Барои ҳар зинаи инкишофи ҷомеа улгуи муайяни ваҳдатгароие хос аст, ки тавонад фазои иҷтимоии созгоре баҳри ҳамкориҳои гурӯҳу созмонҳои гуногун пешниҳод намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз давраи комилан нави инкишофро пушти сар мекунад ва зарурати таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун қутбнамои самти ислоҳот дар соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад. Бинобар ин, пас аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ амалияи ҷамъиятии Тоҷикистон аз корбурди мафҳумҳои нав бою рангин гардид, ки дар қатори онҳо калимаҳои «вахдат» ва «ҳамгироӣ» аз истифодаи васеъ бархурдоранд. Ба кор гирифтани ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон имкон дод дар муддати нисбатан кӯтоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори низоъи дохилӣ вораҳонад, балки ба як қатор мувафаққиятҳо низ дар инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардад. Аз ин рӯ, роҳбари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа бошад ва барои дар зеҳни мардум ҷой додани муҳтавои он иқдомҳои ҷиддию ҳамешагӣ сурат гирад. Ин ҳидояти роҳбари давлат ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни кулли қишрҳои ҷомеа якдилона дастгирӣ ёфт ва тавонист ба омили муттаҳидшавӣ атрофи мақсади умумии рушди кишварамон табдил ёбад. Аслан таҳлили ҳаёти сиёсии бисёр ҷомеаҳо нишон медиҳад, ки пайдо кардани чунин рамзу шиори дорои нерую имкони кулли афроди ҷомеаро атрофи мақсади умумӣ муттаҳидсоз кори басо сангин ва баъзан имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт ба зоти худ нодир ва воқеан шоистаи омӯзишу истифода аст.

Агар ба истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанаш назар андозем, мебинем, ки онро ду раванди ба ҳам алоқаманд дунбол мекардаанд. Яке раванди асосноккунии назарияи ҳалли мусолиҳатомези низоъи сиёсӣ, дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшуда. Ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии мо муфассал омӯхта шудааст, вале вежагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол на танҳо мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст, балки барои бисёриҳо ҳадафу муҳтавои он равшан нест. Манзури мо муҳтавои назари зиёиёни кишвар дар матбуоти даврӣ аст, ки тули солҳо ҳамрадиф бо амалияи истиқрори сулҳ пайваста кӯшиши пешниҳоди роҳҳои аз байн бурдани ихтилофи назари аъзои ҷомеаро матраҳ менамуданд. Ин назарҳо бо такя ба дастовардҳои илми ҷомеашиносӣ роҳҳои ҳалли проблемаро пеш мегузоштанд, баҳсҳо доир менамуданд ва ҷомеаро бо ин масъала шинос мекарданд. Маводи дастрас аз нашрияҳо шоҳиданд, ки ҷомеаи имрӯзи мо барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда роҳи мусолиматомезро афзал мешуморад.

Бино бар ин, метавон гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятист, балки дорои паҳлуҳои гуногуни ақидатӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хос бо вежагиҳои дарки оғози олам, ташкили ҷомеаи инсонӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ ва ғайра низ мебошад. Зеро бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имкони ба даст овардани манзараи диди олами иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад буд. Аз ин зовия агар ба таърихи башар назар андозем, мебинем, ки муҳтавои ин ду манзараи диди олам дар ташаккули якдигар мақоми назаррас доранд. Агар муҳтавои диди олам аз нигоҳи аъзои ҷомеа анбоштаи тасаввуроти устуравӣ, динӣ ё назарияҳои илмӣ бошад, пас заминаи унсурҳои ташкилдиҳандаи ваҳдати он ин низ гуна хусусиятро дорад. Аз ин рӯ, барои нишон додани робитаи ногусастании манзараи диди ваҳдати олам дар маҷмуъ ва ҷомеа дар алоҳидагӣ баррасии мухтасари онҳоро зарур мешуморем. Назарияҳои мухталифе, ки марбут ба дарки ин мавзуъ мавҷуданд, аслан аз дидгоҳи умумифалсафии низоми олам сарчашма мегиранд.

Бори нахуст масъалаи ваҳдати оламро аз дидгоҳи умумифалсафӣ мутафаккирони антиқӣ, аз ҷумла Фалес ва Демокрит ба миён гузоштаанд. Азбаски ҷаҳонбинии онҳо тарзи содаи илмгароёна буд, мавзуъро ҳама ҳаллу фасл карда натавонистанд. Тахмин мезаданд, ки ваҳдати олам дар моддияти он аст. Соири мутаффакирони антиқӣ ваҳдати оламро дар мавҷудияти руҳҳои (ғояҳои) азалии мутлақ ё эҳсосоти инсон медонистанд. Тасдиқи ин андешаҳо минбаъд дар шаклҳои гуногун дар фалсафаи шарқи исломӣ ва урупоӣ мушоҳида мешавад, аз ҷумла дар фалсафаи иҷтимоии Ибни Халдун.

Файласуфони ҷомеашиноси асри XIX, аз ҷумла Г. Спенсер ба ҳалли проблемаи ваҳдати олам жарфтар фурӯ рафтанд. Онҳо бо такя ба дастовардҳои илми табиатшиносӣ кӯшиданд ба масъала аз нигоҳи сайри такомул назар андозанд. Ба қавли Спенсер табиат ҷуз материяи гуногунҷинс бо сифатҳои гуногунранг нест. Ӯ итминон дошт, ки ваҳдат дар оламро аносири органикию ғайриорганикӣ ташкил медиҳанд ва унсурҳои органикӣ аз ғайриорганикӣ ба вуҷуд меоянд.

Маркс ва Энгелс проблемаи ваҳдати оламро аз мавқеи материалистӣ ҳаллу фасл мекарданд. Онҳо тасаввуроти метафизикии роҷеъ ба вартаи касногузари байни материяи зиндаю ғайризиндаро рад карда, пайдоиши ҳаётро аз материяи ғайриорганикӣ медонистанд. Марксизм дар баррасии масъала бар ин назар аст, ки дар олам бидуни материяи мутаҳҳаррик чизи дигаре вуҷуд надорад ва ин материя дар фазову вақт ҳаракат дорад. Ваҳдати моддии олам, чунонки ваҳдати диалектикии гуногунранг, ду гуна зоҳир мегардад. Аввал, мавҷудияти ашё, падидаҳо, равандҳо ва низомҳои сифатан мухталиф ва номаҳдуд. Дигар, муносибати рушдёбанда миёни низомҳои сатҳи гуногун, ки дар «шомил гардидани» низоми на он қадар мураккаб ба низоми нисбатан мураккаб ифода мёбад.

Дар ошкор сохтани моҳияти ваҳдати моддии ҷаҳон кибернетика низ саҳми шомих гузоштан дорад: ин чиз умумият дар падидаву равандҳои мухталифро муқаррар мекунад. Ва умуман, иттиҳоди улум шаҳодат аз ваҳдати моддии олам медиҳад. Биноан, рушди табиатшиносӣ тағйир до-дани тафсирҳои фалсафии ҳастиро низ тақозо намуд. Ба сохтори ҳастӣ мақулаи «мушоҳидагар» ворид карда шуд.

Ин нуқтаи назар, ки чун вокунише ба кашфи назарияи нисбият ва ме-ханикаи квантӣ арзи ҳастӣ кард, дар дигар соҳаҳои дониши фалсафӣ худро зоҳир карда натавонист. Дар маърифати фалсафӣ иваз кардани са-воли «олам чист?» ба саволи «мо ин оламро чӣ тавр мебинем?» ҳарчи бештар густариш ёфтан дорад. Файласуфи олмонӣ М. Хайдеггер кӯшиш ба харҷ дод, ки нуқтаи назари баъдимарксистӣ биофарад. Ба пиндошти ӯ се намуди ҳастӣ вуҷуд дорад. Шакли аввал мавҷудият мебошад. Неруи ҳаётие, ки ба ашёву падидаҳо имкон медиҳад сарҳади миёни ҳастӣ ва фаноро убур намоянд. Намуди дуюми ҳастӣ, ба андешаи Хайдеггер қолаби кӯтоҳмуддати ҳастии ашёи воҳид мебошад. Дар ин мафҳум тавсифи ҳастии ашёҳое муқаррар карда мешаванд, ки берун аз шуури мо қарор доранд. Онҳоро фаҳм кардан наметавон, аммо аз сар гузаронидан мета-вон (гаронӣ, дард, ваҳму тарс, шодию нишот, сармо ва ғайра).

Шуур ҳамшабеҳи ин тавсифотро ба вуҷуд меорад, ки ба сифати хоси-ятҳои ҳастӣ арзи вуҷуд мекунанд. Ба ҷойи сармо ҳарорат, ба ҷойи гаронӣ масса гузошта мешавад. Дар қиёс бо аввалиҳо, тавсифоти дувум бо фаъолияти инсон алоқаманданд. Онҳоро фаҳм кардан ва омӯхтан мета-вон. Ин шакли ҳастиро Хайдеггер “ман” (ҳастии инсон) номгузорӣ кард.

Дар давраи ахир тафсироти ғайриклассикии ҳастӣ дар улуми гумани-тарӣ эътибору мақоми ҳарчи бештар пайдо кардан доранд. Ин бештар марбут ба иҷтимоъшиносӣ ва иқтисод мебошад. Ба ҷойи қонунҳои хат-тии аз пиндору шуури одамон новобаста қонунҳои эҳтимолие меоянд, ки фарорасии амали онҳо бо қонунмандиҳои оморӣ иртибот доранд. Бино-бар ин, арзишҳову тасаввуроти дар як зинаи инкишофи ҷамъият барои ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ муфид дар зинаи дигари инкишофи ҷомеа наметавонад созгор бошад. Ҳар зинаи инкишофи ҷомеа вобаста ба талабо-ту манфиатҳои аъзои ҷомеа ҷустуҷӯи заминаю арзишҳои хоси ба ваҳдати онҳо мусоидро талаб мекунад.

Дар ҷомеаи анъанавӣ муносибатҳои марбут ба вежагиҳои гурӯҳию қавмӣ ва авлодию минтақавӣ ҳамзамон чун шакли ваҳдату ҳамбастагиҳо арзи ҳастӣ мекунанд. Аммо чунин ваҳдату ҳамбастагӣ, новобаста ба пойдориаш, бовари ҷомеаро танҳо дар доираи гурӯҳу қавм ва авлоду минтақа маҳдуд месозад. Табиист, ки ҳар гуна падидаи иҷтимоӣ новобаста аз ҳузури доимияш дар ҳаёти ҷомеа танҳо дар сурати ба мавзуъи доғ ва таъинкунандаи самти инкишофи он табдил ёфтанаш таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ҷалб менамояд. Ҷомеаи орӣ аз дарки як чунин эхтиёҷ наметавонад захираи зеҳнии худро ба дарки воқеияти ҳаёти иҷтимоияш равона созад. Хушбахтона, аз ин лиҳоз дар кишвари мо пас аз ба даст овардани истиқлол таваҷҷуҳи ҷомеашиносон ба омӯзиши ин падида боло рафт ва аз лиҳози ҷамъоварии маводи аввалияи таҳлилӣ, яъне санаду ас-ноди эмпирикӣ, то андозае ба муваффақият ноил гардид. Вале дар ҷодаи ҷустуҷӯи вежагиҳои зуҳури падидаи мазкур ва роҳандозии шароити мусо-ид ба ҷомеасозии лозим ҷомеашиносии мо ниёз ба татбиқи силсилаи пажӯҳишҳои амалию назарӣ дорад.

Тавре ёдовар шудем, ҳар ҷомеа ниёз ба ягон шакли ваҳдатро дорад, то ба василаи он одамонро одат диҳад, ки эшон умумиятҳои наздик ба якдигарро доранд ва ривоҷу нигоҳдошти ин чиз дархӯри талаботи инки-шофи онҳо аст. Ҳарчанд сифату вежагиҳои иҷтимоии ин ваҳдату хамба-стагӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳар ҷомеа яксон буда наметавонад. Вале дар маҷмуъ ин чиз замонати эҷоди фазои дарку тасаввури ба ҳамдигар наздики аъзои ҷомеаро дар мавриди доштани умумиятҳои муштарака-шон ба дӯш дорад. Аз лиҳози дар кадом сатҳ (оила, гурӯҳ, давлат) вуқуъ доштани ваҳдату ҳамбастагии иҷтимоиро ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дюркгейм (1857-1917) ба ду навъ ҷудо кардааст: ваҳдати механикӣ ва ваҳдати органикӣ. Ваҳдати механикӣ дар роҳи эҷоди тасаввури дастҷамъии одамон оид ба умумиятҳои наздикашон аз онҳо як навъ сар-супурдагии саросариро тақозо менамояд, ки одатан барои ҷомеаҳои иб-тидоии муосир хос аст. Таҷассуми боризи ин гуна ваҳдату ҳамбастагиро дар муносиботи роиҷ дар оила, умумиятҳои қавмӣ, маҳаллӣ, минтақавӣ ва ғайра дар кулли ҷомеаҳои имрӯз низ дучор омадан мумкин аст. Ваҳдати органикӣ хоси ҷомеаҳои муосир буда, танҳо ба таъкиди умумияти байни аъзои ҷомеа маҳдуд нашуда, пайваста кӯшиши мекунад робитаҳои тақви-ятдиҳандаи чунин умумиятҳоро барқарор нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, ҷомеаи асосёфта ба ваҳдати механикӣ одатан агар саргарми ҷалби маҳбубияту эътимоди зоҳирии мардум бошад, пас ҷомеаи барқарор бар пояи ваҳдати органикӣ пайваста эҳтиёҷ барои эҷоди заминаи қонунии инкишофи ин раванд ва зарурати ҷустуҷӯи пайвастаи роҳҳои манфиатбахши ба кор ги-рифтани захираи ақлонии аъзои худ дар ин самт мебошад. Аслан таъмини ваҳдати устувори ҷомеае, ки иборат аз табақаҳои гуногун, умумиятҳои мухталифи этникию минтақавӣ аст, бар асоси ҳамбастагии механикӣ ду-швор ва номумкин аст. Ин қазоват нисбат ба ҷомеаи имрӯзи тоҷик низ ду-руст аст, бинобар ин, бо дарки ин масъала мо имрӯз шоҳиди анҷоми як идда кӯшишҳои ҳокимияти сиёсӣ ва зиёиёнамон дар ҷодаи барқарории ваҳдати органикӣ дар ҷомеаамон ҳастем. Табиист, ки душвориҳои дар ин роҳ мавҷуд аз нигоҳи ҷомеашиносӣ вежагиҳои бунёдӣ доранд ва посух ба онҳо низ бояд хеле борикбинонаю дархӯри талаботи рушди устувори ҷомеа бошад.

Ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ як ҷузъи муҳим ва ногусаста-нии фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Ра-ванди дар ҷисми фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати халқи-яти ягона дар заминаи умумияти бохтариёну суғдиён саҳми арзанда гузо-штааст. Маҳз дар партави чунин ваҳдати иҷтимоию фарҳангӣ, минбаъд халқи тоҷик тавонист ба эъмори давлатҳои ҷудогонаи худ иқдом намуда, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор гардад. Чунин ар-зишҳои ваҳдатсоз дар ҷисми фарҳангии мардуми тоҷик дар заминаи диди фалсафии ӯ ба олам, робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи он, аз ҷумла ин-сонҳои алоҳида, ки дар мисраи безаволи Саъдӣ «Бани одам аъзои як пайкаранд» хулоса мешавад, таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, табиист, ки имрӯз дар даврони истиқлоли сиёсии кишвар хотираи таърихии миллат ба ин падидаи нодири фарҳангию иҷтимоӣ, яъне ваҳдат арҷу эҳтиром мегузорад ва онро дар масири инкишофи минбаъдаи худ низ нигоҳ хоҳад дошт. Агар аз фарози ин қисмати иҷтимоӣ ба таърихи тоҷикон назар ан-дозем, мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастагинопазир дар ин роҳ ӯро аз чашидани шаҳди ин неъмати бебаҳо бенасиб нагардонида будааст. Дар ҳар зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафтатар шарафёб мегаштанд. Яъне тавассути чунин тамоюли ваҳдат-гаройӣ тоҷикон сареътар аз дигар мардумон доираи ҳамгаройии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту мил-лати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Мояи илҳомбахши ин амалҳо пеш аз ҳама майлу рағбат ва дилбастагии аҷдоди мо ба иқдомоти созандагию бу-нёдкорӣ ва эҷоди фазои ҳусни тафоҳуму таҳаммулпазирӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба шумор мерафт. Маҳз дар партави чунин андеша рустою шаҳрҳои мутараққӣ қомат меафрохтанд ва рифоҳи зиндагии мардум беҳтару рангинтар мегашт. Минбаъд дар заминаи ҳарчи бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгаройии хеш мардуми мо тавонист муттаҳидшавиро дар шакли умумиятҳои бузургтар аз оилаю авлод, яъне халқияту миллати мустақил таъмин намояд. Ин падидаро ме-тавон воқеан ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таьрихи ташаккули миллати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад муҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои ҳаёти ҷомеа амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносибу санҷидатар гардонад. Зеро па-дидаи фавқуззикр баёнгари он аст, ки фосилаи замонии зуҳури тағйироти иҷтимоӣ, аз ҷумла аз як шакл ба шакли дигари иттиҳоди таърихӣ гуза-штани одамон муддати умри наслҳои зиёдро дарбар гирифта, ибтикору ҷоннисориҳои бепоёнро талаб мекунад. Танҳо дар натиҷаи чунин омӯзишу пажӯҳиш ва дарки муҳтавои инкишофи миллат меҳру муҳаббат ва са-доқати мо ба таъриху фарҳанги бостониамон боло меравад ва дар марҳилаи созандагии кунунӣ моро ба идомаи анъанаҳои ватанпарастонаи насли пешин ва иҷрои амалҳои созанда барои шукуфойии ватани азиза-мон ҳидоят менамояд.

Бо такя ба матлаби зикршуда метавон гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дорои паҳлуҳои гуногуни ақидатӣ, назариявӣ, таърихии хос ба вежагиҳои дарки вуҷуди олам, сатҳи робитаи унсурҳои ташкил-диҳандаи он, балки дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тарти-боти ҷамъиятӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ низ мебошад. Ин ду ҷанбаи зуҳури ваҳдат дар алоқамандии бевосита қарор доранд. Зеро бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ меку-над, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди ола-ми иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад буд. Бинобар ин, агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем, ки муҳтавои ин ду манзараи диди олам дар та-шаккули якдигар мақоми назаррас доранд. Агар муҳтавои манзараи диди аъзои ҷомеа аз олам анбоштаи тасаввуроти устуравӣ, динӣ ё назарёти но-комили илмӣ бошад, пас диди ӯ аз падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла заминаи ваҳдат ва унсурҳои ташкилдиҳандаи он ҳамингуна хусусият мегирад.

Агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андо-зем, мебинем, ки муҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст. Аз ин лиҳоз ташаккул ва истиқрори ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро ду раванди ба ҳам алоқаманд пайваста пайгирӣ менамуданд, ки имтиҳоне барои нишон додани неруи созандаи мафкураи ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи навини мо буд. Яке раванди дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилоти сиёсии мавҷуд ва зарурати таъмини тартиботи иҷтимоӣ, ди-гаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгиройии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат буданд. Таҷрибаи дар ин роҳ андӯхтаи ҷомеаи мо собит намуд, ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ созгор намудани онҳо метавон ноил гардид. Ҳарчанд ҷараёни таъмини ин ҳадафҳо дар давраи муайяни инкишофи ҷомеаи мо равшан аст, вале зарурати таҳкими бештари ин падидаи нодир дар таъмини инкишофи минбаъдаи ҷомеаамон дар ҷои аввал қарор до-рад.

Роҳандозии саъю талоши ваҳдатгаройии ҷомеаи мо дар даврони куну-нии инкишофаш на камтар аз солҳои пешт аст, балки дар мавриди кунунӣ ба маротиб меафзояд. Зеро шиддати муқовимату рақобати кишварҳо ба-рои дастёбӣ ба захираҳои энергетикию ашёи хоми кишварҳои рӯ ба ин-кишоф бештар ба чашм мерасад. Барои ба ин ҳадаф расидан баъзе аз ки-шварҳои абарқудрат зери ниқоби ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар на танҳо аз фишору таҳримҳо, балки дар аксар маворид аз неруи низомӣ низ истифода мекунанд. Дар муқобили чунин таҳдидҳо ҷомеае метавонад аз худ дифоъ кунад, ки агар дар канори соири омилҳо ба зарурати тақвияти арзишҳои ботинан ваҳдатгаро таваҷҷуҳи пайваставу хоса зоҳир намояд. Заъфи чунин неру муҷиби фурӯпошии бо-суръати низомҳои иҷтимоӣ мегардад, ки солҳои охир зуҳури чунин па-дида дар аксар мамолики ҷаҳон, бахусус дунёи араб мушоҳида мешавад. Дарки эҳтимоли минбаъд низ афзоиш ёфтани чунин падидаи хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро водор месозад, ки неруи ақлониву захи-раҳои моддии ҷомеаро барои таъмини рушди босуботи ватани маҳбуба-мон равона созем.

Пеш аз ҳама зуҳури аксари ин бархурдҳо аз кӯшиши кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд барои даст ёфтан ба манобеи энергетикии кишварҳои дигар сурат мегирад. Нодида гирифтани ин масъала метаво-над на танҳо ба боло рафтани муқовимат ва норозигии дохилӣ мусоидат кунад, балки ҳамчун фишанги таьсиррасонию қудратталабии кишварҳои дигар нисбат ба кишвари мо гардад. Барои кишвари мо таваҷҷуҳи пайва-ста ба ин вазъ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Тоҷикистон дар минтақаи асосии геополитикӣ қарор дорад. Аз ин нигоҳ моро зарур аст сиёсати хориҷиамонро бо кишварҳои ҳамҷавор, ки манфиатҳои иқтисодию амни-ятии муштарак доранд, фаъолтар кунем. Дар ин маврид зарур аст ба-робари вусъат бахшидан ба долони нақлиёти қисмати ҷануб, инчунин беҳтар намудани шоҳроҳи ҳамлу нақли самти шимоли кишварро пайваста дар мадди назар дошта бошем. Яке аз омилҳое, ки метавонад иртиботи сиёсии кишварҳоро наздик созад, тавофуқи тарафайн дар масъалаи пешгирии вусъати ҷараёнҳои ифротгароии диниест, ки илҳом аз паё-мадҳои «баҳори арабӣ» гирифтан доранд.

Агар аз ин дидгоҳ ба ҳадафу муҳтавои сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишварамон назар андозем, мебинем, ки он усулан ба таҳкиму устувории вахдати миллӣ нигаронида шудааст. Шоҳиди ин ҳамон барномаи тавассу-ти сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва бунёди неругоҳҳои обӣ барои таъмини истиқлоли энерге-тикии он аст. Татбиқи амалии ин барнома мақсади устувор кардани ваҳдат дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ва пайванди риштаҳои гусастаи робитаҳо дар байни мардуми кишварро дорад. Амалишавии ин барнома аз лиҳози сиёсӣ имконият медиҳад, ки яке аз ҷузъҳои муҳими бақои мил-лат, таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бомуваффақият ҷомаи амал пӯшад. Ин кор ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори кишвар таъмин менамояд. Ваҳдати миллӣ барои афроди кишвар худро ба сифати як ҷузъи миллат дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи худ ва тамоми ҷомеа донистан ва дар роҳи татбиқи манфиатҳои миллӣ саъй кардан аст. Чунин як эҳсос бояд дар замири ҳар сокини мамлакат новобаста аз мансубияти минтақавию қав-мияшон ҷойгир бошад ва барои ташаккули ифтихори миллӣ ва ватандо-рии онҳо мусоидат намояд. Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсо-су ҳувияти барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин, дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми сарвари сиёсии давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тақдирсоз дар мавриди ҳалли таъми-ни истиқлоли энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт. Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми аҳолии мамлакат, новобаста ба мансубияти этникиашон якдилона аз иқдоми созандаи сарвари сиёсиашон самимона ва ватанпарастона пуштибонӣ намуданд. Барои дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун умумияти этникие, ки дар эъмори Тоҷикистон саҳмгузоранд, мардуми кишвар бояд дар заминаи фарҳанги таҳаммулпа-зирӣ барои ташаккули ифтихори ватандории ҳамаи сокинони кишвара-мон, новобаста аз мансубияти этникияшон ҷидду ҷаҳд намоянд.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
Хайриддин УСМОНЗОДА
САДОИ ШАРҚ №6 соли 2023

Чоп кунед