Мардуми тоҷик  пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён боз аз нав соҳибдавлат гардид.

9 сентябри соли 1991 бо қабули Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате арзи ҳастӣ намуд, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда  буданд.

Тоҷикистони акнун нав ба истиқлол расида новобаста аз шумораи ками аҳолӣ, масоҳат ва  иқтидори иқтисодию ҳарбӣ дар радифи бузургтарин давлатҳои олам ба мисли Русияву Амрико ва Чину Ҷопон парчамашро дар фарози Созмони Миллали Муттаҳид парафшон намуд ва   чун як давлати комилҳуқуқ  дар ин созмони бонуфуз як овози ҳалкунандаро соҳиб гардид.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои душманони ин сарзамини биҳиштосо нохушоянд буд. Онҳо солиёни зиёд барои аз саҳифаи таърих ба нестӣ бурдани ин миллат дар талош буданду пайти муносиб меҷустанд. Соҳибдавлатию  соҳибистиқлолии ин миллат онҳоро боз бесаранҷомтар кард.

Душманони бадкину бадният барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон – ноором сохтани вазъи Тоҷикистон роҳу воситаҳои мухталифро ҷустуҷӯ карда, ахиран бар он ноил гардиданд.

Дар ин роҳ ҳатто аз иддае аз фарзандони ба ном “ба миллат вафодору дилсӯз”, ки талоши курсию мансаб оромашон намегузошт, вазъро истифода намуда, дар кишвари ором ва рӯзгори мардуми осуда мавҷи эътироз ба Ҳукумату давлатро барпо кардаву   ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аланга доданд.  

  Аксари шаҳрвандони кишвар аз даҳшати ҷанг ва қатлу куштор рӯ ба гурез овардаву кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистонро ҷойи зисти хеш қарор доданд.

Дар тӯли 5 соли идомаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ шумораи зиёди одамон ба ҳалокат расиданд. Манзилҳои зиёди истиқоматӣ вайрону валангор, шумораи беши кӯдакону наврасон аз падару модар маҳруму ятим монданд.

Панҷаи касофату наҳсбори ҷанг рӯзгори мардумро берангу бӯ гардонидаву касе ба ояндаи кишвар ва зиндагии хушу осоишта умеду боварие надошт.

Хушбахтона, бо василаи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мансаби Раиси ин мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамзамон ба вазифаи Сарвари давлат интихоб гардидани вакили серғайрату ҷавон  Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович) фазои сиёсии кишвар ба тамом дигаргун гашт.

Ин марди ватандӯсту халқпарвар дар лаҳзаҳои нахустини зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтан ҳамчун қавли ҷавонмардонаи хеш ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намудаву изҳор доштанд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам».

Воқеан ӯ ба қавли додааш ҳамчун ҷавонмарди ҳақиқӣ вафо кард. Бо ҷасорату мардонагӣ, ба хотири аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат борҳо ҷони хешро дар хатар гузоштаву баҳри истиқрори сулҳи тоҷикон нотарсона ба нуқтаҳои даргир сафар намуд.

 Мардуми тоҷик баъд аз ин бо боварии том эҳсос намуд, ки  Роҳбари соҳибхирадашон аз рӯзи аввали ба маснади сарварӣ интихоб шуданаш баҳри пойдории сулҳу амонии кишвар сина сипар кард, ҳамчун меъмори кордону асил ваҳдати миллиамонро поягузорӣ намуд. Таърихи давлатдории ҷаҳонӣ роҳбареро бо ин гуна сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсӣ ёд надорад.

Агарчӣ ба ватан бозгардонидани гурезаю муҳоҷирони тоҷикро, ки тибқи баъзе маълумотҳо иддае аз онҳо сабақомӯзи мактабҳои сиёсии харобкоронаи  миллату давлатамон буданд,  ба Пешвои миллат хатарнок  арзёбӣ менамуданд, вале ӯ аз ҳадафи пешгирифтааш даст накашид. Онҳоро ба хотири пойдорӣ ва шаъну эътибори давлату миллат пурра ба Ватан бозгардонида, бо ин васила дар қалби хурду  калон маъво гирифт, соҳибэҳтироми хосу ом гардид.  Бо  камоли хиради азалии хеш таҳаммулпазирии бемислро як рукни муҳими давлатсозиву давлатдории худ қарор додаву  дар ин ҷода комёб ва маъруф гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Пешвои миллат дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рамз ва мактаби бузурги сулҳу ваҳдатофарӣ ва некхоҳиву накӯкориро бунёд гузошт.

Агарчӣ ҷаҳониён то садаи XXI халқу миллати тоҷикро бо фарҳанги пурғановаташ бо шахсиятҳои бузургу нобиғааш, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайёму  Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизматҳои арзишманд намудаанд,   мешинохтанду арҷгузорӣ менамуданд, дар асри нав  аз миёни фарзандони тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шахсияте ворид гардид, ки таҷрибаи сулҳофарии нодираш дар олам шоистаи таҳсин ва омӯзиш қарор гирифтааст.

  Маҳз бо саҳми беназири  ин шахсият, марди ҷасур ва соҳибхираду тавоно Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвари тоҷикон сулҳу субот тантана кардаву роҳ ба сӯи ободкорию созандагиҳо гирифта шуд, балки номи давлату миллати тоҷик бо пешниҳодоти  пуразиши ин сиёсатмадори варзида шуҳраи олам гардид. Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо саъю талошҳои миллату ватандӯстонааш, бо ҷасорати бемислаш на танҳо ҷанги бемаънии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки баҳри баратараф кардани мушкилоти ҷаҳонӣ-пешгирии хатарҳои экстремистию террористӣ, ки ҷаҳонро ба коми нобудӣ мебарад, ҳамчунин баҳри  ҳифзи захираҳои оби сайёра ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони он  аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо баланд  кард.

Ин марди тавоно  на танҳо бо сиёсати оқилонаву пайгиронааш амну осоиши Тоҷикистонро таъмин карда, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба он ҷалб намуд, зиёда аз ин боварии созмонҳои ҷаҳониро ба фазои орому осиши кишварамон таҳким бахшида, онро ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ табдил дод.

Дар ҳаёт қимматтар аз сулҳу осоиштагӣ неъмате вуҷуд дошта наметавонаду тамоми дастовардҳои ҳар як халқу миллат ба ин ду мафҳум сахт вобастагӣ доранд. Аз ҷумла, аз баракати сулҳу осоиштагии кишварамон аст, ки мо ҳамчун халқу кишвари соҳибистиқлол ба он дастовардҳои бузурге ноил гардидем, ки ин комёбию пешравиҳо ҳатто дар замони ҳукмрони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ  муяссарамон нагардида буд. 

Аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани кишварамон ин худ бузургтарин комёбист. Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо шарофати сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби роҳҳои сатҳи байналмилилӣ гардида, ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Мо бо василаи ин комёбиамон ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон пайваст гардида, рушди бонизоми иқтисоди кишварамонро зина ба зина ва сол аз сол таъмин намуда истодаем. Робитаю ҳамкориҳои бисёрҷабҳаамон бо беш аз 200 давлати дунё ба пешрафти кишварамон мусоидати комил менамояд.

Бо шарофати сиёсати муваффақи Сарвари оқилу хирадманди миллатамон бунёди иншооти бузурги аср – Неругоҳи обию барқии Роғун ба роҳ монда шуда, аллакай ду чархаи он мавриди истифода қарор дода шуд, ки Тоҷикистони азиз дар солҳои наздик на танҳо истиқлолияти энергетикии худро таъмин хоҳад кард, балки ба як кишвари бузурги интиқолдиҳандаи қувваи барқ табдил хоҳад ёфт.  Он рӯз дур нест, ки бо  ин васила кишварамон дар радифи  кишварҳои пешрафтаи олам қарор хоҳад гирифт.

Пешвои муаззами миллатамон, меъмори ваҳдати миллӣ ва таҳкимбахши Истиқлолияти кишварамон буда, ҳамеша ҳар яки моро бо ҳисси дилсӯзии зиёд ба ҳифзи ҳамешагии самараҳои ваҳдати миллӣ, ки якпорчагии Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд, таъкид мекунанд.

Мардуми кишвар ҳамасола дар фазои сулҳу амният Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуда, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтари кишварамон бо назари нек дида медeзанд.

Пойдории Ваҳдат, таъмини амнияти мамлакат ва ҳар як хонадони  кишварамон аз ҳар кадоме аз сокинони кишвар вобастагии бузург дорад. Ҳар сокини баору номуси он бояд ба қадри ҳамаи ин оромию ободӣ, сулҳу суббот, ҳар зарра хоки Ватан, ғамхорию дилсӯзиҳои Пешвои муаззами миллатамон бирасанд ва ҳамеша шукрона аз тинҷию амонӣ дошта бошанд.

Ҳоло ки дар баъзе аз кишварҳои олам бо дасти абарқудратҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷангҳои хонумонсӯз аланга дораду мардуми ин кишварҳо дар гирдоби ғаму ғусса афтода, як лаҳзаи осоишро орзу мекунанд,  ҳар сокини кишвар бояд нисбати ҳаёти осоиштаи худ бефарқ набошад.

Тақдири  мардуми ҳамсоякишварамон  Афғонистон, ки дар ин сарзамин муддати беш аз чил сол аст, ки алангаи ҷангу хунрезӣ майли хомӯшӣ надорад, бояд беҳтарин сабақомӯз бошад. Миёни роҳбарони мухолифини ин кишвар заррае ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надораду барояшон аз манфиати давлат дида, ҷоҳу мансаб болотар аст. То он даме  ки ақлҳои солим дар ин кишвар рӯи кор намеоянду баҳри осоиши мардум қадами устувор гузошта намешавад, ҷанги бемаънии ин кишвар чилсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.

То он даме ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистон, алалхусус роҳбарони мухолифини он бо ҳам муттаҳид  нашуда, пайи хатми ҷанг талош нанамоянд, барои таъмини сулҳ дар ин сарзамин  касе қодир нест.

Агарчӣ сарзамини биҳиштосоямон аз баракати сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу шукуфо шуда бошад ҳам, душманони миллату давлатамон то ҳанӯз аз дилу нияти баду нопоки хеш даст накашидаанд.

Ин пастфитратон дар орзуи онанд, ки ваҳдати миллии бо ҷоннисориҳои зиёд бадастомадаро барҳам зананд. Аз ин хотир, бо амали нотавонбинонаи хеш аз пешравиҳои давлат ва роҳбарияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарзагӯӣ менамоянд. Ин нотавонбинон бехабар аз онанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба иғвою дасисаи касе бовар намекунад.

Ин мардум, ки аз шаҳди ваҳдати миллӣ  ком ширин мекунанд, ва  болои сарашон хуршеди сулҳу сафо нурафшонӣ мекунад,  дигар фирефтаи сухани касе нахоҳанд шуд.

Марду зан ва пиру барнои кишвар хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –меъмори сулҳу ваҳдати миллиро бо нишони шукргузорию арҷгузорӣ пос медоранд ва дар атрофи сиёсати бунёдкоронаву созанда ва маърифатпарвонаашон муттаҳидона ба сӯи фардои боз ҳам дурахшонтар қадам мегузоранд.  

Имрӯз дар саросари кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҷлили бошукуҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагиҳои бузург ҷараён доранд. Мардум хуб дарк намудаанд, ки Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлолият асту бо ҳифзи ин ду дастоварди беназир ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд гашт.

Аллакай дар ду соли аввали омодагиҳо ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишварамон шумораи зиёди иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки симои кишварамонро куллан тағйир додаву шароити зистро барои ҳар сокини он беҳтару хубтар намуданд.

Ҳамдастию муттаҳидии аҳли ҷомеаи кишварамон дар бунёдкорию созандагиҳо боиси ободонию пешрафти кишварамон ва туҳфаи беҳтарин ба ҷашни муқаддаси миллатамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон хоҳад гардид.

Ҳар нафар аз аҳли  ҷомеа бо иштироки фаъолона дар ободкориҳои кишвар собит намудан мехоҳад, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти миллату кишвар барояшон азизу муқаддас аст, онро сидқан дӯст медоранду  барои таҳкимашон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Аз чеҳраҳои дурахшони мардуми кишвар, ки дар фазои сулҳ умр ба сар мебаранд, чунин маъниҳоро метавон дарк кард:

«Пояндаву ҷовидон ва бегазанд бод Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолиияти саросарии кишвар- дастовардҳои беназири давлату миллат!»

Ашӯров Мирзо,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед