Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ифтихори ин санаи бузурги тақдирсози миллату давлат- Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои бузурги хотирмон доир мегарданд.
Мардуми кишвар ин рӯзи фархундаро аз муқаддастарин ҷашнҳо ва аз бузургтарин дастовардҳои ҳаёти худ медонад, зеро ки аз файзу баракати ба имзо расидани Созишномаи истиrрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар сарзамину хонадони мардуми тоҷик пас аз панҷ соли кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳои бемаънӣ сулҳу осоиш тантана кард. Ба ҷойи яъсу ноумедӣ, ғаму ғусса, нолаву фиғон ва харобкорию даҳшатафканиҳо хандаву шодӣ, меҳру муҳаббат, ободкорию созандагӣ ҳукмрон гардид.
Бемуболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиrрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад. Созишномаи истиқрори сулҳро метавон ба шаҳкитоби бузурге шабоҳат дод, ки мардуми тоҷик аз он роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва рӯзгори наву пурсаодатро азбар намуданд.
Хиради сулҳофарии миллати тоҷик маҳз бо баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ҳамчун як дастоварди бузурги таърихӣ барои ҷаҳониён собит гардид. Ин ҳуҷҷат ифодагари сулҳхоҳии фарзандони ин миллати тамаддунсоз буда, аз соҳибхирадии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин фарзандони бонангу ори миллат буданд, ки манфиати халқу миллат, якпорчагии Ватанро аз ҳама боло дониста, ин ҳуҷҷати беназири таърихиро ба имзо расониданд. Бо гузашти асрҳо ин рӯйдод ҳамчун як воқеи бениҳоят бузургу пурарзиш на танҳо моҳияту манзалати худро гум намекунад, балки дар таҳкими минбаъдаи худшиносию худогоҳии миллатамон хизматҳои арзишманд хоҳад кард.
Мардуми тоҷик бо боварии том эҳсос намуд, ки Роҳбари соҳибхирадашон аз рӯзи аввали ба маснади сарварӣ интихоб шуданаш баҳри пойдории сулҳу амонии кишвар сина сипар кард, бо ақлу тадбир ва хайрхоҳию адолатпешагӣ, бо таҳаммулпазирии бемислаш гуноҳи мухолифони давлату миллатро авф, бо онҳо аҳду паймони бародариву ҳамкорӣ баста, ҳамчун меъмори кордону асил ваҳдати миллиамонро поягузорӣ намуд. Таърихи давлатдории ҷаҳонӣ роҳбареро бо ин гуна сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсӣ ёд надорад.
Агарчӣ ба ватан бозгардонидани гурезаю муҳоҷирони тоҷикро, ки тибқи баъзе маълумотҳо иддае аз онҳо сабақомӯзи мактабҳои сиёсии харобкоронаи миллату давлатамон буданд, ба Пешвои миллат хатарнок арзёбӣ менамуданд, вале ӯ аз ҳадафи пешгирифтааш даст накашид. Онҳоро ба хотири пойдорӣ ва шаъну эътибори давлату миллат пурра ба Ватан бозгардонида, бо ин васила дар қалби хурду калон маъво гирифт, соҳибэҳтироми хосу ом гардид. Бо камоли хиради азалии хеш таҳаммулпазирии бемислро як рукни муҳимми давлатсозиву давлатдории худ қарор додаву дар ин ҷода комёб ва маъруф гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рамз ва мактаби бузурги сулҳу ваҳдатофарӣ ва некхоҳиву накӯкориро бунёд гузошт.
Агарчӣ ҷаҳониён то садаи 21 халқу миллати тоҷикро бо фарҳанги пурғановаташ бо шахсиятҳои бузургу нобиғааш ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайёму Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизматҳои арзишманд намудаанд, мешинохтанду арҷгузорӣ менамуданд, дар асри нав аз миёни фарзандони тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шахсияте ворид гардид, ки таҷрибаи сулҳофарии нодираш дар олам шоистаи таҳсин ва омӯзиш қарор гирифтааст.
Маҳз бо саҳми беназири ин шахсият, марди ҷасур ва соҳибхираду тавоно Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвари тоҷикон сулҳу субот тантана кардаву роҳ ба сӯи ободкорию созандагиҳо гирифта шуд, балки номи давлату миллати тоҷик бо пешниҳодоти пуразиши ин сиёсатмадори варзида шуҳраи олам гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошҳои миллату ватандӯстонааш, бо ҷасорати бемислаш на танҳо ҷанги бемаънии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки баҳри баратараф кардани мушкилоти ҷаҳонӣ: пешгирии хатарҳои экстремистию террористӣ, ки ҷаҳонро ба коми нобудӣ мебарад, ҳамчунин баҳри ҳифзи захираҳои оби сайёра ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони он аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо баланд кард.
Ин марди тавоно на танҳо бо сиёсати оқилонаву пайгиронааш амну осоиши Тоҷикистонро таъмин карда, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба он ҷалб кард, зиёда аз ин боварии созмонҳои ҷаҳониро ба фазои орому осиши кишварамон таҳким бахшида, онро ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ табдил дод.
Дар ҳаёт қимматтар аз сулҳу осоиштагӣ неъмате вуҷуд дошта наметавонаду тамоми дастовардҳои ҳар як халқу миллат ба ин ду мафҳум сахт вобастагӣ доранд. Аз ҷумла, аз баракати сулҳу осоиштагии кишварамон аст, ки мо ҳамчун халқу кишвари соҳибистиқлол дар тӯли 23 соли таъмини ваҳдати миллӣ ба он дастовардҳои бузурге ноил гардидем, ки ин комёбию пешравиҳо ҳатто дар замони ҳукмрони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ муяссарамон нагардида буд.
Аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани кишварамон ин худ бузургтарин комёбист. Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо шарофати сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби роҳҳои сатҳи байналмилилӣ гардида, ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Мо бо василаи ин комёбиамон ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон пайваст гардида, рушди бонизоми иқтисоди кишварамонро зина ба зина ва сол аз сол таъмин намуда истодаем. Робитаю ҳамкориҳои бисёрҷабҳаамон бо беш аз 200 давлати дунё ба пешрафти кишварамон мусоидати комил менамояд.
Бо шарофати сиёсати муваффақи Сарвари оқилу хирадманди миллатамон бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи обию барқии Роғун ба роҳ монда шуда, аллакай ду чархаи он мавриди истифода қарор дода шуд, ки Тоҷикистони азиз дар солҳои наздик на танҳо истиқлолияти энергетикии худро таъмин хоҳад кард, балки ба як кишвари бузурги интиқолдиҳандаи қувваи барқ табдил хоҳад ёфт. Он рӯз дур нест, ки бо ин васила кишварамон дар радифи кишварҳои пешрафтаи олам қарор хоҳад гирифт.
Пешвои муаззами миллатамон, меъмори ваҳдати миллӣ ва таҳкимбахши Истиқлоли кишварамон буда, ҳамеша ҳар яки моро бо ҳисси дилсӯзии зиёд ба ҳифзи ҳамешагии самараҳои ваҳдати миллӣ, ки якпорчагии Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд, таъкид мекунанд.
Мардуми кишвар ҳамасола дар фазои сулҳу амният Рӯзи Ваҳдати миллиро таxлил намуда, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтари кишварамон бо назари нек дида медузанд.
Пойдории Ваҳдат, таъмини амнияти мамлакат ва ҳар як хонадони кишварамон аз ҳар кадоме аз сокинони кишвар вобастагии бузург дорад. Ҳар сокини баору номуси он бояд ба қадри ҳамаи ин оромию ободӣ, сулҳу суббот, ҳар зарра хоки Ватан, ғамхорию дилсӯзиҳои Пешвои муаззами миллатамон бирасанд ва ҳамеша шукрона аз тинҷию амонӣ дошта бошанд.
Ҳоло ки дар баъзе аз кишварҳои олам бо дасти абарқудратҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷангҳои хонумонсӯз аланга дораду мардуми ин кишварҳо дар гирдоби ғаму ғусса афтода, як лаҳзаи осоишро орзу мекунанд, ҳар сокини кишвар бояд нисбати ҳаёти осоиштаи худ бефарқ набошанд.
Тақдири мардуми ҳамсоякишварамон Афғонистон, ки дар ин сарзамин муддати беш аз чил сол аст, ки алангаи ҷангу хунрезӣ майли хомӯшӣ надорад, бояд беҳтарин сабақомӯз бошад. Миёни роҳбарони мухолифини ин кишвар заррае ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надораду барояшон аз манфиати давлат дида, ҷоҳу мансаб болотар аст. То он даме ки ақлҳои солим дар ин кишвар рӯи кор намеоянду баҳри осоиши мардум қадами устувор гузошта намешавад, ҷанги бемаънии ин кишвар чилсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.
То он даме ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистон, алалхусус роҳбарони мухолифини он бо ҳам муттаҳид нашуда, пайи хатми ҷанг талош нанамоянд, барои таъмини сулҳ дар ин сарзамин касе қодир нест.
Агарчӣ аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ соли равон 24 сол сипарӣ мегардаду сарзамини биҳиштосоямон аз баракати он, аз самараи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу шукуфо шуда бошад ҳам, душманони миллату давлатамон то ҳанӯз аз дилу нияти баду нопоки хеш даст накашидаанд.
Мутаасифона, «душманони худӣ» собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳизби экстремистиву террористӣ эълон гардидаву фаъолияташ тамоман мамнуъ гардонида шуд, яке аз дардиҳандагони ҷанги шаҳрвандӣ буданду бо амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо садҳо шахсиятҳои бузурги миллат ба ҳалокат расиданд, Ин ноҷавонмардон то ҳол санг бар сӯи давлату миллатамон андохтаву бо даъвоҳои пурғаразу бепояашон номи миллатамонро дар арсаи байналмилалӣ доғдор карда, нияти дубора ноором кардани кишварамонро доранд.
Ин пастфитратонро Муҳиддин Кабирӣ собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо хоҷагони хориҷии худ роҳнамоӣ доранду дар орзуи онанд, ки ваҳдати миллии бо ҷоннисориҳои зиёд бадастомадаро барҳам зананд. Аз ин хотир, бо амали нотавонбинонаи хеш аз пешравиҳои давлат ва роҳбарияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарзагӯӣ менамоянд. Ин нотавонбинон бехабар аз онанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба иғвою дасисаи касе бовар намекунад.
Ин мардум, ки 24 сол боз аз шаҳди ваҳдати миллӣ ком ширин мекунанд, 24 сол аст, ки болои сарашон хуршеди сулҳу сафо нурафшонӣ мекунад, фирефтаи сухани касе нахоҳанд шуд.
Марду зан ва пиру барнои кишвар хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –меъмори сулҳу ваҳдати миллиро бо нишони шукргузорию арҷгузорӣ пос медоранд ва дар атрофи сиёсати бунёдкоронаву созанда маърифатпарвонааш муттаҳидона ба сӯи фардои боз ҳам дурахшонтар қадам мегузоранд.
Имрӯз дар саросари кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҷлили бошукуҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагиҳои бузург ҷараён доранд. Мардум хуб дарк намудаанд, ки Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлолият асту бо ҳифзи ин ду дастовардҳои беназир ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд гашт.
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишварамон шумораи зиёди иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки симои кишварамонро куллан тағйир додаву шароити зистро барои ҳар сокини он беҳтару хубтар намуданд.
Душанбешаҳр – пойтахти Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон дар тӯли 24 соли тантанаи ваҳдати миллӣ он гуна зебову назаррабо гардида, ки аз маркази кишварҳои пешрафта ҳеҷ тафовуте надорад. Хонаҳои баландошёнаи замонавӣ ҳусни Душабешаҳрамонро ончунон ба таври шинохтанашаванда дигаргун намудааст.
Ҳамдастию муттаҳидии аҳли ҷомеаи кишварамон дар бунёдкорию созандагиҳо боиси ободонию пешрафти кишварамон ва туҳфаи беҳтарин ба ҷашни муқаддаси миллатамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон хоҳад гардид.
Ҳар нафар аз аҳли ҷомеа бо иштироки фаъолона дар ободкориҳои кишвар собит намудан мехоҳад, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти миллату кишвар барояшон азизу муқаддас аст, онро сидқан дӯст медоранду барои таҳкимашон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Аз чеҳраҳои дурахшони мардуми кишвар, ки дар фазои сулҳобод умр ба сар мебаранд, чунин маъниҳоро метавон дарк кард:
«Шараф ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сиёсати оқилонаву хирадмандонааш Тоҷикистонро ба кишвари сулҳу субот ва ободу шукуфо табдил дод!»
«Мо, тоҷикистониён, ба хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бароямон муқаддастарин неъмати зиндагӣ – ваҳдату ягонагиро фароҳам овард, самимона арҷгузорӣ менамоем!»
«Шукуҳи давлату миллатамон, ки бо саъю талош ва аз баракати сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардид, хамеша побарҷо бод !»
«Пояндаву ҷовидон ва бегазанд бод Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолиияти саросарии кишвар- дастовардҳои беназири давлату миллат!»
Ашӯров Мирзо – корманди
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон