Пӯшида нест, ки дар раванди таърихи мутамаддини кишварамон ваҳдат ба маъниву мазмунҳои гуногун арзи ҳастӣ мекард, аммо ҳамеша мазмуну муҳтавояш побарҷо буд, ки асосу бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарӣ ва ҳар як инсон аст. Дар баробари ин ваҳдат боз мафҳумҳоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии мардуму сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноӣ дорад, зеро бе Ваҳдати миллӣ  дастрасии ин арзишҳо ғайриимкон аст. Ҷомеаи инсонӣ ба дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромии мардум танҳо дар муҳити ваҳдат зистани ҳамагон амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон рукни арзишманд аст. Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва ифротгароии хушунатомези динию  сиёсӣ беш аз пеш вусъат пайдо мекунанд.

Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки кишвари ҷавони мо аз рӯзҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ ба душвориҳои зиёди таҳмилӣ мувоҷеҳ гардид. Боиси хурсандист, ки дар Иҷлосияи таърихии 16–уми Шурои Олӣ бунёди давлатдории навини миллӣ гузошта шуда, аз он баъд,тибқи  Конститутсия ва қонунҳои демократӣ мавқеи дин, имон, озодии виҷдон, осори ниёгон, арзишҳои маънавию ахлоқӣ илман муайян гардида, фаъолияти муассисаву иттиҳодияҳои динӣ ба маҷрои мувофиқ ба амал пайвастанд.

Рушди саноату кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз дар солҳое муяссар гардиданд, ки оромию сулҳу салоҳ ва ваҳдати мардум дар ҷомеа устувортар фароҳам меомад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдат хусусияти айнӣ дошта, дар ҳама гуна ҷамъият аксари мардум, бахусус қишрҳои дорои нерӯи волои ақлонӣ ба таъмини фазои орому осуда ба раванди ваҳдат саъйу кӯшиш меварзанд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ва воридшави кишвар ба марҳалаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо аз низоъҳои таҳмилӣ ба шарофати Ваҳдати миллӣ наҷот ёфт. Маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории Истиқлол ва рушди давлатдориамон заминаи воқеӣ гардид, ки тавассути он бо ибтикороти дурандешонаи Сарвари давлат Ватани азизамон бо дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ муваффақ гашт то ва ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Тавре ҳамагон  ба хубӣ дарк менамоем, Ваҳдати миллӣ ба худшиносии воқеӣ иртиботи ногусастанӣ дорад, зеро дарки ягонагии забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, иқтисодӣ ва ватандорӣ ба худшиносии устувори афроди кишвар заминаи боэътимодро фароҳам меоварад.

Ҷаҳони имрӯзаи башарӣ – ҷаҳони бархӯрди тамаддунҳо, ҷаҳони аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ғасб кардани кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодию фарҳанги ақибмонда, ҷаҳони мубориза тавассути васоити иттилоотӣ ва шабакаи интернетӣ аст ва  давлатҳои хурд ногузир аз ин арзишҳо  бояд бархурдор бошанд, зеро тамоми мушкилоти дохилии ин гуна кишварҳо  новобаста аз  ҷойгиршавиашон,  раванди муосирро барои  худ  касб менамоянд. Яке аз ин воқеаҳои хеле арзишманду таърихӣ барои нигоҳ доштани амнияти миллӣ, забон, тамомияти арзӣ, ва асолати динию  нажодии хеш дар замони ҷаҳоншумулӣ шудан, ин дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки он дар таърихи сад соли тоҷикон беназир аст.

Чун мо дар зинаи таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон қарор дорем, пас бояд дар қаъри дил  ҷой додани мафҳумҳое, ба монанди наҷоти миллӣ, забони миллӣ, фарҳанги миллӣ, иқтисоди миллӣ, асъори миллӣ, моли миллӣ, бозори миллӣ, кадрҳои миллӣ ва ғайра бикӯшем.Сатҳи саводнокӣ, ҷаҳонбинӣ, маданият (сиёсӣ, ҳуқуқӣ) ва руҳияи миллиро бояд густариш ва тавсеа бахшем. Барои ин, мо – мардуми Тоҷикистонро лозим аст, ки аз фарҳангу маънавиёти гузашта сабақ омӯзем ва кулли мардумро дар роҳи хештаншиносию худогоҳӣ ва эҳёи фарҳанги ориёиву исломӣ тарбия ва ҳидоят намоем, зеро эҳёи тафаккури миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддуни ориёиву исломӣ ва дар заминаи он эҳёи фарҳангу тамаддуни муосири миллати тоҷик воситаи муҳиму муассири худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ташаккули рушди ҷаҳонбинии нави ваҳдати миллӣ буда,  халқу миллатро ба ваҳдату ягонагӣ ва шукуфоиву бунёдкорӣ хоҳад расонд. Месазад тазаккур диҳем, ки кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷоди фазои орому осуда дар ҷаҳон ва минтақа дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва ин иқдомот дар самти номбурда арзишманд мебошад.

Гузашта аз ин,  дар мавриди кунунӣ барои башарият ки зиёда аз  ҳашт  миллиард инсонҳоро фарогир асту ҷомеаи даҳмиллионаи Тоҷикистон низ дар ин резишгоҳи  башарият ворид меояд, ба тамоми он  мушкилоте, ки аҳли башар мувоҷеҳ аст, тоҷику тоҷикистониён низ аз ин мушкилот вораста нест.

Аз ин нигоҳ шаҳрвандони азизи кишварамонро месазад, ки барои сипарӣ намудани ҳама гуна мушкилоти ба вуқуъ мепайваста аз зиракии сиёсӣ  ва таҳамулгароёнаву дурандешона кор гирифта бошанд, то ҷойгоҳи муқаддасу мунаввари ҳазорсолаҳои худро, ки дар ҳасраташ падарону гузаштагонамон об дар чашму алам дар дил доштанд, ҷомаи амал пӯшонида бошем.

Рамазонӣ Давлатов,
котиби матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед