Рӯзи 27 июни соли ҷорӣ сокинони кишвар бо қаноатмандии бузург 24 -умин солгарди яке аз санаҳои таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи давлатдории тоҷикон – Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки барои сокинони кишвар арзишмандтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад, ҷашн мегиранд.

Дар санаи 27 июни соли 1997 ба тақдири миллати тоҷик дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расонида шуд ва ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии   тоҷикон хотима гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш дар бораи аҳаммияти таърихии ин санаи басо муборак гуфта буданд: “27 июн, бешубҳа, дар таърихи миллати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад”.

Дар қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба сулҳу салоҳ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ниҳоят калон дорад. Дар ин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ба савганди садоқат ба Ватан ва миллат хӯрдаи худ, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам,  ман худро ором ҳис намекунам ва лозим шавад барои расидан ба сулҳи сартосарӣ ва ризояти миллӣ ҷони худро фидо менамоям,” дар ваъдааш содиқ монд.

         Бале, комёбиҳои миллат ва давлати мо зери сарварии Пешвои муаззами миллат хеле зиёданд. Фаромӯш набояд кард, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ ва тадбиру талошҳояшон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, иттиҳоди миллат таъмин гашт. Масъалаи мазкур муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ кулли орзую омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Баъди ҳазорсолаҳо таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошанд. Агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Зеро дар он ҷангҳои байниҳамдигарии мо хушку тар месӯхт, ба бешазорону манзилҳои истиқоматӣ оташ меафтод, лонаи парандагону пахтазорон дар мегирифт. Одамон ва ҳатто хазандаю дарандагон ва ҳайвонҳо рӯ ба гурез буданд, мӯру малах, боғу майдонҳои гулпӯш хазон,  хонаву дари мардум таги чархҳои мошинҳои ҷангӣ мемонданд ва одаму оламро як ҳолати ногуворе фаро мегирифт.

Маҳз баъди ба Сарварии давлату ҳукумат омадани Пешвои муаззами миллат табиат ҳам аз нав зинда гашт, дар ҷойҳои сӯхта сабза дамид, гулу гиёҳҳо ҳифз шуданд, пахтазорҳо чаман-чаман ба шукуфтан оғоз карданд, гурезаҳо ба тамом ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, барқароркунии харобаҳои ҷангӣ оғоз шуд, ҳазорҳо гектар боғу майдонҳои дарахтзор бунёд гашта, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳё шуданд. Ободонию дурнамои рушди истеҳсолот дар ҷумҳурӣ босуръат пеш рафт, саноатикунонии кишвар–ҳадафи чоруми миллӣ эълон гашт…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ тавонист, ки:

  • кишварро аз ҷанги таҳмиллии дохилӣ ва нобудӣ наҷот диҳад;
  • дар мушкилтарин вазъият мардуми кишварро муттаҳид намуда, баҳри якпорчагии Тоҷикистони азиз хизматҳои шоён намояд;
  • баҳри рушди кишвар, таъмини суботи ҷомеа, рушди бонизоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ мусоидат намуда, кишварро аз бунбасти иқтисодӣ барорад;
  • дар маърифатноккунонӣ ва созандагию бунёдкории кишварамон устувории ҷиддӣ ба миён овард…

Агар тоҷикон бо сарварии Пешвои муаззами  миллат худашон талош ба Ваҳдати миллӣ намекарданд, ягон неру ё  миёнрав онҳоро ба ҳам оварда наметавонист. Маҳз масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва истодагарии  Президенти кишвар  дар баргардонидани охирин гурезаҳо дар таҳкими бақои давлату иттиҳоди миллат нақши  бузург бозид.

Фаромӯш набояд кард, ки аксар аз зумраи баъзе фаъолону роҳбарон барои баргардонидани гурезаҳо муқобил буданду онҳоро барои ҷумҳурӣ шахсони нодаркор ва зараровар меҳисобиданд.  Хушбахтона, Пешвои миллат ба онҳо гӯш накарда, худашон аввалин шуда ба пешвози гурезаҳо рафтанд. Баргардонидани гурезаҳои иҷбориро барои худ шараф, номус,хештаншиносию мардумпарварӣ ва қарзи виҷдонӣ ҳисобиданду ваъдаи“то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худамро орому осуда ҳис намекунам”-ро ҷомаи амал пӯшониданд…

Ҳадафу мақсади асоси Президенти кишвар баъди баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол омадани вазъият байни  мардум рафтану вохӯрӣ бо онҳо буд. Дар остонаи барқароршавии Ҳокимияти конститутсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шудани маъракаҳои «Рӯзи ёдбуд ва сулҳу дустӣ» ба ҳукми  анъана даромада буд. Ин маъракаҳои муҳим барои ба пешвози якдигар омадани мардум ва дустиву рафоқат, амнияту оромӣ ва сулҳу субот асос гузошт. Пешвои муаззами миллат новобаста аз ташвишҳои зиёд ва нооромии вазъият қариб дар ҳамаи маъракаҳои мардумӣ иштирок намуда, бо мардум аз наздик ва рӯбарӯ суҳбатҳои самимӣ доир карда, онҳоро ба якдигарфаҳмию ваҳдат, бахшиши ҳамдигар, оромии комил, барқарор намудани истеҳсолот ва самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ даъват намуда, барои якпорчагии давлату иттиҳоди миллат нақши калонро иҷро намуданд.

Дар ҳама ҳолат ба суханҳои бузургон такя карда, таъкид мекарданд, ки «Хунро бо хун намешуянд, хунро бо об мешуянд», “Қувваи мушт дар панҷ ангушт”, “Бузургтарин кори хайр гузашт кардан аст”, “Ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад”, “Пароканда лашкар наояд ба кор”, Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст” ва садҳо чунин мақолҳоро асос оварда, мардумро барои пойдор мондани бақои давлату иттиҳоди миллат даъват менамуданд. Беҳуда ҳам бузургони Аҷам нафармудаанд:

Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст,

Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро.

Боиси хушнудист, ки бо шарофати иродаи қавии Пешвои миллат хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ бартараф гашта, ягонагию муттаҳидии миллат таъмин карда шуд. Ин дастовардҳо ин шахсияти бузургро ҳамчун асосгузор–наҷотбахши давлату миллат ба оламиён муаррифӣ намуданд.    Имрузҳо дар назди Созмони Миллали Муттаҳид барои ба эътидол овардани ваъзи давлатҳо аз хунрезию нооромиҳо омӯзиши мактаби  сулҳи тоҷикон тавсия карда шудааст.

Юнониён ҳикмати бузурге доранд; “Худоён ба яке истеъдод медиҳанду ба дигаре – омади кор. Вале он касро, ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некуаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад”.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва дар маҷмӯъ, Асосгузори бақои давлату иттиҳоди миллат ва пешвои  умумимиллӣ шинохта ва эътироф шудааст.

 

Имомназари  Каримиён,
муовини сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед